Ифтитоҳи марҳилаҳои якум, дуюм ва муаррифии лоиҳаи таҷдиду навсозии марҳилаи сеюми роҳи “Душанбе – Бохтар”

0
87

29 октябр Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон марҳилаҳои якум ва дуюми роҳи мошингарди дорои аҳамияти байналмилалии “Душанбе – Бохтар”- ро, ки беш аз 75 километрро ташкил медињанд, пас аз таҷдиду навсозӣ мавриди истифода қарор доданд.

Иттилоъ дода шуд, ки марҳилаи аввали лоиҳа 33,2 километрро дар бар гирифта, дар натиҷаи амалӣ гаштани он, роҳ аз категорияи сеюм ба категорияи яки “Б” гузаронида шуд. Паҳноии роҳ аз 16 то 25 метрро ташкил медиҳад.

Тибқи лоиҳа роҳ бо харҷи наздики 97 миллион доллари америкоӣ маблағҳои грантӣ ва қарзии Бонки Осиёии Рушд, Фонди ОПЕК ва беш аз 17 миллион доллар саҳми Ҷумҳурии Тоҷикистон бунёд карда шуд.

Роҳи мазкур бо иштироки наздики 400 нафар кормандону мутахассисони тоҷик ва 50 мутахассиси хориҷӣ мутобиқ ба талаботи меъёрҳои байналмилалии роҳсозӣ бунёд шудааст.

Мутобиқи нақша дар рафти таҷдид ва азнавсозӣ аз ду самти ҳаракат сохтмони 4 пул, 4 гузаргоҳи зеризаминӣ барои чорво ва техникаҳои кишоварзӣ, як гузаргоҳи болоизаминӣ барои пиёдагардон, 69 қубур ва васеъ кардани роҳ бо сифати баланд ба анҷом расонида шудааст.  

Ҳамзамон дар минтақаҳои аҳолинишин ва гардишгоҳҳо аз ду шафати роҳ беш аз 500 ҷароғаки равшанидиҳанда бо истифодаи энергияи офтобӣ насб гардидааст.

Лозим ба таъкид аст, ки дар вақти сохтмони роҳи мазкур мутахассисони соҳибтаҷриба ҷалб гардида, дар асоси дастуру супоришҳои Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон оид  ба таъмини сифати корҳои бунёдӣ, роҳ ба стандартҳои ҷаҳонӣ мутобиқ карда шуд.

Ҳангоми иҷрои корҳо инчунин ба масъалаи ободонии канори шоҳроҳ таваҷҷӯҳи хоса равона гардида, дар масоҳати беш аз 25 ҳазор метри мураббаъ корҳои кабудизоркунӣ анҷом пазируфтааст.

Тибқи лоиҳа дар роҳи мошингарди дорои аҳамияти байналмилаллии “Душанбе – Бохтар” байни роҳ ба пуррагӣ бо деворҳои ҳимоявӣ ҷудо карда шуда, бехатарии ҳаракати воситаҳои нақлиёт таъмин мебошад.

Илова бар ин, дар доираи марҳилаи якуми лоиҳа, бо мақсади беҳтарсозии инфрасохтори роҳ, нуқтаҳои хизматрасонӣ – хонаи модару кӯдак, бозорчаи мавсимӣ, таваққуфгоҳ ва нуқтаи санитарӣ бунёд карда мешавад.

Инчунин, дар марҳилаи аввал, татбиқи банди алоҳида аз ҳисоби “Фонди энергияи тоза” ба нақша гирифта шудааст, ки тибқи он насби насосҳои обкашӣ бо истифодаи энергияи офтобӣ, хобонидани қубурҳои обгузар ва бо оби ошомиданӣ таъмин намудани шаш маҳалли аҳолинишин, бо барқ таъмин намудани як бунгоҳи тиббӣ ва бунёди як муассисаи таҳсилоти миёнаи умумӣ дар ноҳияи Рӯдакӣ ва равшаннамоии нақби “Озодӣ” амалӣ карда мешаванд.

Ҷиҳати иҷрои супориши Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, аз ҳисоби марҳилаи якум таҷдиду азнавсозии роҳи қитъаи бозори “Корвон” бо дарозии қариб 2 километр ба анҷом расонида шудааст.

