Ифтитоҳи толори варзишӣ дар шаҳри Хоруғ

0
78

Дар шаҳри Хоруғ Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон толори барҳавои варзиширо ифтитоҳ карданд.

Минбаъд наврасону ҷавонони маркази вилоят метавонанд дар ин ҷо ба машқу тамрин машғул шуда, малакаи варзишии худро баланд бардоранд.

Бунёду ба истифода додани толору майдончаҳои варзишӣ ва дар ин замина беҳтар намудани имконият барои машқи бадан имкон фароҳам овард, ки ҷавонон аз шароити замонавии соҳа баҳравар шаванд.

Бояд гуфт, ки дар даврони соҳибистиқлолӣ бо дарназардошти афзалияти солимӣ барои ҷомеа аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон тавассути бунёд намудани толору майдончаҳои варзишӣ ҷиҳати тарғиби тарзи ҳаёти солим шароити зарурӣ фароҳам оварда мешавад.

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ифтитоҳи иншоотро ба сокинон муборакбод гуфтанд.

Сарвари давлат ба сифати корҳо дар иншоот баҳои баланд дода, ҷавононро барои ҳарчи бештар ба варзиш ру овардан, ҳидоят намуданд.

Источник: president.tj