ИНТИХОБИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ БА МАҚОМИ РАИСИ МАҶЛИСИ МИЛЛӢ – РӮЙДОДИ МУҲИМИ СИЁСӢ ДАР КИШВАР. Таҳлили сиёсӣ ва мазмунии сиёсатшинос Абдуллоҳи Раҳнамо

0
58

ИНТИХОБИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ  БА МАҚОМИ РАИСИ МАҶЛИСИ МИЛЛӢ – РӮЙДОДИ МУҲИМИ СИЁСӢ ДАР КИШВАР. Таҳлили сиёсӣ ва мазмунии сиёсатшинос Абдуллоҳи Раҳнамо

ДУШАНБЕ, 28.04.2020 /АМИТ «Ховар»/. «Ба вазифаи Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон интихоб  гардидани  Рустами Эмомалӣ яке аз муҳимтарин рӯйдодҳои ҳаёти сиёсии мамлакат дар соли ҷорӣ буда, таваҷҷуҳи васеъи мардум ва доираҳои сиёсии дохилӣ ва хориҷиро ба худ ҷалб кардааст. Аммо чун рӯзҳои нахуст ҳамеша айёми баёни табрикот,  эҳсосот ва вокунишҳои аввалия мебошад, андаке фурсат лозим омад, то фазои иттилоотӣ барои шунидани сухани оромтар ва таҳлили ҷиддитар мусоид гардад.  Аз сабаби он, ки дар таърихи давлатдории муосири мо ин интихоб, пеш аз ҳама,  рӯйдоди сиёсист, он бояд маҳз мавриди таҳлили сиёсӣ ва сиёсатшиносӣ қарор дода шавад», — навиштааст сиёсатшинос Абдуллоҳи РАҲНАМО зимни як нигориши таҳлилӣ.

Матни пурраи онро дар зер пешниҳоди хонандагон менамоем.  

 Чаро рӯйдоди сиёсӣ ва чаро таҳлили сиёсӣ?

Шахсияти Рустами Эмомалӣ ҳанӯз аз оғози зуҳури худ дар саҳнаи умумӣ мавриди таваҷҷуҳи васеи мардумӣ ва сиёсӣ қарор дошт, зеро дар тамоми ҷаҳон Роҳбари давлат ҳамеша объекти таваҷҷуҳи сиёсӣ буда, фаъолияти наздикону пайвандони ӯ низ ҳамеша таваҷҷуҳи васеи сиёсию иттилоотиро ҷалб менамоянд. Дар канори ин, худи фаъолияти амалгароёна, дидгоҳи навоварона ва раванди рушди таҷрибаи идории ӯ дар зинаҳои гуногуни хидматӣ низ ҳамеша мавриди таваҷҷуҳи умумӣ қарор доштанд.

Дар ин раванди такомулӣ, хусусан ба вазифаи Раиси шаҳри Душанбе таъйин шудани Рустами Эмомалӣ илова бар симои муосири идорӣ, чеҳраи амалгарои сиёсии ӯро низ бештар муаррифӣ ва дар зеҳни ҷомеа устувор намуд. Зеро дар давраи роҳбарии ӯ дар пойтахти кишвар таҳаввулоти мусбати ҳам зерсохторӣ ва ҳам имиҷиологие рух доданд, ки дар тамоми сатҳҳои ҷомеа ба таври мусбат арзёбӣ ва пазируфта шуданд.

ИНТИХОБИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ  БА МАҚОМИ РАИСИ МАҶЛИСИ МИЛЛӢ – РӮЙДОДИ МУҲИМИ СИЁСӢ ДАР КИШВАР. Таҳлили сиёсӣ ва мазмунии сиёсатшинос Абдуллоҳи Раҳнамо

