Имсол барои гирандагони Стипендияи байналмилалии Президенти Тоҷикистон «Дурахшандагон» 33 ҷой муқаррар гардидааст

0
188

Имсол барои гирандагони Стипендияи байналмилалии Президенти Тоҷикистон «Дурахшандагон» 33 ҷой муқаррар гардидааст

ДУШАНБЕ, 30.04.2020. /АМИТ «Ховар»/. Муассисаи давлатии «Маркази барномаҳои  байналмилалӣ»-и Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон  қабули ҳуҷҷатҳоро барои таҳсил дар муассисаҳои таҳсилоти олӣ ва илмии давлатҳои хориҷӣ аз рӯи зинаҳои гуногун барои соли таҳсили 2020-2021 имсол бештар намудааст. Ҳукумати  Ҷумҳурии Тоҷикитон як зумра имкониятҳо фароҳам овардааст, то донишҷӯён тавонанд дар кишварҳои гуногун таҳсил гирифта, барои ободии Ватани хеш саҳм гузоранд.

Ягона муассисае, ки дар мамлакат ҷиҳати тайёр намудани кадрҳои баландихтисос дар хориҷа барои рушди иқтисодиёти миллӣ саҳм мегузорад, Муассисаи давлатии «Маркази барномаҳои байналмилалӣ»-и Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад. Он бо ташаббус ва ғамхориҳои пайвастаи Пешвои миллат бо мақсади рушди неруи зеҳнии инсонӣ, тайёр намудани кадрҳои баландихтисос ва омӯзиши таҷрибаи ҷаҳонӣ дар асоси қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 2 апрели соли 2009 таъсис ёфта, фаъолият менамояд. Марказ мутобиқи банди 5 қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 2 апрели соли 2009, «Дар бораи таъсиси Стипендияи байналмилалии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон» уҳдадор шудааст, ки якҷоя бо Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳсили шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистонро дар давлатҳои хориҷӣ назорат намояд. Маркази мазкур тибқи се барнома шаҳрвандони ҷумҳуриро дар зинаҳои гуногуни таълим ба таври ройгон дар муассисаҳои таҳсилоти олӣ ва илмии хориҷи мамлакат ба таҳсил фаро мегирад.

-Интихоби донишҷӯён, магистрҳо, аспирантҳо, докторантҳо ва унвонҷӯёни арзандаю болаёқат барои таҳсил дар муассисаҳои таълимӣ ва илмии давлатҳои хориҷӣ тибқи банди 3 Низомномаи  Стипендияи байналмилалии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дурахшандагон» салоҳияти Комиссияи ҷумҳуриявӣ оид ба интихоб ва тайёр намудани кадрҳо дар муассисаҳои таълимӣ ва илмии давлатҳои хориҷӣ мебошад.

-Низомномаи Стипендияи байналмилалии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дурахшандагон» бо Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 2 августи соли 2008, ки бо мақсади дастгирии шахсони лаёқатманд ва бо назардошти талаботи иқтисодиёти миллӣ тайёр намудани мутахассисон дар муассисаҳои таълимӣ ва илмии давлатҳои хориҷӣ дар зинаҳои гуногун тасдиқ шудааст.

-Вазорату идораҳои дахлдор номгӯи ихтисосҳои барои иқтисодиёти ҷумҳурӣ заруриро ба Комиссияи ҷумҳуриявӣ оид ба интихоб ва тайёр намудани кадрҳо дар муассисаҳои таҳсилоти олӣ ва илмии давлатҳои хориҷӣ пешниҳод менамоянд. Ҳар як нафаре, ки соҳиби стипендияи мазкур мегардад, аз ҳисоби фонди махсуси Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон барои таҳсил, истиқомат, хизматрасонии тиббӣ, роҳкиро ва стипендияи ҳармоҳа маблағгузорӣ карда мешавад. Инчунин ӯ баъд аз хатм бояд ба ҷумҳурӣ баргашта, аз  рӯи  ихтисосаш  дар муассисаҳои  давлатӣ на кам аз 5 сол фаъолият намояд. Таъйини мутахассисони ҷавоне, ки тибқи квотаҳои давлатӣ ва ё роҳхати мақомоти давлатӣ мактабҳои олиро хатм кардаанд, ба мансабҳои категорияи ҳафтум маротибаи аввал бе озмун  сурат мегирад.

