Ифтитоҳи Муассисаи давлатии таълимии «Литсей-интернати шаҳри Турсунзода»

0
128

26 августи соли 2021 Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Муассисаи давлатии таълимии «Литсей – интернати шаҳри Турсунзода»-ро мавриди баҳрабардорӣ қарор дода, бо имконоти муосири таълиму тарбияи насли наврас дар он аз наздик шинос шуданд

Муассисаи давлатии таълимии «Литсей – интернати шаҳри Турсунзода» аз ду бинои дуошёна иборат буда, ба истиқболи ҷашни 30-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо иқдоми соҳибкори ватанӣ, роҳбари Ташкилоти ҷамъиятии хайриявии «Эҳёи Сомониён» Ҷӯрабек Муҳибов сохта шудааст.

Масоҳати умумии иншооти нави таълимӣ дар шаҳри Турсунзода се гектарро дар бар гирифта, корҳои сохтмониро 20 нафар мутахассиси маҳаллӣ дар давоми камтар аз 1 сол бо сифати баланд ба анҷом расондаанд.

Бинои таълимии «Литсей – интернати шаҳри Турсунзода» аз 44 синфхонаи муҷаҳҳази фаннӣ, аз ҷумла химия, физика, биология, математика, геометрия, омодагии дифои ҳарбӣ ва компютерӣ иборат буда, барои 1000 нафар хонанда дар як баст пешбинӣ гардидааст.

Дар ин даргоҳи маърифат бо мақсади расидан ба ҳадафҳои асосии «Бистсолаи омӯзиш ва рушди илмҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ дар соҳаи илму маориф», солҳои 2020-2040 дар асоси роҳнамоиҳои бевоситаи Сарвари маорифпарвари мамлакат ба омӯзиши илмҳои дақиқ таваҷҷуҳи бештар дода шуда, дар он барои хонандагони болаёқат муосиртарин шароит муҳайё карда шудааст.

Дар саҳни муассисаи таълимӣ бо мақсади тарғиби тарзи ҳаёти солим ва ҷалби хонандагону наврасон ба солимгардонӣ майдончаи муосири варзишӣ сохта шудааст.

Масоҳати иншооти варзишӣ 621 метри мураббаъро дар бар гирифта, барои баргузории машғулиятҳо бо хонандагон хеле мувофиқ мебошад.

Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аснои боздид аз синфхонаҳои таълимии ин даргоҳи маърифат ва шиносоӣ бо имконоти фароҳамкарда барои насли наврас дар он иқдоми соҳибкори ватаниро шоистаи дастгирӣ арзёбӣ карданд.

Источник: president.tj