Имрӯз — Рӯзи байналмилалии радио ва телевизион барои кӯдакон

0
101

Имрӯз — Рӯзи байналмилалии радио ва телевизион барои кӯдакон

ДУШАНБЕ, 01.03.2020. /АМИТ «Ховар»/.  Ҳамасола якшанбеи аввали моҳи март дар саросари ҷаҳон Рӯзи байналмилалии радио ва телевизиони бачагона  (International Children’s Day of Broadcasting) таҷлил мегардад. Ин сана   аз соли 1991 бо ибтикори ЮНИСЕФ –Бунёди атфоли Созмони Милали Муттаҳид (СММ) таҷлил мегардад. 

Дар робита ба ин,  якшанбеи аввали моҳи март  кормандони  шабакаҳои телевизион ва радиои давлатҳои ҷаҳон барои  кӯдакону наврасон барномаҳои ҷолиб  таҳия намуда, пешкаши шунавандагону тамошобинони хурдсол мегардонанд.

Дар Ҷумҳурии Тоҷикистон 4  сентябри соли 2006 бо дастгирии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Муассисаи давлатии «Телевизиони кӯдакону наврасон — «Баҳористон»  ба фаъолият шурӯъ кард. Ин шабака ҳамарӯза  бинандагони хурдсоли худро бо барномаҳои ҷолиб шод мекунад.

 Дар робита ба Рӯзи байналмилалии радио ва телевизиони  кӯдакон  хабарнигори  АМИТ «Ховар» София ШОИК бо муовини аввали директори Муассисаи давлатии «Телевизиони кӯдакону наврасон -«Баҳористон» Сиёвуш ХИДИРЗОДА ҳамсуҳбат гардид.

Имрӯз — Рӯзи байналмилалии радио ва телевизион барои кӯдакон«Дар Рӯзи байналмилалии радио ва телевизиони бачагона мо тасмим гирифтаем, ки беҳтарин барномаҳои кӯдаконаро манзури бинандагони хурдсоли худ намоем. Аз ҷумла, дар барномаи “Як соат”, “Хабар” ва “Суҳбати рӯз”якчанд сужаро аллакай доир ба ин сана омода намудаем ва рӯзи якшанбеи аввали моҳи март тамошобинон метавонанд аз онҳо бархӯрдор шаванд”,- иброз намуд С. Хидирзода.

Мавсуф зикр кард, ки ҳоло дар Муассисаи давлатии «Телевизиони кӯдакону наврасон — «Баҳористон»  қариб 50 номгӯй барномаҳоро мунтазам омода мекунанд. “Мо дар доираи ҳама самтҳое, ки таълим ва тарбияи насли наврасро фаро мегиранд, барнома таҳия мекунем ва кӯшиш мекунем бинандагони шабакаи мо аз барномаҳои хубу диданӣ пайваста ҳаловат баранд”.

Соли гузашта тариқи лоиҳаи «Парвин» беш аз 200 нафар ҷавонону наврасони санъаткор  муаррифӣ шуданд. Маросими ҷамъбастии шоу-барномаи озмунии «Парвин» бо иштироки 14 нафар ғолибони лоиҳа дар Филармонияи давлатии Тоҷикистон ба номи Акашариф Ҷӯраев баргузор гардид. Имсол бори аввал лоиҳаи “Парвин” ба хотири кашфи истеъдодҳои фавқулода ба минтақаҳо сафар намуда, аз ноҳияҳои ҷумҳурӣ барномаҳо таҳия намуда истодааст.

Инчунин соли гузашта дар озмунҳои  «Парчамат бодо парафшон, Тоҷикистон!», «Тоҷикистон-хонаи ман»,  «Ватани ман- ҷони ман!», «Об-сарчашмаи ҳаёт», «Мо-ҳимоятгари Ватан!», «Наврӯзи Ватан», «Тирамоҳи заррин», «Парчамат бодо Парафшон, Тоҷикистон»    беш аз 5  000 нафар иштирок намуда, қариб 7 000 расмҳои кашидаашон  тариқи эфири шабака  намоиш дода  шуданд. Барои ҳарчи  бештар пахш  гардидани мавод ба забони давлатӣ фаъолияти дубляжи шабака назаррас мебошад.

Як чизи дигарро ҳам бояд гӯям, ки телевизион ҷиҳати ҷалби донишҷӯён ба шабака бо муассисаҳои олии мамлакат ДМТ, Донишгоҳи давлатии санъат ба номи М. Турсунзода,  Донишгоҳи давлатии славянии Тоҷикистон ҳамкории зич дорад. Айни замон беш аз 10 нафар муҳассилини ин донишгоҳҳо дар ТВ «Баҳористон» фаъолият мекунанд ва ба таври мунтазам барномаҳои алоҳидаи худро таҳия менамоянд. Намоишҳои «Эҷод»,  «Наво», «Панҷаи ҳунар», «Мо ва ҷонварон», «Ситораҳои футбол», «Полези сеҳрнок», ва “Маҳфили шоҳномахонӣ”  аз ҷумлаи онҳост.

Дар баробари ин намоишҳои «Парвин», «Нодир», «Бо ҳам меёбем», «Беҳтар аз дӯст», «Ифтихор», «Маҳбуб»,  «Мо ва ҷонварон», «Фикри шумо», «Маҳфили адибони наврас», «Ангубин», «Раҳнавард», «Тоҷикистон-хонаи ман», «Аз сомонаи ТВ «Баҳористон»», «Ифтихор»,  «Таҷриба», «Чигилак»,  «Lets speak English» манзури тамошобинон мегарданд.

Ҳамсуҳбати мо афзуд, ки таҳияи барномаҳои ҷолибу диданӣ низ сабаб мегарданд, ки хонандагон дар баробари мактаб аз телевизион низ илму дониш омӯзанд.

Ба суоли он ки оё ТВ «Баҳористон» дар таҳияи барномаҳо  аз таҷрибаи телевизионҳои дигар давлатҳо истифода мебарад, С. Хидирзода посух дод, ки “албатта, пайваста аз таҷрибаи барномасозии дигар давлатҳо истифода бурда мешавад ва маҳз дар натиҷаи ин омӯзишҳо барномаҳои «Бо ҳам меёбем», «Нодир» ва ғайра омода шудаанд”.

Ногуфта намонад, ки барои чунин барномаҳои хубу пурмӯҳтаво «Телевизиони кӯдакону наврасон — «Баҳористон» соли гузашта мувофиқи назарсанҷии Академияи ВАО ва Иттифоқи журналистони Тоҷикистон  байни дигар шабакаҳои телевизионии мамлакат сазовори дипломи «Телевизиони сол -2019» гардид.

Источник: khovar.tj