Аз ҷониби раиси Комиссияи ҷумҳуриявӣ оид ба интихоб ва тайёр намудани кадрҳо дар муассисаҳои таҳсилоти олӣ ва илмии  хориҷи мамлакат, муовини Сарвазири мамлакат дар соли таҳсили 2020-2021 тибқи стипендияи мазкур 33 ҷой дар зинаҳои гуногуни таҳсил тасдиқ шудааст. Айни замон бақайдгирии довталабон ҷиҳати иштирок дар озмун барои ин стипендия идома дорад.

Созишномаҳои байниҳукуматӣ имконияти дигари тайёр намудани мутахассисони ба иқтисодиёти ҷумҳурӣ зарурӣ дар хориҷи мамлакат мебошанд. Тибқи барномаи мазкур, шаҳрвандони мо метавонанд дар давлатҳое, ки бо ҷумҳурии мо дар соҳаи маориф ҳамкорӣ ба роҳ мондаанд, таҳсил намоянд. Масалан, ҳамасола аз ҷониби Ҷумҳурии Мардумии Чин, Қирғистон, Қазоқистон, Беларус, Украина, Федератсияи Россия, Озарбойҷон, Кувайт ва имсол аввалин маротиба аз тарафи Руминия, Австрия ва Венгрия бурсияҳои таҳсилӣ ба шаҳрвандони ҷумҳурӣ пешниҳод гардиданд. Тариқи бурсияҳои мазкур таҳсил ва истиқомат ройгон буда, стипендияи ҳармоҳа пардохт карда мешавад. Озмуни бурсияҳои таҳсилӣ тибқи созишномаҳои байниҳукуматӣ аз тарафи намояндагии давлатҳои дар боло зикргардида сурат мегирад.

— Шартномаҳои байниидоравӣ. Марказ тибқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи санадҳои байналмилалӣ» ва тибқи оинномаи худ ҳуқуқ дорад, ки бо донишгоҳои хориҷи мамлакат шартномаи ҳамкорӣ барои таҳсили шаҳрвандон ба имзо расонад. Тибқи ин барнома, шаҳрвандони ҷумҳурии мо имконияти ба тариқи буҷавӣ таҳсил намудан, таъмини хобгоҳ ва стипендияи ҳармоҳаро дар донишгоҳҳое, ки бо Марказ шартномаи ҳамкорӣ доранд, пайдо мекунанд ва Марказ бо зиёда аз 125 донишгоҳҳои хориҷи мамлакат  тибқи ин барнома ҳамкорӣ ба роҳ мондааст. Озмуни ин бурсияҳо аз ҷониби намояндагони донишгоҳҳои ҳамкор баргузор карда мешавад. Бо даъвати Марказ намояндагони донишгоҳҳо ҳамасола дар ноҳияҳо ба хотири дастрас будани имкониятҳои таҳсил дар хориҷа озмунҳоро баргузор менамоянд. Соли гузашта тибқи ин барнома аз ҷониби донишгоҳҳои ҳамкори хориҷӣ 3500 нафар шаҳрвандони ҷумҳурӣ ройгон ба таҳсил фаро гирифта шудаанд, ки ба буҷаи оилавии ин донишҷӯён сарфаи хеле хуб аст, чунки маблағи шартномаи як соли таҳсил дар ин донишгоҳҳо аз 1500 то 3500 доллари амрикоиро ташкил медиҳад.

Имсол барои гирандагони Стипендияи байналмилалии Президенти Тоҷикистон «Дурахшандагон» 33 ҷой муқаррар гардидаастТавре директори Муассисаи давлатии «Маркази барномаҳои байналмилалӣ»-и Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон Исматулло  Шодиён  ба хабарнигори АМИТ «Ховар» иброз намуд, зиёда аз 30000 шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон тибқи Стипендияи байналмилалии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дурахшандагон», созишномаҳои байниҳукуматӣ ва шартномаҳои байниидоравӣ дар донишгоҳҳои хориҷи мамлакат таҳсил намуда истодаанд.

