Ифтитоҳи Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №25 дар деҳаи Нурбахши ноҳияи Данғара

0
87

17 июн Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба деҳаи Нурбахши деҳоти Лолазори ноҳияи Данғара ташриф оварда, Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии рақами 25-ро ифтитоҳ намуданд.

Дар саҳни муассисаи навбунёди таълимӣ Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро хонандагону омӯзгорони ин боргоҳи илму маърифат гарму самимӣ истиқбол гирифтанд.

Мавриди зикр аст, ки муассисаи нави таълимӣ дар партави сиёсати маорифпарваронаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷиҳати фароҳам овардани шароити арзандаи таълим барои насли наврасу ҷавон бо тарҳи муосир ва ҷавобгӯ ба меъёрҳои байналмилалӣ сохта шудааст.

Бинои мактаб аз ду ошёна иборат буда, барои 1240 ҷойи нишаст дар ду баст бунёд гардид. Муассисаи навсохт аз 27 синфхонаи барҳаво, аз ҷумла кабинетҳои фаннии химия, физика, математика, биология, астраномия, табиатшиносӣ, синфхонаҳои таълими меҳнат, омӯзиши ҳунарҳои мардумӣ, синфхонаи компютерӣ, китобхона, утоқҳои корӣ барои омӯзгорон ва кормандон, инчунин ҳуҷраҳои ёрирасон иборат мебошад. Дар муассиса маҳфили шоҳмотбозӣ амал мекунанд, ки хонандагон дар ин сабқати зеҳнӣ фаъолона ширкат меварзанд.

Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни шиносоӣ ба сатҳу сифати корҳои сохтмонӣ ва шароити фароҳамшуда дар мактаб баҳои баланд  додаанд. Бояд тазаккур дод, ки сохтмони муассисаи таълимӣ моҳи марти соли 2019 оғоз гардида, корҳои бунёдӣ бо ҷалби мутахассисони маҳаллӣ дар фурсати муқарраршуда бо сифати баланд ба анҷом расидааст. Дар ошёнаи якуми бинои муассиса ошхона мавҷуд аст, ки барои 50 ҷойи нишаст пешбинӣ гардидааст. Ҳамчунин барои ба варзиш ҷалб намудани наврасону ҷавонон дар муассисаи таълимӣ толори барҳавову муосири варзишӣ бо 100 ҷойи нишаст барои тамошобинон сохта шудааст. 

Дар толори варзишӣ асосан, бозиҳои волейбол, баскетбол ва дигар намудҳои варзиш гузаронда мешаванд. Минбаъд хонандагон имкон доранд, ки дар рафти машғулияти варзишӣ ба обу тоби бадан машғул шаванд. Бо мақсади баргузор намудани ҷамъомаду чорабиниҳои гуногуни оммавию фарҳангӣ дар ошёнаи дуюми муассисаи таълимӣ толори барҳавои маҷлис бо 150 ҷойи нишаст мавҷуд аст, ки он бо дастгоҳу таҷҳизоти зарурӣ муҷаҳҳаз мебошад.

Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо омӯзгорону хонандагон суҳбати самимӣ ороста, ба истифода додани муассисаи таълимии замонавиро туҳфаи арзишманди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба истиқболи сазовори ҷашни пуршукӯҳи таърихӣ – 30-солагии Истиқлоли давлатӣ, барои сокинони шарафманду меҳнатқарини деҳоти Лолазори ноҳияи Данғара арзёбӣ намуданд.

Президенти мамлакат таъкид карданд, ки аз шароитҳои муҳайёгардида дар муассисаи нави таълимӣ омӯзгорону хонандагон босамар истифода намуда, ба омӯзиши барномаҳои таълимӣ, хусусан фанҳои дақиқ, кор бо техникаю технологияи муосир ва омӯзиши забонҳои хориҷӣ дар доираи “Бистсолаи омӯзиш ва рушди фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ дар соҳаи илму маориф” солҳои 2020-2040 диққати ҷиддӣ зоҳир намоянд.

