Имкониятҳои сайёҳию ҳунармандии Тоҷикистон дар Форуми байналмилалии тиҷоратӣ дар Қазоқистон муаррифӣ мешаванд

0
135

Имкониятҳои сайёҳию ҳунармандии Тоҷикистон дар Форуми байналмилалии тиҷоратӣ дар Қазоқистон муаррифӣ мешаванд

ДУШАНБЕ, 12.11.2019. /АМИТ «Ховар»/. Намояндагони Кумитаи рушди сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ҳунармандони Тоҷикистон дар 9-умин Форуми байналмилалии тиҷоратӣ, ки 12-13 ноябр дар шаҳри Шимкенти Ҷумҳурии Қазоқистон баргузор мегардад, иштирок мекунанд. Ҳамоиши мазкур яке аз чорабиниҳои солонаи калонтарини таблиғотӣ дар минтақа маҳсуб ёфта, дар он вакилон ва роҳбарони ширкатҳо, намояндагони бахши давлатӣ ва коршиносони соҳа аз кишварҳои Осиёи Марказӣ ва Ҷанубӣ, Аврупо ва ИМА ширкат менамоянд. Дар ин бора АМИТ «Ховар» бо истинод ба Кумитаи рушди сайёҳӣ хабар медиҳад.

Бино ба иттилои манбаъ, намояндагони Тоҷикистон имкониятҳои сайёҳию ҳунарҳои мардумии Тоҷикистонро дар ин форум ба ҷаҳониён муаррифӣ менамоянд.

Имрӯзҳо бо мақсади пайдо намудани бозорҳои нав намояндагони соҳаи сайёҳии мамлакат дар калонтарин намоишгоҳҳои сайёҳию тиҷоратӣ ва ҳунармандӣ, ки  дар кишварҳои Германия, Британияи Кабир, Малайзия, Амрико, Франсия, Кореяи Ҷанубӣ, Арабистони Саудӣ, Амороти Муттаҳидаи Араб, Қувайт, Қатар, Юнон, Испания, Белгия, Туркия, Федератсияи Россия, Қазоқистон, Ӯзбекистон ва дигар давлатҳои хориҷи дуру наздик баргузор мегарданд, ширкат варзида, захира ва имкониятҳои сайёҳии мамлакатро ба дӯстдорони сайру саёҳати Тоҷикистон таблиғу ташвиқ менамоянд.

Источник: khovar.tj