Ифтитоҳи маркази ташхиси-табобатии «Дармонгоҳи Хуҷанд» дар маҳаллаи Навбаҳори шаҳри Хуҷанд

0
163

Имрӯз Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар маҳаллаи Навбаҳори шаҳри Хуҷанд маркази ташхисӣ-табобатии «Дармонгоҳи Хуҷанд»-ро расман ифтитоҳ намуданд.

Маркази ташхисӣ-табобатӣ бо саҳми соҳибкори маҳалли Хайрӣ Ваҳҳобова дар асоси лоиҳаи меъёрии соҳаи тандурустӣ дар масоҳати наздики 250 метри мураббаъ, иборат аз 4 ошёна бо таҳхона сохта, дар марказ шароити замонавии ташхису табобат ва хизматрасонии тиббӣ фароҳам оварда шудааст.

Дар маркази ташхисӣ-табобатии «Дармонгоҳи Хуҷанд» намудҳои зиёди ташхис, муолиҷа ва хизматрасониҳои тиббӣ-санитари пешбинӣ гардидаанд. Дар муассиса ташхису табобати касалиҳои дарунӣ, урологӣ, системаи асаб, гӯшу гулӯю бинӣ, чашм, амрози занона бо истифода аз дастгоҳу таҷҳизоти муосири тиббӣ дар шароити меъёри гузаронида мешаванд.

Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба муассиси Марказ ва табибону кормандон дастур доданд, ки ба сифати хизматрасонии тиббӣ, муошират бо беморон диққати ҷиддӣ диҳанд ва ба ҳамаи қоидаю талаботи санитарӣ, тозагӣ комилан риоя намоянд. Зеро ташхису табобат ва дараҷаи солимӣ пеш аз ҳама аз иҷрои ин талаботу нишондиҳандаҳо вобастагии калон дорад.

Дар муассиса ҳамаи шароитҳои меъёрии талаботи тиббӣ-санитарии безараргардонӣ, таъмизгардонии дастгоҳу таҷҳизот ва лавозимоти тиббӣ фароҳам буда, дастгоҳҳои автоклав, ҷевонҳои хушкнигоҳдорӣ, катҳои функсионалии махсуси барқӣ ва дигар лавозимоти соҳа дар ҳуҷраи безаргардонӣ ва таъмизгардони пурра таъмин мебошанд.

Дар марказ бо таъсиси блоки ҷарроҳӣ бо ҳуҷраҳои пеш аз ҷарроҳи, баъди ҷарроҳӣ ва малҳамбандӣ бо муҷаҳҳазгардонӣ мувофиқи талаботи тиббӣ-санитарӣ бо дастгоҳу таҷҳизот ва лавозимоти тиббӣ имконияти гузаронидани ҳамаи намуди ҷарроҳиҳои хурд мавҷуданд.

Аз ҷумла, ҷарроҳиҳои узвҳои дарунӣ, ҷарроҳиҳои урологӣ, узвҳои занона, гӯшу гулӯю бини ва ҳамчунин, ҷарроҳиҳои лазерии рагҳои хунгарди пой гузаронида мешаванд.

Дар ин муассисаи тиббӣ-хусусӣ ҳуҷраҳои стоматологияи калонсолон ва кӯдакона дар алоҳидаги таъсис дода шудаанд.

Ҳуҷраи гинекологӣ бо дастгоҳи муосири тиббӣ колпаскопӣ, муҷаҳҳаз карда шудааст, ки тавассути он якчанд намуди амрози занона, хусусан, бемории гарданаки бачадон бо усули пешрафта, бо истифода аз таҷҳизоти муосири рақами ташхис ва табобат карда мешаванд.

Муассисаи маркази ташхисӣ-табобатии «Дармонгоҳи Хуҷанд» бо дастгоҳу таҷҳизоти муосири тиббӣ, аз ҷумла сабти барқии дил, дастгоҳи ултрасадои сохти «Ҷенерол-электрик»-и ИМА, дастгоҳи ҷарроҳии лазерӣ, мизҳои муосири чарроҳӣ, дастгоҳҳои офиятбахшӣ ва дигар лавозимоти тиббӣ муҷаҳҳаз мебошад.

Дар муассиса се озмоишгоҳ – клиникӣ, биохимиявӣ ва иммуноферментӣ барои таҳлилҳои умумӣ, таҳлили кори узвҳои дарунӣ ва таҳлили ҳамаи намуди нишондиҳандаҳои хун таъсис ёфтаанд. Дар маркази тиббӣ-хусусӣ барои бистарикунии беморон дар ду ошёна барои 20 кати беморӣ ҳуҷраҳои замонавӣ бо ҳамаи шароитҳои меъёри ташкил гардидаанд. Ҳар як ҳуҷраи бистаринамои бо мебелу таҷҳизоти истеҳсоли корхонаи ватанӣ таъмин карда шуда, дорои утоқҳои санитарӣ-гигиении алоҳида мебошанд.

Дар муассиса барои табобати офиятбахшӣ ҳуҷраҳои алоҳида таъсис ёфта, гӯшаи гиёҳдармонӣ бо мақсади васеъ истифода бурдани табобату дармонҳо аз гиёҳу растаниҳо ва меваҷоти табиии Тоҷикистони биҳиштосо бо ҳамаи шароитҳо ташкил карда шудааст. Ошхона, толорҳои барҳаво ва долонҳои зебо барои истироҳату фароғати беморон пешбинӣ гардидаанд.

Дар маркази тиббӣ хусусӣ 25 нафар табибон-мутахассисони дорои донишу таҷриба ва кормандони миёнаи тиб ба кор ҷалб шудаанд. Муассиси марказ ва табибон ба Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои дастгириҳои ҳамешагии соҳаи тандурустӣ, имкониятҳои васеъ барои ташкили чунин муассисаҳои тиббӣ-хусусӣ баҳри солимии аҳолӣ изҳори сипосу миннатдорӣҷ намуданд. 

Источник: president.tj