Қобили тазаккур аст, ки корҳои сохтмонӣ дар роҳи дорои аҳамияти байналмилалии “Душанбе – Бохтар” бо иштироки бевоситаи Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон 26 октябри соли 2017 оғоз гардида буд ва ҳамакнун дар доираи таҷлили ҷашни 30 – солагии Истиқлолияти давлатӣ пурра ба истифода дода шуд.

Марҳилаи дуюми таҷдиди шоҳроҳи “Душанбе – Бохтар” яке аз се қисми асосии лоиҳаи азнавсозии шоҳроҳи мазкур ба ҳисоб рафта, аз километри 33 то километри 73 – юмро дар бар мегирад ва пурра аз ҳудуди ноҳияи Хуросон мегузарад.

Дарозии умумии роҳи мазкур 35 километру 575 метрро дар бар мегирад ва паҳноии он аз 23 то 27 метрро ташкил дода, бо 4 хатти ҳаракати 3,5 метра ба ду самт бо пойдеворҳои бетонӣ ҷудо карда шудааст.

Ин қисмати шоҳроҳ аз ҳудуди 3 ҷамоати деҳоти ноҳия мегузарад.

Лоиҳаи мазкур бо дастури бевоситаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон соли 2018 роҳандозӣ гардида, корҳои сохтмону азнавсозии он худи ҳамон сол шуруъ шуда буд.

Арзиши лоиҳавии корҳо 56 миллион доллари америкоиро дарбар гирифта, корҳои лоиҳаро 18 машваратчӣ ва 211 нафар коргари маҳаллӣ анҷом додаанд. Инчунин дар рафти татбиқи лоиҳа дар  маҷмуъ 112 техника сафарбар гардид.

Дар масири шоҳроҳ бо дарозии 15 ҳазору 725 метр роҳи пиёдагард ва бо дарозии 762 ҳазору 800 метр новаҳои обрав бунёд карда шудааст.

Ҳамчунин дар маҳалҳои аҳолинишин, гардишгоҳҳо ва болои пулҳо 710 сутунчароғ бо дарозии 6 ҳазору 672 метр насб карда шуд.

Дар ин марҳилаи роҳ дар маҷмӯъ 9 пул, аз ҷумла 8 пул азнавсозӣ ва 1 пули дигар таъмир гардидааст.

Илова бар ин бо мақсади бартарафкунии монеаҳо ва тезонидани корҳои таҷдид дар масири шоҳроҳ 6 ҳазору 200 метр хатти баландшиддати барқ ва 33 ҳазору 700 метр хатҳои алоқа кӯчонида шуда, 45 қубури обгузар бо дарозии 1 ҳазору 546 метр васл карда шуд.

Дар 6 қитъаи роҳ гузаргоҳ барои рондани чорво ва гузаштани техникаҳои хоҷагидорӣ бунёд ёфта, дар 93 қитъа роҳҳои баромаду даромад ва бо мақсади танзими ҳаракати роҳу нақлиёт 817 аломати ишоравии роҳ гузошта шуда, 40 истгоҳ муқаррар гардидааст.

Бо мақсади аз харобшавӣ эмин нигоҳ доштани роҳ ба дарозии 16 ҳазор метр корҳои насби новаҳои обпарто аз ду канори роҳ анҷом ёфтааст.

Ба масоҳати беш аз 125 ҳазор метри мураббаъ анҷом додани корҳои кабудизоркунӣ ва шинонидани дарахтони ороишиву ҳамешасабз аз ҷумлаи корҳои дигари ба итмомрасида маҳсуб меёбанд.

Ҳамчунин бунёди деворҳои ҳимоявии оҳану бетонӣ дар 13 қитъа бо дарозии 1 ҳазору 200 метр анҷом дода шуд.     

Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳангоми шиносоӣ аз роҳи мазкур ҷиҳати дар сатҳи баланд анҷом додани корҳои сохтмонӣ аз фаъолияти масъулин ва дигар мутахассисони варзида изҳори қаноатмандӣ намуданд.

Имрўз Сарвари давлат муњтарам Эмомалї Рањмон дар ду марњилаи роњи “Душанбе – Бохтар” зиёда аз 75 километр роњ, 1  њазору 170 метр купрук, 24 њазору 752 метр пиёдароњро ба истифода доданд.

