Ифтитоҳи Маркази фарҳангӣ-фароғатӣ ва варзишии “Ширин” дар деҳоти Ворухи шаҳри Исфара

0
88

9 апрел Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар доираи сафари корӣ ба шаҳру ноҳияҳои вилояти Суғд дар деҳоти Ворухи шаҳри Исфара нахуст Маркази фарҳангӣ-фароғатӣ ва варзишии “Ширин”-ро мавриди истифода қарор доданд.

Ин иншоот бо ҷонибдорӣ аз сиёсати созандаи роҳбарияти олии давлату Ҳукумати мамлакат дар доираи омодагиҳо ба ҷашни 30-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз тарафи соҳибкори ватанӣ Сорбон Савриддинов мутобиқ ба талаботи замони муосир сохта шудааст.

Маркази фарҳангӣ-фароғатӣ ва варзишии “Ширин” дар 2 гектар замин бунёд ёфта, дорои майдончаҳои варзишии замонавии кушодаю болопӯшида ва 2 ҳавзи шиноварӣ барои кӯдакону калонсолон мебошад.

Майдончаҳои кушода ва болопӯшидаи маркази хизматрасонӣ барои бозии футболи хӯрд, волейбол, баскетбол ва дигар намудҳои варзиш пешбинӣ шуда, барои варзишгарон  ҷойҳои либосивазкунӣ ва дигар шароити зарурӣ муҳайё карда шудааст.

         Ҳамчунин дар ин марказ 3 суҳбаткада ва боғи истироҳатӣ бо атраксионҳо бунёд карда шудааст, ки ба макони асосии истироҳату фароғати сокинони деҳоти Ворух табдил ёфтааст.

Дар баробари иншооти варзишӣ ҳамзамон дар ҳудуди маркази фарҳангӣ – фароғатӣ меҳмонхона барои қабули 15 нафар дар як вақт, нуқтаи хӯроки умумӣ ва шустушӯи воситаҳои нақлиёт сохта шудааст.

Маркази фарҳангӣ – фароғатӣ ва варзишии “Ширин” бо харҷи беш аз 2 миллион сомонӣ бунёд гардидааст.

Дар доираи тадбирандешии Ҳукумати мамлакат ҷиҳати ба шуғли доимӣ фаро гирифтани аҳолӣ дар иншооти навбунёди шаҳри Исфара беш аз 30 нафар сокинони маҳаллӣ бо ҷойи кори доимӣ ва маоши хуб таъмин гардиданд.

  Корҳои сохтмонӣ дар иншооти мазкур бо ҷалби беш аз 40 нафар мутахассисони Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди “Бинокор” бо сифати баланд ва ҷавобгӯ ба талаботи замон ба анҷом расонида шудааст.

Бо мақсади таъмини марказ бо об аз масофаи қариб ду километр об оварда шуда, бо истифода аз таҷҳизоти муосир оби ҳавзҳои шиноварӣ тоза карда мешавад.

Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аснои шиносоӣ бо шароити фароҳамгардида дар маркази хизматрасонӣ ба соҳибкори ватанӣ барои бо ҳисси баланди ватандӯстӣ ва саҳм гузоштан дар татбиқи ҳадафҳои созандаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон изҳори сипосу миннатдорӣ намуданд.

Майдончаҳои варзишӣ ва ҳудуди Маркази фарҳангӣ-фароғатӣ пурра чароғон карда шуда, шабонгоҳ барои машғул шудан ба варзиш ва истироҳату фароғати сокинону меҳмонон мувофиқ мебошад.

Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз рӯзҳои аввали Истиқлоли давлатӣ дар доираи татбиқи барномаҳои гуногун бо мақсади оммавигардонии варзиш ва тарғиби тарзи ҳаёти солим дар ҳама шаҳру ноҳияҳои мамлакат бо бунёду мавриди истифода қарор додани чунин иншооти замонавӣ барои насли ҷавону ояндадори миллат шароити мусоид фароҳам овардааст.

Маркази фарҳангӣ – фароғатӣ ва варзишии “Ширин” дар замини бекорхобида бунёд карда шудааст.

Бунёди иншооти муосири фарҳангӣ-фароғатӣ дар доираи эълони “Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ” тӯҳфаи арзандаи Ҳукумти мамлакат барои сокинони деҳоти Ворухи шаҳри Исфара мебошад.

Соҳибкорони деҳоти Ворух бо ҷонибдорӣ аз сиёсати созандаи роҳбарияти олии кишвар ҷиҳати дар сатҳи баландаи созандагӣ истиқбол гирифтани ҷашни умумилӣ-30-солагии Истиқлоли давлатӣ саҳми хешро дар ободии диёр мегузоранд.

Аз ҷониби соҳибкор Сорбон Савриддинов дар баробари бунёди Маркази фарҳангӣ-фароғатӣ ва варзишӣ қариб як километр роҳи маҳалла сангфарш карда шуда, як пули мошингузар бо дарозии 6 ва паҳноии 5 метр сохта ба истифода дода шудааст.  

Дар доираи корҳои ободонию созандагӣ дар ҳудуди Маркази фарҳангӣ-фароғатӣ ва варзишии “Ширин” беш аз 400 бех ниҳолҳои ороишию мевадиҳанда, аз ҷумла себ, нок, гелос ва зиёда аз 30 ҳазор бех гулҳои рангоранг шинонда шудааст, ки ба ободии ин гӯшаи Ватан зебоии дигар зам намудааст.

Источник: president.tj