Сиёсатшинос Абдуллоҳи Раҳнамо

Аммо интихоб ба вазифаи Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон акнун шахсияти Рустами Эмомалиро ҳам ба маънои ҳуқуқӣ ва ҳам ба маънои амалӣ дар мақоми чеҳраи сиёсӣ ва бахше аз сохтори олии сиёсию идории мамлакат қарор дод. Зеро ҳам аз назари мақоми конститутсионии ин вазифа ҳамчун «мақоми дуюми сиёсии кишвар» ва ҳам аз назари нақши функсионалии ин мақом ҳамчун «роҳбари ҳокимияти қонунгузори мамлакат» дар низоми давлатдории муосири Тоҷикистон Раиси Маҷлиси миллӣ ба тамоми маънояш вазифа ва шахсияти сиёсӣ ба ҳисоб меравад. Илова бар ин, баррасии дурнамои ин раванд ва робитаи он ба масъалаҳои усулие чун ҳифз ва устувории низоми сиёсии давлатдорӣ аҳаммияти давлатию сиёсии ин масъаларо боз ҳам болотар мебарад. Бинобар ин, интихоби Рустами Эмомалӣ ба вазифаи Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҳар ҷиҳат рӯйдоди муҳимми сиёсӣ дар миқёси кишвар ва низоми идоракунии давлат буда, маҳз дарк ва таҳлили ҷомеъи сиёсӣ ва сиёсатшиносиро талаб мекунад.

Аз ин рӯ, на дидгоҳҳои арзишманди дар доираи категорияҳои технократӣ, ислоҳталабӣ ва анъанавию фарҳангӣ шарҳ додани мавзӯъ(1), на талошҳои самимии бо эҳсосоти ихлосмандона ифода намудани масъала(2) ва бештар аз ҳама, на шарҳҳои муғризонаи дар сатҳи мафҳумҳои моддию дарборию оилавӣ тафсир кардани он(3) наметавонанд моҳияти сиёсии ин рӯйдоди муҳимми сиёсиро барои таърих дуруст шарҳ диҳанд. Зеро ин масъала барои низоми сиёсии Тоҷикистон ва рушди давлатдории миллии мо маъно ва аҳаммияти басе васеътар аз муфҳуму категорияҳои зикршуда дорад.

Аҳаммият ва моҳияти ин интихоб дар чист?

Аз назари давлатӣ ва сиёсӣ, нуктаи асосӣ, моҳият ва аҳаммияти интихоби Рустами Эмомалӣ ба вазифаи Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар он аст, ки ин тағйирот бояд се масъалаи усулии давлатдории муосири мо, яъне устувории ояндаи низоми сиёсӣ(1), пайванд ва интиқоли солими наслҳои сиёсӣ(2) ва идомаи солими мактаби сиёсиро(3) маҳз дар доираи манфиатҳо ва стратегияи рушди давлатдории миллӣ ба таври зарурӣ ҳал намояд. Албатта, дар вазъияти имрӯзаи сиёсию идории Тоҷикистон ин се масъала ҳоло мушкилаи доғи рӯз нестанд ва шояд на ҳамагон аҳаммияту ҳассосияти онро эҳсос намоянд, аммо дар як нигоҳи оянданигарӣ, дар раванди рушди давлатдории миллии мо маҳз онҳо омилҳои кафолатдиҳандаи солимии ин раванд хоҳанд буд.

Аҳаммияти аввал, яъне таъмини устувории ояндаи низоми сиёсӣ, ба он маъност, ки дар ҳудуди се даҳсолаи охир зери роҳбарии Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон низоми сиёсии Ҷумҳурии Тоҷикистон марҳилаҳои гуногуни рушду такомули худро тай карда, имрӯз ба як низоми мукаммали сиёсию идории давлатӣ табдил шудааст. Ин низоми сиёсӣ ҳам аз ҷиҳати сохторӣ ва ҳам аз назари мазмунӣ ба сатҳи як организми том, мавзун ва босалоҳият расида, аз назари манфиатҳои миллӣ худ ба яке аз сарватҳо ва дастовардҳои муҳимтарини давлатдории муосири мо табдил гаштааст. Бинобар ин, нигоҳдории устувории худи низоми сиёсӣ на танҳо як зарурати идорӣ, балки як рисолати давлатӣ, миллӣ ва таърихӣ мебошад.

