Ифтитоҳи роҳ баъди азнавсозӣ дар ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ

0
54

Баъди ифтитоҳи Маҷмааи даромадгоҳи ноҳия Президенти Ҷумҳурии Точикистон мухтарам Эмомали Рахмон 16,1 километр роҳи дорои аҳамияти ҷумҳуриявиро, ки солҳои дароз таъмирталаб буд, баъди азнавсозӣ мавриди истифода қарор доданд.

Тавре иттилоъ дода шуд, ин шоҳроҳ дар доираи нақшаи чорабиниҳо бахшида ба истиқболи ҷашни бузурги 30 – солагии Истиқолияти давлатии Ҷумҳурии Точикистон бо маблағҳои буҷетӣ ва саҳми соҳибкорони маҳаллӣ бо харҷи беш аз 15 миллион сомонӣ пурра азнавсозӣ гардидааст.

Таҷдиди роҳи мазкур аз охири соли 2020-ум оғоз шуда, бо истифода аз техникаи муосир ва ҷалби мутахассисони соҳа дар муҳлати муқарраргардида бо сифати баланд ба анҷом расонида шудааст.

Роҳ дар масофаи 13,1 километр то даромадгоҳи шаҳраки “Москва” бо паҳноии 7,5 метр асфалтпуш гардидааст.

Зимни муаррифи лоиҳаи таҷдиду азнавсозии роҳ иттилоъ дода шуд, ки дар доираи навсозии роҳ дар ҳудуди деҳоти Меҳнатобод ва Қаҳрамон 4 пул низ таъмиру навсозӣ гардидааст.

Дар доираи вусъати тадбирҳои созандагию бунёдкорӣ ба истиқболи ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Точикистон ва нақшаи чорабинии солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ, дар ин давра дар ҳудуди деҳоти Меҳнатобод, Қаҳрамон, Панҷоб ва Чубеки ноҳия бо дастгирии соҳибкорон ва шахсони ватандӯст роҳҳи маҳаллӣ низ асфалтпуш карда шудааст.

Дар маҷмуъ дар ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ ба истиқболи ҷашни миллӣ – 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо дастгирии Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатӣ ва соҳибкорони маҳаллӣ дар масофаи беш 30 километр роҳҳои дорои аҳамияти ҷумҳуриявӣ ва маҳаллӣ пурра асфалтпуш карда шудааст.

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон мухтарам Эмомалӣ Раҳмон аснои шиносоӣ бо лоиҳаи таҷдиду азнавозии роҳ ташаббуси соҳибкоронро дар самти азнавсозии роҳу пулҳои дорои аҳамияти ҷумҳуриявӣ ва маҳаллии ҳудуди ноҳия намунаи олии ватандӯстӣ ва саҳмгузорӣ дар ободию пешрафти кишвар арзёбӣ карданд.

Источник: president.tj