Имрӯз дар Тоҷикистон зилзила ба амал омад

0
118

Имрӯз дар Тоҷикистон зилзила ба амал омад

ДУШАНБЕ, 18.02.2020 /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз  соати 16:29 ба вақти  маҳаллӣ дар ҳудуди Тоҷикистон зилзила ба амал омад.

Аз Академияи илмҳои ҷумҳурӣ ба АМИТ «Ховар» хабар доданд, ки  маркази зилзила дар километри 350-уми қисмати ҷанубу шарқи Душанбе, дар ҳудуди Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон воқеъ буда,  ларзиши замин дар марказаш 4 балл ва дар Душанбе 2-3 баллро ташкил дод.

Источник: khovar.tj