Омӯзгорону хонандагон бунёди муассисаи нави таълимиро ташаббуси ибратомӯз ва ғамхориҳои пайвастаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон нисбат ба соҳаи илму маориф арзёбӣ намуданд.

Ёдовар мешавем, ки Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии рақами 25 дар деҳаи Нурбахши деҳоти Лолазори ноҳияи Данғара ҳанӯз соли 1936 ба таври ҳашар сохта шуда, кӯҳна ва ба талабот ҷавобгӯ набуд. Бо дарназардошти зиёд шудани шумораи аҳолӣ дар шафати собиқ бинои мактаб синфхонаҳои иловагӣ низ бунёд карда шуданд, вале ҳанӯз ҳам хонандагон аз норасоии ҷойи нишаст танқисӣ кашида, дар шароити ногувор дарс мехонданд. Инак, бо қомат афрохтани бинои наву муҳташами муассисаи таълимӣ  мушкилоти ҷойдошта пурра бартараф гардида, орзуи деринаи сокинони деҳаҳои ҳамшафати Нурбахш, Офтобрӯя, Чаманоро ва Гулободи деҳоти Лолазор амалӣ гардид ва минбаъд хонандагон дар шароити замонавӣ таҳсил хоҳанд кард. Дар шафати бинои асосии мактаб бинои алоҳидаи дуошёна бо 7 синфхона бунёд шудааст, ки асосан барои гурӯҳҳои ибтидоӣ пешбинӣ шудааст.

Дар бинои хуштарҳи таълимӣ имкон аст, ки дар ду баст, 336 нафар хонандаи синфҳои аз 1 то 4 ба таҳсил фаро гирифта шаванд. Синфхонаҳо бо мизу курсӣ ва дигар аёнияти таълимӣ муҷаҳҳаз мебошанд. Тамоми синфхонаҳо, ҳуҷраҳои корӣ ва долонҳои муассисаи нави таълимӣ ба шабакаи гармидиҳӣ, ки тариқи ангиштсанг фаъолият мекунад, пайваст гардидаанд.

Масоҳати умумии Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии рақами 25 3,2 гектар буда, дар ҳудуди он майдони варзишӣ ва дигар иншооти ёрирасон низ мавҷуд аст. Ҳудуди иншоот сабзкорӣ ва чароғон шуда, зебою назаррабо мебошад.

Бо мақсади таъмини шароити арзандаи таҳсил барои хонандагон ва ба ин восита рушди соҳаи илму маориф  дар ноҳияи Данғараи вилояти Хатлон чун дигар шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ чораҳои саривақтӣ амалӣ карда мешаванд.

Танҳо дар ҳудуди деҳоти Лолазор 13 муассисаи таълимӣ мавҷуд буда, дар онҳо 5 ҳазору 320 нафар хонанда ба таҳсил фаро гирифта шудаанд. Ба иттилои масъулон дар маҷмуъ дар ноҳияи Данғара 80 муассисаи таҳсилоти миёнаи умумӣ ва 4 муассисаи таълимии томактабӣ амал мекунад. Литсейи тамоюли техникӣ ба номи Афлотун, Мактаби Президентӣ  барои кӯдакони болаёқат ва Гимназияи ҷумҳуриявӣ аз зумраи муассисаҳои таълимие мебошанд, ки раванди таълим дар мактабҳои типи нав ба меъёрҳои байналмилалӣ мутобиқ карда шудааст. Шумораи умумии хонандагон дар муассисаҳои таълимии ҳудуди ноҳияи Данғара 40 ҳазору 816 нафар буда, ба онҳо 2 ҳазору 123 нафар омӯзгор дарс мегӯянд, ки 960 нафарашонро занону бонувон ташкил медиҳанд.

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ифтитоҳи таълимгоҳи нави замонавиро ба кулли омӯзгорону хонандагон таҳният гуфта, аз фароҳам шудани шароити арзандаи илмомӯзӣ  масъулонро барои тарбияи насли ояндаи миллат дар руҳияи баланди ифтихори миллӣ ҳидоят карданд.

Источник: president.tj