Ифтитоҳи Маркази логистикии Агентии захираҳои моддии давлатӣ дар ноҳияи Рӯшон

0
228

20 август Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Маркази логистикии Агентии захираҳои моддии давлатӣ назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ноҳияи Рӯшон ҷойгир аст, мавриди истифода қарор доданд.

Базаи навбунёди замонавӣ дар ин ноҳияи дурдасти мамлакат дар масоҳати 1,5 гектар бунёд гардида, дорои 5 анбори бузургҳаҷм аз ҷумла, 3 анбори маводи ғизоӣ, як анбори маводи сухт, як анбори масолеҳи сохтмонӣ ва дигар иншооти ёрирасон мебошад. Дар маҷмуъ ин анборҳо иқтидори як ҳазору 500 тонна маводи зарурии рӯзгорро доранд.

Маврид ба таъкид аст, ки Базаи Агентии захираҳои моддии давлатии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон воқеъ дар ноҳияи Рӯшон бевосита бо супориши Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо мақсади ба танзим даровардани нарх ва таъмин намудани аҳолӣ бо маводи ғизоӣ, сузишворӣ ва масолеҳи сохтмонӣ дар мавсимҳои гуногуни сол бунёд карда шудааст.

Корҳои сохтмонӣ дар ин иншооти муҳим соли 2017 оғоз гардида, бо ҷалби беш аз 150 нафар мутахассиси маҳаллӣ бо сатҳу сифати баланд ва мутобиқ ба меъёрҳои замони муосир анҷом ёфтааст. Дар базаи мазкур бинои ду ошёнаи маъмурӣ сохта шудааст, ки 10 утоқи кории муҷаҳҳаз бо дастгоҳу таҷҳизоти зарурӣ ва ҳуҷраҳои хоб барои кормандон дорад. Ҳамчунин дар ин бино ошхона бо 40 ҷойи нишаст мавҷуд аст. Барои дастрасии мардум бо маводи аввалияи ғизоӣ ду мағозаи доимоамалкунандаи фуруши маҳсулот низ таъсис ёфтааст.

Бо ифтитоҳи Базаи Агентии захираҳои моддии давлатии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ноҳияи Рӯшони Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон беш аз 30 нафар аз сокинони маҳаллӣ бо ҷойи кори доимӣ ва маоши хуб таъмин гардиданд.

Асонои шиносоӣ аз шароитҳои фароҳамшуда дар базаи мазкур Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар самти захира намудани маводи ғизоӣ ва дигар намуди маҳсулоти зарурии рӯзгор ва таъмини сокинони Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон бо маводи озуқаворӣ дар ҳамаи фаслҳои сол ба масъулон дастуру супоришҳои мушаххас доданд.

Анбори дигари иншоот барои захира кардани 250 тонна маводи сузишворӣ пешбинӣ шудааст. Барои дастрасии бемамонияти сокинону меҳмонон ба маводи сӯзишворӣ дар шафати базаи муосири навбунёд нуқтаи фуруши сузишворӣ аз тарафи агентӣ ташкил гардидааст, ки бо нархҳои нисбатан арзон пешниҳоди харидорон мегардад.

Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни суҳбат бо масъулони Агентии захираҳои моддии давлатии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон барои бунёд ва мавриди истифода қарор гирифтани чунин иншооти муҳташами замонавӣ дар ноҳияи Рӯшони Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон изҳори сипос намуда, дастур доданд, ки базаҳои захиравии маводи ғизоӣ ва маҳсулоти заруриро дар дигар шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ минбаъд низ марҳила ба марҳила таъсис диҳанд.

Иттилоъ дода шуд, ки айни замон дар шаҳру ноҳияҳои Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон 8 анбори бузурги нигаҳдории маводи аввалияи ғизоӣ бо иқтидори ғунҷоиши 15 ҳазор тонна мавҷуд аст. Дар баробари ин 33 нуқтаи фуруш, ки доимо амал мекунанд, таъсис дода шудааст. Танҳо дар ноҳияи Рӯшон 8 нуқтаи доимоамалкунанда фуруши маҳсулоти озуқаворӣ фаъолият мекунанд.

Ба таъкиди Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар шароити кунунӣ бунёди чунин иншооти муҳим, ки асосан барои захираи маводи ғизоию сузишворӣ ва масолеҳи сохтмонӣ ва таъмини аҳолӣ бо он пешбинӣ шудааст, муҳиму саривақтӣ мебошад.

Мавриди зикр аст, ки дар асоси дастуру супоришҳои бевоситаи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Шуғнони Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон аз тарафи Агентии захираҳои моддии давлатии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Корхонаи ордбарорӣ таъсис ёфтааст, ки бо иқтидори 50 тонна дар як шабонарӯз фаъолият менамояд ва дар анбори корхона имкон аст 6 ҳазор тонна ғалла захира гардад.

Ҳадаф аз таъсиси корхонаи коркарди гандум дар ин ноҳияи баландкӯҳ таъмини сокинони Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон бо орди истеҳсоли ватанӣ аст.

Акнун, бо бунёд гардидани базаи дорои анборҳои барҳавову бузургҳаҷм дар ноҳияи Рӯшони Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон пеш аз ҳама имкони васеи захира кардани намудҳои зиёди маҳсулот аз ҷумла, орд ва дигар номгӯи маводи аввалияи ғизоӣ фароҳам гардид. Ҳамаи ин табрирҳои созанда дар заминаи татбиқи ҳадафи стратегии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон – таъмини амнияти озуқаворӣ амалӣ шуда истодаанд.

Атроф ва дохили иншоот майсазор ва гулкорӣ гардида, дарахтони ороишии ҳамешасабз шинонида шудааст.

Источник: president.tj