Пешвои миллат муњтарам Эмомалӣ Раҳмон пас аз шиносоии пурра бо љараёни корњои анљомёфта дар ду марњилаи роњи “Душанбе – Бохтар” дар њамин љо   бо лоиҳаи сохтмони марҳилаи сеюми ин роҳи автомобилгарди дорои аҳамияти байналмилалї шинос гардиданд.

Марҳилаи сеюми роҳ аз қитъаи Қизилқалъа то шаҳри Бохтар масофаи 9,2 километрро дар бар мегирад.

Дар ин марҳила бунёди 2 пули нав, 8 истгоҳ, 16 қубури обгузар, дар тули 4 километр насби чароғҳои равшанидиҳанда, сохтмони пиёдароҳ дар масоҳати 9 ҳазору 500 метри мураббаъ ва гузоштани аломатҳои ишоравӣ дар тамоми мавзеи роҳ пешбинӣ гардидааст.

Маблағгузории марҳилаи сеюм 31 миллион долларро ташкил медиҳад, ки кӯмаки грантӣ аз ҳисоби Ҳукумати Ҷопон тавассути Агентии Ҷопон оид ба ҳамкории байналмилалӣ (JICA) мебошад.

Ҳадафи татбиқи лоиҳа боз ҳам беҳтар кардани ҳамлу нақл ва таъмини бехатарии ҳаракат дар роҳ дар қисми шоҳроҳи “Душанбе – Бохтар” тавассути таҷдиди қитъаи роҳи автомобилгарди “Қизилқалъа – Бохтар” ва ҳамин тавр мусоидат намудан ба рушди иқтисоди миллӣ маҳсуб меёбад.

Дар доираи лоиҳа корҳои васеъ кардани ду канори роҳ ба нақша гирифта шуда, рафтуомади воситаҳои нақлиёт аз 2 самти ҳаракат ба 4 қатор расонида мешавад.   

То имрӯз аз ҷониби мутахассисони тоҷик дар ҳамкорӣ бо мутахассисони кишвари Ҷопон корҳои насб ва ба кор даровардани заводи бетон, буридани қисми болоии хок ва сохтмони комаи роҳ анҷом дода шуда, сохтмони 2 пул, қубурҳои чоркунҷашакл ва қабатҳои асосии роҳ оғоз гардидааст.

Аз руи маълумоти масъулин дар рафти сохтмони марҳилаи сеюми роҳ 100 нафар мутахассиси ватанӣ 20 мутахассиси хориҷӣ, 50 техникаи пуриқтидори соҳавӣ ҷалб карда мешаванд.

Тибқи нақша роҳи мазкур то соли 2024 бо сатҳу сифати баланди ҷавобгӯ ба меъёрҳои байналмилалӣ сохта мавриди истифода қарор дода мешавад, ки дар натиҷа рафтуомади бемамониати ҳамагуна воситаҳои нақлиёт тариқи ин масир таъмин мегардад.

Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳангоми шиносоӣ бо лоиҳаи роҳи сохташаванда ба масъулин ва дигар сохтмончиён ҷиҳати анҷоми босифати корҳои бунёдӣ дастуру маслиҳатҳо дода, таъкид намуданд, ки роҳ тавре бояд сохта шавад, ки солиёни дароз ба мардум хизмат расонад.  

Роҳи автомобилгарди “Душанбе – Бохтар” дар доираи Ҳамкориҳои Иқтисодии Минтақаи Осиёи Марказӣ, долонҳои 2, 5 ва 6 ҳамчун роҳи байналмилалӣ бунёд гардида, Ҷумҳурии Тоҷикистонро бо ҷумҳуриҳои Туркманистон, Афғонистон, Эрон, Покистон ва бандарҳои баҳрӣ пайваст намуда, дар ҳамлу нақли молу маҳсулоти минтақа саҳми бузург дорад.

Бояд ёдовар шуд, ки дар замони соҳибистиқлолии кишвар Ҳукумати мамлакат корҳои зиёдеро ба анҷом расонида, даҳҳо лоиҳаи сармоягузориро татбиқ намуд, ки дар доираи онҳо дар кишвар беш аз 2200 километр роҳи байналмилалии мошингард, 220 километр роҳи оҳан, 237 пул ва 5 нақби мошингузар бунёд гардида, ҳоло корҳо дар дигар лоиҳаҳои сармоягузории давлатӣ доир ба бунёди роҳҳо идома доранд.

Источник: president.tj