Устувори низоми сиёсӣ дар раванди рушди давлатдорӣ сифатест, ки низоми сиёсӣ дар моҳият, фаъолият ва дурнамои худ ҳолати нигаронӣ, осебпазирӣ, шиканандагӣ ва муваққатӣ эҳсос накарда, бо камоли осоиш таваҷҷуҳ, зарфият ва нерӯи худро ба ҳалли масъалаҳои бунёдии сиёсӣ, иҷтимиоӣ, иқтисодӣ ва фарҳангӣ равона месозад. Яъне, ин вазъият низоми сиёсиро ҳам аз эҳтимоли таҳдидҳои шиканандаи сохторӣ ва ҳам аз ҳолати интизории ҳамешагии тағйироти амиқи радикалӣ берун нигоҳ дошта, ба муҳити дохилии фазои сиёсӣ амнияти зеҳнӣ мебахшад. Дар чунин ҳолат, доираҳои сиёсӣ, ҷомеаи шаҳрвандӣ ва мардуми оддӣ низ бе эҳсоси нигаронӣ аз эҳтимолиятҳои гуногун, дар пайи фаъолиятҳои созандаи ҷории худ хоҳанд буд.

Дар шароити устувории низоми сиёсӣ аз сиёсатмадор то сармоягузор ва аз соҳибкор то паймонкор эҳсоси эътимод намуда, ба ин восита, барои таваҷҷуҳи хотирҷамъона ба рушди кишвар ва нукӯаҳволии ҷомеа, ки масъалаи асосии замон аст, фурсат ва нерӯи фаровон фароҳам мешавад. Гарчӣ вобаста ба моҳияти низоми сиёсӣ(1), хусусияти марҳилаи таърихии рушд(2) ва навъи низоми арзишии ҳар ҷомеа(3) пояи таъминкунандаи устувории низоми сиёсӣ метавонад гуногун бошад, аммо дар диди амалгароёна ё прагматикӣ, худи устувории низом барои рушду бақои ҳар давлат як арзиш ва нишондиҳандаи ҳаётӣ ба шумор меравад.

Аз ин нигоҳ, бо интихоб шудан ба вазифаи Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии кишвар, Рустами Эмомалӣ ҳамчун кафили дурнамои устувори низоми сиёсӣ ин нақшро ҳам дар стаҳи ҳуқуқӣ ва ҳам дар сатҳи сиёсӣ ифо мекунад. Ифои ин рисолат дар сатҳи ҳуқуқӣ ба он маъност, ки дар механизми қонунии ташаккули қудрати сиёсӣ дар Тоҷикистон, худи нақши конситутсионии Раиси Маҷлиси миллии МО ҶТ як нақши кафолатдиҳандаи ҳамин устувории низом буда, аз ҷумла дар ҳолатҳои истисноӣ масъулияти кафолати маҳз дар чорчӯби қонун идома ёфтани ҳама гуна таҳаввулоти қудрати сиёсиро ба дӯш дорад. Дар таҷрибаи давлатсозӣ ин рисолати ҳокимияти қонунгузор ҳатто дар ҳолатҳои оддӣ низ аз назар берун набуда, фалсафаи дар аксари кишварҳои демократии ҷаҳон дар фосилаи байни ҳам танзим шудани интихоботҳои президентӣ ва парламентӣ низ дар ҳамин аст, то дар ҳеҷ сурат дар низоми сиёсӣ холигии қудрат ба вуҷуд наояд. Ифои ин рисолат дар сатҳи сиёсӣ ба он маъност, ки Рустами Эмомалӣ ҳамчун шахсияти сиёсӣ худ бахше аз ин низоми сиёсӣ ё парварда ва маҳсули сиёсии бевоситаи он буда, дар ҳар сурат ҳифзи пояҳои онро ҳамчун низоми ташаккулёфтаи идорию сиёсӣ кафолат медиҳад.

