Имрӯз ҷаласаи нахустини Ситоди ҷумҳуриявӣ оид ба пешгирии сирояти коронавирус ва интиқоли он ба Тоҷикистон доир гардид

0
164

Имрӯз  ҷаласаи  нахустини Ситоди ҷумҳуриявӣ оид ба пешгирии сирояти коронавирус ва интиқоли он ба  Тоҷикистон доир гардид

ДУШАНБЕ, 29.02.2020. /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз дар назди муовини Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Ширин Исматуллозода ҷаласаи Ситоди ҷумҳуриявӣ оид ба пешгирии сирояти коронавирус ва интиқоли он ба  ҷумҳурӣ доир гардид. Дар он намояндагони вазорату идораҳои  дахлдори ҷумҳурӣ иштирок намуданд.

Муовини Сарвазир Ширин Исматуллозода дар оғози ҷаласа ёдовар шуд, ки то имрӯз ягон ҳолати сирояти коронавирус дар байни шаҳрвандони Тоҷикистон ва шаҳрвандони дигар кишварҳо, ки дар моҳҳои охир ба қаламрави Тоҷикистон ворид шудаанд, ба қайд гирифта нашудааст. Дар мамлакат  ҷиҳати таъмини амнияти миллии санитарию эпидемиологӣ, фарогирии карантинӣ, дарёфти манбаъҳои хариди лавозимоти истифодаи яккаратаи ҳифзкунанда, маводҳои безараргардонӣ, таҷҳизотҳои санҷишӣ ва захираҳои маводҳои хӯрока тамоми тадбирҳои фаврӣ анҷом дода мешавад.

Ширин Исматуллозода  таъкид намуд, ки тадбирҳо дар ин самт таҳти назорати бевоситаи Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон қарор дошта, минбаъд низ корҳои пешгирикунанда, иттилоотию маърифатӣ ва чораҳои зиддиэпидемикӣ барои пешгирии интиқоли сирояти коронавирус ба Ҷумҳурии Тоҷикистон, инчунин, таъмини фаъолияти муназзами низоми  назорати санитарию эпидемиологии мамлакат идома дода мешавад. Таъсиси  Ситоди ҷумҳуриявӣ оид ба пешгирии сирояти коронавирус  низ бо ҳамин мақсад ба роҳ монда шудааст»,-афзуд Муовини сарвазир.

Сипас  дар ҷаласаи Ситод муовини Вазири тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон Мирҳамуддин Камолзода оид  ба  вазъи ташвишовари ҷаҳон, ки дар натиҷаи сирояти коронавирус ба амал омадааст, гузориш дод.

Номбурда, аз ҷумла зикр кард, ки тибқи маълумоти расмии ТУТ то нимаи дуюми ин рӯз, 29 феврал дар умум, дар тамоми кишварҳои ҷаҳон  85 184 ҳодисаҳои сирояти коронавирус ба қайд гирифта шудааст, ки аз ин шумора 2924 нафар фавтидаанд. Сурати паҳншавии ҳодисаҳои вируси мазкур ва ҳолати воқеии гирифторшудагон ба ин сироят, нишондиҳандаҳои оморӣ таскинкунанда набуда, таваҷҷуҳи ҷиддиро тақозо мекунад.

«Аз ҷониби ТУТ вазъи сирояти коронавирус расман 30 январи соли равон «ҳолати фавқулода» эълон гардида, айни ҳол ҳамчун хурӯҷи неруи пандемияро доробуда арзёбӣ гардидааст. Ба ҳолати субҳи 29 феврали соли 2020  ҳамагӣ 1331 нафар шаҳрвандоне, ки аз кишварҳои осебпазир ба ҷумҳурии мо ворид гардидаанд, ба карантин фаро гирифта шудаанд, ки  аз ин 1052 нафар муҳлати  карантинро ба итмом расонида, рухсат шудаанд. Айни ҳол 279 нафар дар муассисаҳои табобатии мамлакат дар ҳолати карантин қарор доранд. Аз шумораи умумии воридшуда 177 нафарашон шаҳрвандони Кореяи Ҷанубӣ, Чин, Эрон ва Афғонистон  мебошанд»,- гуфт  Мирҳамуддин Камолзода.

Вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ Насим Олимзода  дар ҷаласа иброз дошт, ки масъулин ҷиҳати пешгирии сирояти коронавирус миёни аҳолӣ: ҷойҳои серодам, бозорҳо, масҷид, тӯю маъракаҳо ва риояи гигиенаи шахсӣ тадбирҳои мушаххас андешанд.

Мавсуф таъкид намуд, ки корҳои тарғиботӣ ва фаҳмондадиҳӣ тариқи ВАО васеъ ба роҳ монда шаванд ва тавассути он мутахассисони соҳа тавсияҳои худро оид ба риояи гигиенаи шахсӣ дар ҷойҳои ҷамъиятӣ, ҳангоми омодасозии ғизо, муносибат бо кӯдакон, махсусан бо тифлони навзод ба мардум пешниҳод намоянд.

Дар фарҷоми ҷаласа Муовини Сарвазир Ширин Исматуллозода руйхати вазорату кумитаҳоро номбар карда, супориш дод, ки  дар назди онҳо низ ситод оид ба пешгирии интиқоли сирояти коронавирус таъсис дода шуда, корҳои пешгирикунанда, иттилоотию маърифатӣ ва чораҳои зиддиэпидемикӣ пурзӯр карда шаванд.

Источник: khovar.tj