Ифтитоҳи Маркази стоматологии вилояти Хатлон дар шаҳри Бохтар

0
172

27 октябр Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Бохтар Маркази стоматологии вилояти Хатлонро мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд.

Бинои нави дуошёна бо тарҳи муосир сохта шуда, дар таҳхонаи он ҳуҷраҳои ёрирасони табобати дандон ҷойгир карда шудааст, ки барои беморон шароити муосири табобати дандон фароҳам оварда шуд.

Дар асоси лоиҳа Маркази стоматологии вилояти Хатлон аз 4 шуъба, аз ҷумла шуъбаҳои муолиҷавӣ, ҷарроҳии кӯдакона ва ғайра иборат буда, бо дастгоҳу таҷҳизоти навтарини тиббии истеҳсоли кишварҳои пешрафтаи дунё муҷаҳҳаз гардонда шудааст.

Масоҳати умумии бинои навбунёд 960 метри мураббаро ташкил медиҳад.

Барои ташхиси саривақтӣ, дақиқ ва зуд муайян намудани бемориҳои стоматологӣ, табобат, пармакунӣ, ҷарроҳии ҷоғ ва бо сифат сохтани дандон 15 таҷҳизоти нав харидорӣ карда шудааст.

Дастгоҳу таҷҳизоти тиббӣ аз ҷониби Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон харидорӣ ва васлу насб гардидааст, ки аз ин пас барои ташхису табобати саҳеҳ ва саривақтии беморон истифода мешаванд.

Фармоишгари бино Раёсати сохтмони асосии вилояти Хатлон буда, он бо сифати баланд ва ҷавобгӯ ба талаботи замони имрӯза бунёд карда шудааст. 

Маркази стоматологии вилояти Хатлон дар доираи нақшаи чорабиниҳо бахшида ба чашни 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҷониби Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон сохта шуда, барои табибон имконоти созгори фаъолият ташкил гардид. Табибон бо истифода аз дастгоҳу таҷҳизоти муосир метавонанд ба сокинон хизмати босифати тиббӣ расонанд.

Таҳлилҳо нишон медиҳанд, ки солҳои охир шумораи нафароне, ки аз бемориҳои дандон шикоят мекунанд, афзоиш ёфтааст ва бунёди маркази наву замонавӣ саривақтӣ мебошад.

Пас аз мавриди истифода қарор гирифтани Маркази стоматологӣ дар маркази маъмурии вилояти Хатлон – шаҳри Бохтар 50 нафар табиб, ба хусус кадрҳои ҷавон бештар аз ҳисоби занон бо ҷойи кори доимӣ таъмин гардиданд.  

Источник: president.tj