Бояд таъкид намуд, ки ин ду омили зикршуда на танҳо барои элитаи сиёсии Тоҷикистон, балки ҳам барои умуми ҷомеа ва ҳам барои шарикони байналмилалии кишвар эътимоди амалӣ мебахшад. Ин аст, ки аз назари сиёсӣ, паёми аввали интихоби Рустами Эмомалӣ дар ин мақоми калидии сиёсӣ маҳз ҳамин кафолати устувории ояндаи низоми сиёсии давлат дар Тоҷикистон ва эътимодбахшии дохилӣ ва хориҷӣ ба ҳифзи ин устуворӣ мебошад.

Аҳаммияти дуюми ин интихоб таъмин намудани пайванд ва интиқоли солими наслҳои сиёсӣ дар раванди таърихию сиёсии кишвар аст. Ин мафҳум басе васеътар аз масъалаи механикии «интиқоли қудрат» аст, ки бештари таҳлилгарони сатҳӣ ба он таваҷҷуҳ намудаанд. Зеро пайванду интиқоли солими наслҳои сиёсӣ танҳо ҳолати ҳуқуқӣ ва биологии гузори масъулияти идоракунии сиёсӣ аз насл ба насли дигар набуда, балки, пеш аз ҳама таъмини ҳузури насли ҷавони миллат дар раванди муосири сиёсӣ ва ҷамъиятӣ ва ба ин восита, ташаккули мавқеи давлатдоронаи онҳо ва низ таъмини нерӯ ва рӯҳияи рушдёбанда барои низоми сиёсӣ мебошад. Бинобар ин, дар чунин назария насли ҷавон на «пас аз насли имрӯз», балки «дар канори насли имрӯз» қарор мегирад, то пайванди солими фикрию сиёсии он бо насли ҷорӣ таъмин гардад.

Ин аст, ки сиёсати давлатии Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон худ моҳияти ҷавонмеҳвар дошта, имрӯз дар тамоми бахшҳои сиёсию идории мамлакат ба ҷавонон нақши муҳимму марказӣ дода мешавад. Дар кишваре, ки ҳудуди 80% аз аҳолии он то 40-сола аст, ин шеваи амалгароист, зеро дар ҳолати аз баданаи низоми сиёсӣ ҷудо монадани ин нерӯи бузург, он ё барҳадар рафта ва ё мавриди истифода дар муқобили манфиатҳои ҷомеа қарор мегирад. Бинобар ин, ҳоло ҳар интихоботи марказию маҳаллӣ, ҳар таъйиноти кадрӣ, ҳар мулоқоту озмуну ҳамоиш мавҷ-мавҷ ҷавонони фаъолро вориди саҳнаи умумӣ ва сиёсӣ сохта, ҳамчун пиллаҳои муносиби иҷтимоӣ боиси ташаккули насли ҷавоне мегарданд, ки чун бахши унсурии ин низоми сиёсӣ дар тамоми арсаҳо нақш ва мавқеъи фаъол мегиранд.

Аз ин нигоҳ, интихоби Рустами Эмомалӣ ҳамчун намояндаи ин насли фаъол ба вазифаи баланди Раиси Маҷлиси миллии кишвар ин воқеияти ҷомеаро ифода карда, ҳамқадам бо ӯ як насли томми фаъолони сиёсию иҷтимоӣ ва мудирони навтаҳсилу навовар вориди раванд мегарданд. Аз ин рӯ, ин интихоб ба насли ҷавони кишвар рӯҳу эътимоди қавӣ бахшида, онҳоро дар ҳошия, дар интизори ояндаи дур намегузорад, балки зиндагии имрӯзи онҳоро мазмуни сиёсӣ ва ҷамъиятӣ мебахшад. Табиист, ки вуруди онҳо боиси вуруди ҳазорон бозу, андеша, тарҳ, ташаббус, дид ва навоварӣ дар раванди рушди кишвар мегардад.

