Ифтитоҳи Муассисаи давлатии таълимии “Гимназияи ноҳияи Исмоили Сомонии шаҳри Душанбе”

0
114

20 августи соли 2021 Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ дар кӯчаи Мирзо Турсунзодаи пойтахт Муассисаи давлатии таълимии “Гимназияи ноҳияи Исмоили Сомонии шаҳри Душанбе”-ро мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд.

Бинои хуштарҳу замонавии гимназия аз се қисмати 4 ошёна бо таҳхона иборат буда, барои 2560 нафар хонанда дар ду баст пешбинӣ гардидааст.

Муассисаи нави таълимӣ дар доираи ҳидоятҳои ҳамешагии Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз ҷониби соҳибкори ватанӣ, роҳбари Гурӯҳи корхонаҳои “Ғаюр” Акабар Ғуломов бо харҷи 42 миллион сомонӣ сохта, ба истифода дода шудааст.

Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни боздид ва шиносоӣ бо шароити нави таълимӣ дар ин муассиса ба сифати корҳои анҷомёфта баҳои баланд дода, иқдоми соҳибкори ватаниро намунаи ибрат арзёбӣ карданд.

Сохтмони бинои таълимӣ дар шаҳри Душанбе соли 2018 оғоз шуда, корҳои бунёдкорию паймонкориро мутахассисони Гурӯҳи корхонаҳои “Ғаюр” бо сифати баланд ба анҷом расондаанд.

Лоиҳаи иншоот аз ҷониби Корхонаи воҳиди давлатии “Лоиҳакаш” омода гардидааст.

Дар рафти корҳои сохтмонӣ аз 100 то 150 нафар мутахассиси маҳаллӣ бо ҷойи кор ва маоши хуб таъмин буданд.

Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ифтитоҳи бинои нави таълимиро дар арафаи Соли нави хониш ва ҷашни 30-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон туҳфаи арзишманд барои хонандагону омӯзгорони пойтахти мамлакат маънидод карданд.

Бинои нави Муассисаи таълимӣ дар пойтахти мамлакат дорои 52 синфхонаи таълимӣ бо 13 кабинети фаннии муҷаҳҳаз бо шароити муосири донишомӯзӣ, аз ҷумла химия, биология, математика, физика, технологияи иттилоотӣ, география, озмоишгоҳҳо ва таълими меҳнат барои духтарону писарон мебошад.

Омӯзиш дар ин даргоҳи маърифат бо забонҳои тоҷикию рӯсӣ ба роҳ монда шуда, 70 нафар омӯзгори ботаҷриба ба таълиму тарбияи хонандагон ҷалб карда шудааст.

Китобхонаи барҳавои гимназия дорои наздики 10 ҳазор адабиёти гуногуни таълимию бадеӣ буда, толори хониши он дар асоси меъёрҳои мавҷуда ташкил гардидааст.

Гимназия ҳамзамон дорои маҷлисгоҳ бо 110 ҷойи нишаст, ошхона барои 210 нафар ва нуқтаи тиббӣ мебошад.

Дар муассисаи нави таълимӣ бо мақсади тарғиби тарзи ҳаёти солим ва ҷалби хонандагон ба намудҳои гуногун варзиш толори барҳавои варзишии зимистона ва майдончаи бозии тобистона ташкил гардидааст.

Аснои шиносоӣ бо шароити таҳсил дар гимназия Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба омӯзгорону дигар масъулон барои ҷалби ҳарчи бештари таваҷҷуҳи наврасону ҷавонон ба омӯзиши донишҳои муосир ва технологияи замонавӣ дастуру ҳидоятҳои мушаххас доданд.

Источник: president.tj