Имрӯз дар Хоруғ бинои замонавии Коллеҷи тиббӣ ба истифода дода шуд

0
109

Имрӯз дар Хоруғ бинои замонавии Коллеҷи тиббӣ  ба истифода дода шуд

ДУШАНБЕ, 16.12.2019 /АМИТ «Ховар»/. Бахшида ба ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон имрӯз дар шаҳри Хоруғ бинои замонавии Муассисаи давлатии таълимии «Коллеҷи тиббӣ» мавриди истифода қарор дода шуд.

Зимни ифтитоҳи бинои мазкур Раиси Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон Ëдгор Файзов, муовини Вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон Шодихон Ҷамшед ва раиси шаҳри Хоруғ Кишвар Шамирӣ иштирок намуданд.  Дар ин бора аз маркази матбуоти дастгоҳи Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Хоруғ ба АМИТ «Ховар» хабар доданд.

Ба иттилои манбаъ, раиси вилоят Ëдгор Файзов тамоми кормандон ва шогирдони ин боргоҳро табрик гуфта, барои ғамхориҳои пайваста нисбат ба мардуми Бадахшон ва мавриди истифода  қарор додани чунин иншооти хуштарҳу замонавӣ дар шаҳри Хоруғ ба Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон  изҳори сипос намуд.

Шодихон Ҷамшед  иброз намуд, ки то таҷлили ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатӣ дар вилоят ва шаҳри Хоруғ дар баробари ин боргоҳи илму маърифат боз чандин биноҳои дигар қомат афрохта, симои шаҳри Хоруғ ва вилоят куллан тағйир хоҳад ëфт.

Источник: khovar.tj