ИНТИХОБОТ-2020: 10 феврал ҳайати мушоҳидони Кумитаи иҷроияи ИДМ дар Тоҷикистон ба кор оғоз мекунад

0
122

ИНТИХОБОТ-2020: 10 феврал  ҳайати мушоҳидони Кумитаи иҷроияи ИДМ дар Тоҷикистон ба кор оғоз мекунад

ДУШАНБЕ, 07.02.2020 /АМИТ «Ховар»/. Бо даъвати Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон 10 феврал ҳайати мушоҳидони Кумитаи иҷроияи ИДМ мушоҳидаи  ҷараёни омодагӣ ва  баргузории интихоботи вакилони Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистонро, ки 1 марти соли равон доир мешавад, оғоз менамоянд. Дар ин бора АМИТ «Ховар» бо истинод ба хадамоти матбуоти Кумитаи иҷроияи ИДМ иттилоъ медиҳад.

Ҳайат то 3 март фаъолият намуда, вазифаҳои худро тибқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ба роҳ монда, бо назардошти соҳибихтиёрии давлат ба раванди омодагӣ ва гузаронидани маъракаи интихобот ба таври шаффоф баҳо медиҳад. Кори мушоҳидон мустақиман дар шаҳрҳою вилоятҳо ташкил карда мешавад, ки ин ба онҳо имконият медиҳад, то бо комиссияҳои маҳаллии интихобот пайваста дар тамос бошанд ва пахши маъракаи интихоботро дар ВАО назорат кунанд. Ҷузъҳои муҳимтарини ҷараёни мушоҳида вохӯриҳои шахсӣ бо номзадҳо ба вакилӣ, роҳбарони ҳизбҳои сиёсӣ, намояндагони расмии мақомоти давлатӣ ва нозирон мебошанд.

Тавре АМИТ «Ховар» қаблан иттилоъ дода буд, 5 феврал таҳти роҳбарии Раиси КМИР Ҷумҳурии Тоҷикистон Бахтиёр Худоёрзода ҷаласаи Комиссия доир гардид, ки дар он масъалаҳои муҳими раванди омодагӣ ба интихоботи вакилони Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон мавриди баррасӣ қарор гирифт.

Дар ҷаласа зикр гардид, ки яке аз масъалаҳои муҳими раванди омодагӣ ба интихобот- ин масъалаи бақайдгирии рӯйхати номзадҳо ба вакилии Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳавзаи ягонаи умумиҷумҳуриявии интихобот ба ҳисоб меравад.

Аз ин рӯ Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсӣ дар доираи муҳлатҳои пешбинигардидаи моддаи 35 Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи интихоботи Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон», пас аз омӯзиши ҳаматарафаи ҳуҷҷатҳои пешниҳоднамудаи ҳизбҳои сиёсӣ бо қарорҳои дахлдори худ рӯйхати номзадҳоро ба қайд гирифт:

Ҳизби Аграрии Тоҷикистон дар ҳайати 13 нафар,

Ҳизби Сотсиалистии Тоҷикистон дар ҳайати 5 нафар,

Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар ҳайати 26 нафар,

Ҳизби Ислоҳоти Иқтисодии Тоҷикистон дар ҳайати 7 нафар,

Ҳизби Демократи Тоҷикистон дар ҳайати 4 нафар,

Ҳизби Сосиал-Демократи Тоҷикистон дар ҳайати 5 нафар,

Ҳизби Коммунистии Тоҷикистон дар ҳайати 5 нафар.

Ба ғайр аз ин, дар ҷаласа қарори Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсӣ дар бораи аккредитатсияи ҳайати нозирони байналмилалӣ аз Кумитаи иҷроияи Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил дар ҳайати 8 нафар ва аз Ҷумҳурии Беларус дар ҳайати 2 нафар қабул гардид.

 

Источник: khovar.tj