Дар ин баҳс, аҳаммияти маҳз дар садри ҳокимияти қонунгузор қарор гирифтани Рустами Эмомалӣ бояд ба таври ҷудогона таъкид шавад. Зеро, бо тавофут аз давраҳои пешин, таркиби даъвати нави палатаҳои парламенти Тоҷикистон, ки дар натиҷаи интихоботи парлумонии соли 2020 шакл гирифтааст, хеле ҷавон, фаъол, фарогир, соҳибмаърифат, касбӣ ва тахассуситар буда, ин ҳолат ҳатто аз тарафи мунаққидони ҳамешагии фаъолияти порлумон эътироф гаштааст. Аз ин назар, интихоби роҳбари ҷавон, пеш аз ҳама метавонад ҳамин ҳолати сифатан нави таркиби коргузорони ҳокимияти қонунгузори кишвар ва оғози марҳилаи нави таърихи ташаккули онро ифода намояд.

Аммо аз назари амалӣ, омили боз ҳам муҳимтар ин аст, ки омадани роҳбар ва нерӯи ҷавон ҳам ба фаъолшавии ҷойгоҳи ҳокимияти қонунгузор(1), ҳам ба шаффофияти раванди қонунгузорӣ(2) ва ҳам ба рӯҳу мазмуни қонунҳои қабулшаванда(3) таъсири бисёр мусбат гузошта, умедҳоро барои ислоҳи навъе ҳолати камрангии бардавоми порлумонӣ низ тақвият мебахшад(4). Ифои чунин нақш аз тарафи Рустами Эмомалӣ ва насли нави вакилону сиёсатмадорон дар умум боз ҳам ба нафъи такмилу тақвияти низоми сиёсии давлатдорӣ хоҳад шуд.

Аз назари сиёсӣ бошад, вуруди ин насли давлатмеҳвар ба раванди амалии идориву сиёсии кишвар ояндаи худи равнади сиёсиро низ боварибахш сохта, эътимоди насли имрӯзро низ дар масъалаи соҳибони воқеии худро ёфтани сарнавишти ояндаи давлату миллат қавӣ месозад. Бинобар ин, таъмини пайванду интиқоли солими наслҳои сиёсӣ дар раванди сиёсӣ масъалаи муҳимм ва сарнавиштсози ҳар давлатдорист ва ояндаи рушди сиёсии кишвар ба таъмини саломат ва фарогирии ин раванд вобстагии ҷиддӣ хоҳад дошт.

Аҳаммияти сеюм ва басе муҳимтари интихоби Рустами Эмомалӣ ба вазифаи Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олиии Ҷумҳурии Тоҷикистон таъмини идомаи солими мактаби сиёсист. Яъне, насли ҷавоне, ки дар ин марҳила вориди раванди сиёсӣ мешавад, на танҳо ҳамчун ҳаҷми азими нерӯ ва насли салими ояндасоз, балки маҳз ҳамчун парвардаву идомадиҳандаи мактаби давлатдории миллии муосири тоҷикон аҳаммият махсус дорад.

Дар ин масъала бояд аввал зикр кард, ки сухан аз кадом мактаби сиёсӣ меравад. Тавре дар навиштаҳои пешин борҳо ба таври муфассал шарҳ кардаем, дар ҳудуди се даҳсолаи охир зери роҳбарии Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Тоҷикистон мактаби нодири сиёсӣ ва давлатдорӣ шакл гирифтааст. Ин мактаб зина ба зина такомул ёфта, то имрӯз асосҳои назарӣ, уфуқҳои ормонӣ, низоми арзишӣ, чорчӯбҳои ҳуқуқӣ, анъанаҳои меъёрӣ, ҳадафҳои стратегӣ ва авлавиятҳои рушди минбаъдаи он пурра шакл гирифтаанд.

