Ифтитоҳи шаҳраки варзишӣ дар деҳоти “Лоҳутӣ”-и ноҳияи Ховалинг

0
139

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар идомаи сафари корӣ дар ноҳияи Ховалинг дар деҳоти Лоҳутӣ шаҳраки варзиширо мавриди истифодабарӣ қарор доданд.

Шаҳраки варзишӣ аз ду майдони хӯрди футбол, толори теннис, шоҳмоту шашка, ду майдони волейбол, ҳавзи шиноварӣ, майдони обутоби бадан ва дигар иншооти ёрирасон иборат мебошад.

Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо шароиту имкониятҳои маҷмааи варзишӣ шинос шуда, ба корҳои сохтмонӣ дар он баҳои баланд доданд ва ҷавононро барои истифодаи мақсаднок аз имкониятҳои фароҳамшуда ҳидоят намуданд.

Маҷмааи нави солимгардонӣ дар мавзеи хеле мувофиқ бо тарҳи хеле зебо, бо дарназардошти талаботу меъёрҳои муосир дар асоси ҳидоятҳои ҳамешагии Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз тарафи соҳибкор Исмоил Садиров дар майдони 2 гектар замин бунёд гардидааст.

Бунёду ба истифода додани маҷмааи варзишӣ туҳфаи арзандаи Ҳукумати мамлакат барои ҷавонони ноҳияи Ховалинг ба истиқболи ҷашни 30 – солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад.

Дар ноҳияи Ховалинг 61 майдончаи варзишӣ мавҷуд аст.

Соли 2019 дар ноҳия 6 майдончаи варзишӣ ва дар соли ҷорӣ 20 майдончаи варзишӣ сохта, мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифтааст.

Дар асоси нақша – чорабиниҳои таҷлили сазовор аз 30-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон боз бунёди 11 майдончаи варзишӣ дар ноҳияи Ховалинг ба нақша гирифта шудааст.

Источник: president.tj