ИНТИХОБОТ-2020. Ба нозирони миллӣ тавсия дода шуд, ки ҳангоми баргузории ин маъракаи муҳими сиёсӣ фарҳанги баланди муносибату муоширатро риоя намоянд

0
139

ИНТИХОБОТ-2020. Ба  нозирони миллӣ тавсия дода шуд, ки ҳангоми баргузории  ин маъракаи муҳими сиёсӣ  фарҳанги баланди муносибату муоширатро риоя намоянд

ДУШАНБЕ, 27.02.2020 /АМИТ «Ховар»/. Ба нозирони  миллӣ  аз ҷониби Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Хуҷанд  дастур дода шуд, ки дар рӯзи интихобот бо назардошти риояи талабот барои роҳнамоии интихобкунандагон хизмати софдилона анҷом дода, фарҳанги баланди муносибату муоширатро бо нозирони дигар ҳизбҳои сиёсӣ,  байналмилалӣ ва интихобкунандагон риоя намоянд.

Ин дастур ба онҳо зимни семинари омӯзишӣ, ки дар арафаи баргузории интихоботи вакилон ба Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва маҷлисҳои маҳаллии вакилони халқ дар маҷлисгоҳи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Хуҷанд вобаста ба пешбурди корҳои таблиғотию ташвиқотӣ ҷиҳати омодагии ҳаматарафа ба интихобот доир гардид, дода шуд.

Раиси кумиҷроияи шаҳрии ҳизб Наим Маликисломӣ баён дошт, ки дар давраи ташвиқотию тарғиботии барномаҳои номзадҳо аз Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон интихобкунандагон бо суолу дархостҳои зиёде ба номзадон ва шахсони боэътимоди онҳо муроҷиат карданд.

Аксари  муроҷиатҳои мазкур  вобаста ба саҳм гузоштан дар бартараф намудани  мушкилиҳои дар маҳалҳо ҷойдошта  ва ҳимояи манфиатҳои иҷтимоии сокинон дахл доштанд. Ин далели он аст, ки вазъи иҷтимоии сокинон боло рафта, мардум мехоҳад барои ободии диёр, пешрафту шукуфоии маҳал ҳиссаи арзандаи худро гузорад.

Зикр шуд, ки имрӯзҳо бо роҳнамоии Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода ва Раиси шаҳри Хуҷанд Маъруф Муҳаммадзода бо мақсади истиқболи сазовори ҷашни 30- солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон сохтмони 510 иншооти гуногун ба нақша гирифта шуда, алҳол қариб 240 иншоот мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифтаанд. Давоми соли гузашта зиёда аз 37 километр роҳҳои дохилишаҳрӣ пурра асфалтпӯш карда шуданд, ки дар татбиқи  ин нақшаву ниятҳои хайр ва бунёдкориву созандагӣ, пешрафту шукуфоии мамлакат ва шаҳр саҳми ҳизбиён низ калон аст.

Источник: khovar.tj