Ба гуфти ҳамсуҳбати мо, имрӯз пандемияи COVID-19 тамоми давлатҳои ҷаҳонро ба ташвиш овардааст. Таҳсили шаҳрвандони мо айни замон дар ин давлатҳо ба тариқи фосилавӣ давом ёфта, донишҷӯёни тоҷик дар ҳолати карантин қарор доранд. Хушбахтона, тибқи маълумоти хаттие, ки аз ҷониби 80 донишгоҳи хориҷи мамлакат ба Марказ то имрӯз пешниҳод гардидаанд, ягон нафар донишҷӯи тоҷик ба ин вабои аср гирифтор нашудааст ва ин маълумот ниҳоӣ намебошад. Муколамаи онлайнӣ бо донишҷӯёни тоҷике, ки дар хобгоҳҳои донишгоҳҳои давлати иқомат дар ҳолати карантин қарор доранд, аз ҷониби кормандони Марказ ҳамарӯза баргузор гардида, аз ҳолати буду боши онҳо хабардор шуда истодаем ва муҳтавои суҳбатҳо дар саҳифаи иҷтимоии Фейсбук ва Инстаграм бо унвони «Маркази Дурахшандагон» мавҷуд аст.

Номбурда иброз намуд, ки озмуни бурсияҳои таҳсилии Федератсияи Россия, Ҷумҳурии Мардумии Чин, Венгрия, Украина ва Озарбойҷон ба анҷом расида, бақайдгирии бурсияҳои таҳсилии Ҷумҳурии Қазоқистон, Стипендияи байналмилалии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дурахшандагон» ва 15 донишгоҳҳои Федератсияи Россия тибқи шартномаҳои байниидоравӣ идома дорад. Рӯзҳои наздик дар Марказ оғоз гардидани маросими бақайдгирӣ ба 20 донишгоҳи хориҷи мамлакат  низ дар назар аст. Тибқи пешниҳоди донишгоҳҳои хориҷи мамлакат, озмунҳо ба тариқи фосилавӣ гузаронида мешаванд. Моҳи сентябри имсол бо хуб шудани вазъият ғолибони озмун метавонанд таҳсили худро дар донишгоҳҳои хориҷи мамлакат идома диҳанд ва ё таҳсили онҳо тариқи фосилавӣ ба муддати муайян ба роҳ монда шавад.

Исматулло  Шодиён  иброз намуд, ки муассисаи мазкур нақша дорад, ки дар асоси  Паёми Пешвои миллат имсол муҳассилин дар донишгоҳҳои хориҷӣ бештар дар ихтисосҳои табиӣ, риёзӣ ва дақиқ ба таҳсил фаро гирифта шаванд.

Муассисаи давлатии «Маркази барномаҳои байналмилалӣ»-и Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон кӯшиш ба харҷ медиҳад, ки барои таҳсил дар муассисаҳои таҳсилоти олӣ ва илмии хориҷи мамлакат довталабони болаёқат, забондон ва дорои ахлоқу одоби ҳамидаро ҷалб намуда, ҳамкориро бо донишгоҳҳои хориҷи мамлакат дар равияҳои техникӣ, риёзӣ ва табиатшиносӣ ҳамасола зиёд намояд.

Ҳамзамон Маркази барномаҳои байналмилалӣ ба диққати довталабони лаёқатманди ҷумҳурӣ, ки мақсади дар донишгоҳҳои хориҷи мамлакат таҳсил намудан доранд, мерасонад, ки ба хотири ояндаи дурахшони хеш ва мутахассиси баландихтисоси ба сатҳи бозори ҷаҳонӣ рақобатпазир шудан дар канор намонанд.

Довталабон оид ба бурсияҳои  таҳсил дар   хориҷи мамлакат  метавонанд тавассути расонаҳои хабарӣ, ки дар сомонаи расмии Марказ www.edu-cip.tj, саҳифаҳои иҷтимоии facebook, instagram, АМИТ «Ховар», ҳафтаномаи «Омӯзгор» ва Телевизиони «Тоҷикистон» эълонҳо пахш мешаванд, маълумоти муфассал пайдо намоянд.

Источник: khovar.tj