Ифтитоҳи Муассисаи томактабии хусусии “Назокат” дар деҳоти Ҳаёти Нави ноҳияи Шаҳринав

0
125

30 сентябр Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар деҳоти Ҳаёти Нави ноҳияи Шаҳринав бинои Муассисаи томактабии хусусии “Назокат” – ро мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд.

Бинои нави боғчаи кӯдакона 2 ошёна буда, ба хотири сазовор ҷашн гирифтани 30 – юмин солгарди Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо саҳми соҳибкори ватандӯст Аҳмадзода Ҷамолиддин сохта шудааст.

Кӯдакистон метавонад 100 нафар фарзандони сокинони ноҳияи Шаҳринавро дар беҳтарин шароит ба таълиму тарбияи дурӯсти томактабӣ фаро гирад. 

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳангоми шиносоӣ бо шароити таълиму тарбия, ба иҷрои босифати корҳои сохтмонӣ баҳои баланд дода, онро тӯҳфаи арзанда барои сокинони ноҳияи Шаҳринав, аз ҷумла деҳоти Ҳаёти Нав маънидод карданд. 

Корҳои бунёдӣ дар иншооти соҳаи маориф аз ҷониби мутахассисону сохтмончиёни Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди “Муҳаммадҷон” иҷро гардида, имрӯз бо сифати баланд ва ҷавобгӯ ба стандарти байналмилалӣ ба фаъолият оғоз намуд.

Мувофиқи лоиҳа муассисаи томактабӣ аз 8 утоқ барои гузаронидани дарс ва машғулиятҳо, 6 утоқи фароғатӣ, ҳуҷраҳои шустушуйӣ ва дигар иншооти ёрирасон иборат мебошад.

Синфхонаҳои дарсӣ пурра бо мизу курсӣ, аёниятҳои дарсӣ ва дигар лавозимоти хониш муҷаҳҳаз гардонда шудааст. Ҳуҷраҳои фароғатӣ ва хоби кӯдакон бошанд, бо рахти хоб ва дигар роҳаткурсиҳои замонавӣ таъмин карда шудаанд.

Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни сӯҳбат бо омӯзгорону дигар кормандони кӯдакистони мазкур таваҷҷӯҳи онҳоро ба масъалаи дар руҳияи ватандӯстӣ тарбия намудани насли ояндасози давлат ҷалб карданд.

Дар саҳни ҳавлии кӯдакистон барои бозии кӯдакон шароити хуб фароҳам гардида, ҳамзамон 4 айвонча сохта шудааст, ки барои гузаронидани машғулиятҳои фароғатӣ бисёр мувофиқ аст.

Шинонидани гулу буттаҳои ороишӣ, дарахтони сояафкан ва сарсабзу хуррам гардонидании атрофи бинои Муассисаи томактабии хусусии “Назокат” аз корҳои ободонӣ ба шумор мераванд.

Соҳибкорони бо нангу номуси ноҳияи Шаҳринав сиёсати созанда ва дастурҳои раҳнамунсози Пешвои миллатро ҳамаҷониба дастгирӣ намуда, дар корҳои ободонию созандагӣ махсусан бунёди иншооти соҳаи маориф саҳми арзанда мегузоранд.

Ин раванд дар амалӣ намудани ҳадафҳои олии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷиҳати ҳарчи бештар ба таълиму тарбия фаро гирифтани кӯдакон дар муассисаҳои томактабӣ мусоидат менамояд.

Дар деҳоти Ҳаёти нав 35 ҳазор нафар аҳолӣ зиндагӣ мекунад. Бо шарофати Истиқлол ва сиёсати созандаи Ҳукумати кишвар сокинонаш соҳиби боғчаи кӯдакон ва марказӣ тиббӣ гардиданд. Бунёди иншооти таъиноти гуногун дар доираи истиқболи сазовори ҷашни 30-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон идома дорад.

Қобили тазаккур аст, ки бо саҳми соҳибкори маҳаллӣ ба масофаи 250 метр роҳи ҳудуди деҳот асфалтпӯш шудааст.

Источник: president.tj