Муҳимтарин арзишҳои ин мактаб пойбандӣ ба рӯҳияи истиқлолияти миллӣ(1), тафаккури мустақили давлатӣ(2), ифтихори таърихию тамаддунӣ(3), моҳияти демократӣ ва ҳуқуқбунёди давлат(4), дунявияти низоми сиёсӣ(5), низоми мутамаркизу устувори идориву сиёсӣ(6), гароиши иҷтимоии сиёсати давлатӣ(7), татбиқи сиёсати давлатии илммеҳвару маорифпарвар(8), матаъмини ҳамзистии фикрӣ ва ваҳдати миллӣ(9), эҳё ва ҳифзи фарҳангу арзишҳои миллӣ(10), посдорию тақвияти забони миллӣ(11), тарбияти рӯҳияи ватандӯстонаи аҳолӣ(12), кафолати ҳуқуқу озодиҳои шаҳрвандон(13), таъмини зиндагии шарофатмандонаи мардум(14), ҳифзи манфиатҳои миллӣ(15), мавқеи байналхалқии тарққихоҳ(16), пешбурди сиёсати хориҷии бисёрсамта ва сулҳомез(17) ва ғайра мебошад, ки дастёбӣ ба баъзе аз онҳо то имрӯз муяссар гашта, ҳаракати ҳадафманди давлат барои расидан ба баъзеи дигар идома дорад. Аммо муҳим ин аст, ки ин маҷмуаи васеи усулҳо(1), арзишҳо(2), бинишҳо(3), меъёрҳо(4), озмудаҳо(5), сабақҳо(6), манфиатҳо(7) ва ҳадафҳо(8) дар раванди пуршӯри давлатсозӣ омезиши мавзун ёфта, дар заминаи онҳо амалия, таҷриба, анъана ва мактаби махсуси сиёсии давлатдорӣ шакл гирифтааст. Аз он ҷо, ки худи Эмомалӣ Раҳмон дар ин раванд на танҳо ҳамчун масъули идории кишвар, балки ҳамчун муҳандиси корзори давлатсозӣ ва муаллифи мактаби давлатдорӣ нақши бунёдӣ ифо кардааст, ин мактабро бе ҳеҷ шубҳа метавон мактаби сиёсӣ ва давлатдории Эмомалӣ Раҳмон номид.

Аҳаммияти ин таҷриба то ҷоест, ки агар дастовардҳои даҳсолаҳои истиқлолиятро ҷамъбаст намоем, шояд яке аз муҳимтарин дастовардҳои мо маҳз ҳамин ташаккули мактаби давлатдории муосири миллӣ бошад. Аммо арзёбии амиқтар нишон медиҳад, ки мавҷудияти чунин мактаб на танҳо сармояи миллист, балки устуворӣ ва идомаи он кафили бақои давлатӣ ва ҳастии миллии мо низ мебошад. Ин аст, ки ҳифз, идома ва такмили ин мактаби давлатдорӣ рисолати муҳимтарини насли нави сиёсатмадорони давлатмеҳвари тоҷик дар симои Рустами Эмомалӣ хоҳад буд.

Бинобар ин, дар чунин раванди муҳимми сиёсию таърихӣ, шахсияти Рустами Эмомалӣ маънои басе васеътар аз фарзанду пайванди Пешвои миллат касб намуда, ҳамчун парвардаи мактаби сиёсии давлатдории ӯ ва ҳамчун кафилу посдор ва идомадиҳандаи арзишҳо, усулҳо ва дастовардҳои ин мактаб зуҳур мекунад. Ба назари банда, муҳимтарин аҳаммияти ин интихоб маҳз ҳамин аст, зеро имрӯз ҳифзу идомаи солими ин мактаби давлатдорӣ ба маънои ҳифзу идомаи худи давлатдории миллии мо мебошад. Бинобар ин, дар чунин шароити ҳассоси сиёсию таърихӣ шояд мо ҳатто ҳуқуқи маънавӣ надошта бошем, ки пайгири тасаввурҳои китобию ормонӣ гашта, нисбат ба сарнавишти давлату миллати худ таваккулу риски сиёсиро раво дорем.

