Ифтитоҳи меҳмонхонаи чорситорадор дар ноҳияи Исмоили Cомонии шаҳри Душанбе

0
97

20 августи соли 2021 Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ дар ноҳияи Исмоили Сомонии пойтахт меҳмонхонаи «Сафо Душанбе»-ро мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд.

Меҳмонхонаи чорситорадор бо тарҳи муосир ва бо назардошти санъати меъмории миллӣ ба ифтихори ҷашни 30-солагии Истиқлоли давлатӣ ва дар доираи «Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ» аз тарафи соҳибкорони ватанӣ бунёд карда шудааст.

Иншооти замонавӣ аз 13 ошёна иборат буда, дорои 86 ҳуҷра мебошад. Ошёнаи 12-уми бино барои қабули меҳмонони олиқадр пешбинӣ шуда, дар он шароити беҳтарин фароҳам мебошад. Дар ин ошёна барои қабулҳои расмӣ дар сатҳи намояндагони воломақоми кишварҳои хориҷӣ ва созмонҳои байналмилалӣ имконият мавҷуд буда, сатҳи баланди хизматрасонӣ барои буду бош ва истироҳати меҳмонон аз қабили, ҳамом, ошхонаи алоҳида, утоқҳои фароғатӣ ва ғайра ташкил гардидааст. Дар ошёнаи 13 бино барои меҳмонони олиқадр қаҳвахонаи дорои беҳтарин шароит ва айвонча барои тамошо намудани зебоиҳои шаҳри Душанбе бунёд кардаанд.

Ҳамаи ҳуҷраҳои меҳмонхона бо лавозимоти зарурӣ, аз қабили рахти хоб, ҷевон, телевизорҳои замонавӣ ва ғайра таъмин гардида, ҷавобгӯ ба стандарти байналмилалӣ мебошанд.

Бунёди меҳмонхонаи нав бо шароити арзандаи қабул дар пойтахт рушди бештари соҳаи сайёҳии мамлакатро таъмин менамояд ва дар ин замина 80 нафар соҳиби ҷойи кори доимӣ гардидааст.

Зимни шиносоӣ бо шароити бино ба Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иттилоъ дода шуд, ки дар меҳмонхонаи чорситорадор имкон аст дар як вақт ба 135 нафар хизмат расонида шавад.

Дар бинои муосир ҳамчунин маҷлисгоҳ бо 85 ҷойи нишаст, толори машваратӣ, тарабхона барои қабули 80 нафар, қаҳвахона ва дигар утоқҳои ёрирасон ташкил карда шудааст.

Долон, лифт, инчунин ҳуҷраҳо ва дигар иншооти меҳмонхона бо истифода аз масолеҳи баландсифати сохтмонӣ бо усули меъмории миллӣ, албатта бо назардошти талаботи замони кунунӣ нақшбандӣ ва гулкорӣ шудаанд, ки санъати баланди тоҷиконро дар бинокорӣ бозгӯ мекунад.

Ҳашамати бинои «Сафо Душанбе» ва зебоиҳои атрофи он зебоии ин гӯшаи пойтахти мамлакат шаҳри Душанберо таъмин менамояд.

Корҳои сохтмониро дар иншоот Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди «Декор инвест» бо ҷалби беш аз 300 нафар сохтмончии маҳаллӣ анҷом додааст.

Ёдовар мешавем, ки корҳои сохтмонӣ дар меҳмонхонаи «Сафо Душанбе» моҳи октябри соли 2019, баъди гузоштани санги асос аз ҷониби Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ оғоз гардида, дар як давраи кутоҳ, яъне дар вақти муайяншуда бо сатҳ ва сифати баланд ба анҷом расонида шудаанд.

Маврид ба таъкид аст, ки дар баробари меҳмонхонаи замонавии “Сафо Душанбе” дар шаҳри Душанбе сохтмони боз 12 меҳмонхонаи дигари чор ва панҷситорадор идома дорад. Бунёди чунин иншооти муҳими хизматрасонӣ дар пойтахт ба хотири дар сатҳи баланд қабул намудани меҳмонони хориҷӣ дар чорабиниҳои сатҳи бналмилалӣ, аз ҷумла Ҷаласаи шӯрои сарони давлатҳои Созмони ҳамкории Шанхай ва Иҷлоси шӯрои сарони давлатҳои Созмони Аҳдномаи Амнияти дастъҷамъӣ роҳандозӣ гардидааст.

Дар ин мавзеъ, ҳамчунин аз тарафи коргарони ширкати «Декор инвест» дар масоҳати 5 гектар, дар асоси нақшаи генералии шаҳри Душанбе бунёди шаҳраки замонавӣ бо биноҳои истиқоматию хизматрасонӣ, муассисаи таълимӣ барои 640 хонанда, муассисаи томактабӣ барои 150 кӯдак, майдончаҳои варзиш, майдонча барои бозии кӯдакон, айвону гулгаштҳои истироҳатӣ ва таваққуфгоҳ бо фароҳам овардани шароити хуб барои зиндагии сокинон идома дорад.

Тибқи иттилоъ аз 21 бинои истиқоматии дар шаҳрак бунёдшаванда дар 4 бино, ки иборат аз 160 ҳуҷра буда, масоҳати манзили зист 16 ҳазор метри мураббаъро ташкил медиҳад, омодаи баҳрабардорӣ мебошад. 6 бинои истиқоматии дигар бошад то охири соли равон ба истифода дода мешаванд. Дар боқимонда иншоот, аз ҷумла муассисаҳои таълимии миёнаи умумию томактабӣ, варзишӣ ва фароғатии шаҳрак корҳои сохтмонӣ идома доранд.

Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба иқдоми соҳибкори маҳаллӣ ҷиҳати саҳм гузоштан дар рушди соҳаи сайёҳӣ ва ободии пойтахти мамлакат-шаҳри Душанбе баҳои баланд дода, масъулинро ба истифодаи самараноки имконоти мавҷуда дар меҳмонхона ҳидоят намуданд.

Равшании атрофи биноро чароғакҳои гуногунҳаҷму гуногуншакл дар сутунпояҳои баландиашон аз ҳамдигар фарқкунанда таъмин менамояд. Худи бино ҳам пурра чароғон мебошад ва рангорангию ҷилои ба меҳмонхона хос, ки дар асоси қарори раиси шаҳри Душанбе оид ба равшаннамоии бинову иншооти пойтахт таъмин гардидааст, диққати ҳар бинандаро ба худ ҷалб мекунад.

Источник: president.tj