Ифтитоҳи Осоишгоҳи ҷумҳуриявии махсусгардонидашудаи барқарорсозии саломатии беморони қалб дар ноҳияи Муъминобод

0
258

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳангоми сафари корӣ ба ноҳияи Муъминободи вилояти Хатлон, дар кӯчаи Исмоили Сомонии ноҳия ба фаъолияти Осоишгоҳи ҷумҳуриявии махсусгардонидашудаи барқарорсозии саломатии беморони қалб расман оғоз бахшиданд.

Тавре ба Роҳбари давлат иттилоъ доданд, корхои сохтмонӣ дар иншооти мазкур соли 2014 шурӯъ шуда, бо сифати баланд ва ҷавобгӯ ба талаботи муосири сохтмонӣ бунёд гардидааст.

Осоишгоҳи ҷумҳуриявии махсусгардонидашудаи барқарорсозии саломатии беморони қалб дар ноҳияи Муъминобод аз 4 ошёна иборат буда, дар он ошхона, шуъбаи барқарорсозии кӯдакона, бахши машваратию ташхисӣ, маъмурият, шуъбаи бақайдгирӣ, маҷлисгоҳ бо 130 ҷойи нишаст, бахши табобатӣ-барқарорсозӣ, табобати интенсивӣ, толори табобати варзишӣ ва шуъбаи барқарорсозии калонсолон, инчунин бахшҳои дигари табобатию барқарорсозӣ ҷойгир мебошанд.

Зимни боздид ба Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иттилоъ доданд, ки ин иншооти табобативу солимгардонӣ дорои беш аз 100 кат, аз ҷумла 26 кати кӯдакона буда, дар ҳуҷраҳои он муосиртарин шароиту имкониятҳои  табобату солимгардонии беморони гирифтори дил фароҳам оварда шудааст. Дар осоишгоҳ 65 нафар мутахассисони соҳибтаҷриба ба кор ҷалб гардидаанд.  

Пас аз боздид ва шиносоӣ бо шароити осоишгоҳи мазкур, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба сифати корҳои сохтмонӣ баҳои баланд дода, табибонро ба хизматрасонии хубу шоиста ба мизоҷон ҳидоят намуданд. Сарвари давлат мавриди истифода қарор гирифтани иншооти мазкурро туҳфаи арзандаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҷашни 28 -умин солгарди Рӯзи Истиқлолияти давлатӣ ба табибони ноҳияи Муъминобод арзёбӣ карданд.

Дар ҳамин ҷо дар вазъияти тантанавӣ ба 17 нафар шахсони имконияташон маҳдуд аз ҷониби Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аробачаҳои маъюбӣ тақдим карда шуд. Бояд гуфт, ки ин қишри осебпазири ҷомеа ҳамеша зери таваҷҷуҳ ва ғамхориҳои давлат ва Ҳукумати мамлакат қарор дошта, барои кору фаъолияти онҳо шароити арзанда фароҳам оварда мешавад. Ин ҳама аз татбиқи муваффақонаи сиёсати иҷтимоии роҳбарияти олии сиёсии мамлакат дарак медиҳад.

Маврид ба зикри хос аст, ки дар Осоишгоҳи ҷумҳуриявии махсусгардонидашудаи барқарорсозии саломатии беморони қалб ҳамзамон як майдончаи варзишӣ бунёд карда шуда, гирду атрофи иншоот ба гӯшаи зебои фароғатӣ табдил дода шудааст.

Источник: president.tj