Имрӯз Думаи давлатии Россия масъалаи тасвиби созишномаро бо Ҳукумати Тоҷикистон оид ба ҷалби муташаккилонаи шаҳрвандони ҶТ барои кори муваққатӣ дар ФР баррасӣ мекунад

0
70

Имрӯз Думаи давлатии Россия масъалаи тасвиби созишномаро бо Ҳукумати Тоҷикистон оид ба ҷалби муташаккилонаи шаҳрвандони ҶТ барои кори муваққатӣ дар ФР баррасӣ мекунад

ДУШАНБЕ, 17.12.2019. /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз вакилони Думаи давлатии Федератсияи Россия дар ҷаласаи худ масъалаи тасвиби созишномаро миёни Россия ва Тоҷикистон дар бораи ҷалби муташаккилонаи шаҳрвандони ҶТ барои кори муваққатӣ дар ФР баррасӣ мекунанд, хабар медиҳад АМИТ «Ховар» бо истинод ба ТАСС.

Тибқи ин санад, мақомоти ваколатдори давлатии Тоҷикистон ухдадоранд, ки ба шаҳрвандони худ дар бораи имконияти таъмини кор дар Федератсияи Россия бо тартиби ҷалбкунии муташаккилона ва интихоби номзадҳо барои шуғл, ки тибқи талаботи корфармо дорои тахассус ва таҷрибаи зарурӣ, омодагии касбӣ, бозомӯзӣ ва такмили ихтисос мебошанд, иттилоъ диҳанд. Дар баробари ин, дар доираи созишнома, дар рӯйхати кофтукови байналмилалӣ ё байнидавлатӣ қарор доштани номзадҳо, инчунин мавҷудияти доғи судӣ нисбат ба онҳо аз ҷониби мақомоти дахлдори Тоҷикистон санҷида мешавад.

«Татбиқи ин чорабиниҳо ҳифзи ҳуқуқҳои шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистонро, ки мехоҳанд дар қаламрави Федератсияи Россия фаъолияти меҳнатӣ анҷом диҳанд, таъмин менамояд ва ба таъмини кор барои шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки дорои дониш, малака ва ихтисоси мутобиқ ба талаботи корфармоёнанд, дар Федератсияи мусоидат менамояд», — тазаккур медиҳанд таҳиягарон.

Ёдовар мешавем, ки созишнома 17 апрели соли равон дар шаҳри Москва аз ҷониби президентҳои Федератсияи Россия Владимир Путин ва Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар доираи сафари расмии Президенти Тоҷикистон ба Россия имзо шуда буд. Ба таъкиди Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, «ин созишнома, бешубҳа, боз як қадами муҳим дар самти фароҳам овардани шароити муносиб барои фаъолияти меҳнатии шаҳрвандони Тоҷикистон дар қаламрави Россия хоҳад буд».

Моҳи ноябр Ҳукумати Россия ин созишномаро барои тасвиб ба Думаи давлатӣ пешниҳод кард.

Источник: khovar.tj