Албатта, зимни анҷоми чунин рисолати таърихӣ, пайванд будан бо Пешвои гиромии миллат омили тақвиятиест, ки аз як тараф пайванду садоқати ин сиёсатмадори ҷавон ба мактаби сиёсии давлатдории Эмомалӣ Раҳмонро таъмин мекунад ва аз тарафи дигар, дастрасии мустақим ба ин хазинаи бузурги таҷриба ва хиради сиёсиро фароҳам оварда, имкони фарогирии бевоситаи сифатҳои инсонӣ ва сиёсии ӯро муҳайё месозад. Ҷойи шубҳа нест, ки мардум, давлат, сиёсат ва таърихи мо ба сифатҳои инсонии Эмомалӣ Раҳмон ҳамчун хоксорӣ, ҳалимӣ, ҷасорат, зиракӣ, мардумгароӣ, ятимпарварӣ ва ғайра ва хислатҳои сиёсии ӯ ҳамчун ватандӯстӣ, ваҳдатсозӣ, фарҳангпарварӣ, ифтихору ғуруи миллӣ, созандагӣ ва ғайра ҳамеша этиёҷ хохад дошт.

Рисолати ояндаи насли нав кадом аст?

Тавре зикр шуд, дар даврони истиқлолият зери роҳбарии муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Тоҷикистон таҷрибаи нодири давлатдорӣ ҳосил гашта, мактаби мукаммали давлатдорӣ шакл гирифта, масъалаҳои асосии давлатдории миллӣ ҳалли худро пайдо намуданд. Дар ин марҳилаи ҳассоси таърихӣ, аз ҷумла давлатдории миллии тоҷикон аз вартаи ҳалокат наҷот ёфт(1), ягонагии ҳудудии кишвар ҳифз карда шуд(2), аркон ва сохтори давлатдорӣ барқарор гаштанд(3), модели давлатдории миллии мусоир шакл гирифт(4), сулҳу ваҳдати миллӣ таъмин карда шуд(5), раванди эҳёи миллӣ самту суръат ёфт(6), буҳрони шадиди иқтисодӣ бартараф гашт(7) ва мақоми устувори байналхалқии Тоҷикистон таъмин карда шуд(8).

Ба ибораи дигар, бо ҳалли худро ёфтани ин масъалаҳои усулии давлатсозӣ, марҳилаи эҳё ва барқарории давлатдории миллӣ ҷамъбаст шуда, Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун воҳиди мустақилли сиёсӣ, ҳамчун воқеияти таърихӣ ва ҳамчун унсури устувори низоми байналмилалӣ ба таври инкорнашаванда ва бебозгашт шакл гирифт. Тоҷикон истиқлолияти сиёсӣ ва давлатдории миллии худро соҳибӣ карданд ва бори дигар ҳамчун миллат дар зинаи давлатдоронаи рушд қарор гирифтанд. Ин на танҳо як комёбии сиёсӣ, балки тантанаи ормонҳои ҳазорсолаи миллӣ ва пирӯзии адолати барҳаққи таърихӣ буд. Дар ин марҳила Эмомалӣ Раҳмон раванди сиёсии давлатсозии муосири тоҷиконро роҳбарӣ ва ба нуктаи кулминатсионии худ расонида, самти ҳаракат ва дурнамои онро муайян ва ҳамвор сохт.

Аз ин назар, Рустами Эмомалӣ ва ҷавонони насли ӯ дар марҳилае вориди сиёсати калон мешаванд, ки Тоҷикистон ҳамчун давлат ба зинаи нави таърихи такомулии худ, яъне ба марҳилаи рушди уствор ворид мегардад, ки он хусусиятҳо ва вазифаҳои комилан хосси худро дорад. Дар шароите, ки масъалаҳои асосии давлатсозӣ ҳалли худро ёфтаанд, дар рӯзномаи сиёсатмадорони насли навин, илова бар мавзӯи ҳифзу тақвияти дастовардҳо, пеш аз ҳама масъалаҳои марҳилаи рушди устувор, аз ҷумла татбиқи стратегияҳои миллии рушди миёнамуддат ва дарозмуддати кишвар(1), модернизатсияи сифатии низоми идоракунии давлатӣ(2), таҳкими ҷойгоҳ ва рушди зарфияти нерӯи инсонӣ (3), татбиқи марҳилаи навини ҳадафҳои ситартегӣ(4), таъмини саноатисозии босуръати кишвар(5), гузор ба модели саноатию кишоварзии рушд(6), суръатбахшии ислоҳоти амиқи иқтисодӣ(7), такмилу модернизатсияи низоми миллии илм(8), маориф(9), тандурустӣ(10) ва ҳифзи иҷтимоӣ(11), кафолати зиндагии шоистаи аҳолӣ(12), танзими шоисати иҷтимоӣ ва ҳуқуқии раванди муҳоҷирати меҳнатӣ(13), тақвияти шоистасолорӣ ва шаффофияти низоми кадрӣ(14), либеразизатсияи низоми андоз ва рушди бахши хусусӣ(15), такмили равиши татбиқи ҳуқуқу озодиҳои фардӣ(16), коркарду татбиқи шеваҳои муассири мубориза бо фасод(17)… ва даҳҳо масъалаҳои дорои хусусияти иноватсионӣ қарор мегиранд. Масъалаҳое, ки то имрӯз Пешвои миллат чун мудири ботадбири раванди сиёсӣ ва таърихӣ барои вуруд ба марҳилаи нави рушд дар назди давлату ҳукумати кишвар давра ба давра гузоштааст.

