Имрӯз як қисми кӯчаҳои ноҳияи Сино ва Сомонии пойтахт боз бебарқ мемонанд

0
65

Имрӯз як қисми кӯчаҳои ноҳияи Сино ва Сомонии пойтахт боз бебарқ мемонанд

Вобаста ба ҳаҷми корҳои таъмирию профилактикӣ дар баъзе мавридҳо қувваи барқ пеш аз муҳлати нишондодашуда пайваст карда мешавад

ДУШАНБЕ, 1 мая — Sputnik. Шабакаи барқтаъминкунии Душанбе бори дигар сокинонро ҳушдор додааст, ки имрӯз низ чанд кӯчаи пойтахт бебарқ мемонанд.

Ҳамин тавр,  бинобар сабаби гузаронидани корҳои таъмирӣ рӯзи 1 май, як қисми  кучаҳои ноҳияҳои Сомонӣ ва Сино бебарқ мемонанд.

“Аз соати 09:00 то 16:00 дар кӯчаҳои  Санои ноҳияи Сомонӣ ва Маҳаллаҳои Қазоқон, Бунёдкорон, Зафари ноҳияи Сино бебарқ мемонанд”, – омадааст дар иттилои манбаъ.

Тавре Шабакаи барқии Душанбе меафзояд, вобаста ба ҳаҷми корҳои таъмирию профилактикӣ дар баъзе мавридҳо қувваи барқ пеш аз муҳлати нишондодашуда пайваст  карда мешавад.

Бояд қайд кард, ки қаблан  намояндаи ширкати “Барқи тоҷик” ба Sputnik Тоҷикистон гуфта буд, далели ирсоли ҳамчунин барқия ба шабакаҳои ширкат дар саросари кишвар афзудани шикоёти мардум аз қатъ шудани барқ аст.

Вай афзуд, шабакаҳо ба мардум бояд фаҳмонанд, ки ягон маҳдудият ё камбуди барқ дар кишвар набуда, он чӣ анҷом мешавад, тибқи нақша ва амри зарурӣ аст.

Источник: sputnik-tj.com