Яъне, дар ин марҳилаи рушди худ Тоҷикистон бо ҳадафу вазифаҳое рӯбарӯ мебошад, ки ҳалли муваффақонаи онҳо на танҳо вазъияти иқтисодиву иҷтимоии кишварро ба куллӣ тағйир медиҳад, балки сифати зиндагии шаҳрвандонро низ дигар карда, ҷойгоҳи байналмилалии кишварро аз рӯи тамоми шохисҳои иқтисодию сиёсӣ ба зинаи комилан нав боло мебарад. Табиист, ки дар маркази таваҷҷуҳи чунин рушд бояд маҳз омили инсонӣ, бо маҷмуаи мутавозини ниёзҳои моддӣ, маънавӣ, ҳуқуқӣ ва сиёсии худ қарор гирад.

Хулоса, ин насли сиёсатмадорон на танҳо масъулияти таъмини пайванди ду насли сиёсӣ, балки масъулияти таъмини пайванди ду фасли таърихии давлатдории моро низ ба дӯш доранд. Аз ин рӯ, на танҳо рисолати миллию таърихӣ, балки формулаи комёбии насли нави сиёсатмадорони тоҷик маҳз аз таъмини пайванд ва тавозуни аслҳои ҳаётие чун ҳифзи дастовардҳои усулии марҳилаи эҳё ва барқарории давлатдории миллӣ(1) ва ҳалли масъалаҳои бунёдии марҳилаи рушди устувори кишвар(2) иборат мебошад. Зеро дар чунин раванди ҳассос, ки дар он сарнавишти давлату миллат рақам мехӯрад, на консерватизми муҳофизакорона ва на модернизми босуръат ба танҳоӣ коромад ва судманд нахоҳанд буд.

***

Ҳамин тавр, бинобар мақоми ҳуқуқӣ ва ҷойгоҳи сиёсии вазифаи Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар низоми сиёсии кишвар, интихоби Рустами Эмомалӣ ба ин вазифа як силсила масъалаҳо ва нигарониҳои сиёсиро ба сатҳи дуюм бурда, шахсияти ӯро ҳамчун рамзи пайванд ва кафолати заруратҳои ҳаётие чун таъмини устувории ояндаи низоми сиёсӣ(1), мудовимати солими наслҳои сиёсӣ(2), идомаи солими мактаби давлатдории миллӣ(3) ва таъмини рушди устувори кишвар(4) ба омили эътимодбахшу суботофари сиёсӣ табдил менамояд. Чунин эътимодбахшии вазъият сатҳи чолишҳо ва таҳдидҳои сохтории дохилӣ ва хориҷӣ ба низоми сиёсиро низ коҳиш дода, барои таъмини ояндаи қобили пешбинии раванди сиёсӣ ва рушди устувори кишвар дар марҳилаи навин заминаи пойдор фароҳам месозад. Ин аст моҳияти сиёсии ин интихоб ва ин аст фаҳмиши банда аз аҳаммияти давлатию сиёсии он.

 

Абдуллоҳи РАҲНАМО,
сиёсатшинос

Источник: khovar.tj