Ифтитоҳи майдони варзишӣ ва толори варзишии болопӯшида дар деҳаи Хайркорони ноҳияи Шамсиддини Шоҳин

0
136

Дар доираи сафари корӣ 24 сентябр Асосгузори  сулҳу ваҳдати  миллӣ – Пешвои миллат, Президенти  Ҷумҳурии  Тоҷикистон  муҳтарам  Эмомалӣ  Раҳмон  дар деҳаи Хайркорони  ноҳияи  Шамсиддин  Шоҳин   Маҷмааи варзишии “Бахтиёри Шамс”-ро ба истифода супурданд.

Маҷмаи варзишии  мазкур  аз  шумори иншоотест, ки  ба  истиқболи ҷашни  30 – солагии Истиқлоли  давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон   аз ҷониби соҳибкори маҳаллӣ  Сулаймон Шамсов бо маблағи    550   ҳазор сомонӣ бунёд гардидааст.

Маҷмааи варзишии “Бахтиёри Шамс”  дорои  толори варзишии болопӯшида  аст, ки дарозиаш 40 метр ва  паҳноиаш 18 метрро ташкил медиҳад.
Ба  Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳангоми шиносоӣ иттилоъ доданд, ки  толори варзишии болопӯшида барои бозии футболи хӯрд, тениси рӯи миз, волейбол, баскетбол ва  намудҳои гуногуни  варзиш  пешбинӣ шуда, дар он барои варзишгарон  ҷойҳои либосивазкунӣ  ва дигар шароити зарурӣ муҳайё мебошад.

Президенти  мамлакат  муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба    соҳибкори маҳаллӣ, ки бо ҳисси  баланди ватандӯстӣ  дар  корҳои созандагӣ саҳми фаъол гузоштааст, изҳори миннатдорӣ намуда, чунин иқдоми бунёдкоронаро  нишонаи олии ватандӯстӣ  арзёбӣ карданд.

Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо варзишгарон зимни суҳбати озоду самимӣ  таъкид карданд, ки аз чунин шароити мусоид ба  таври     васеъ  истифода намуда, бештар ба машқу тамрин машғул шаванд.
Дар    шафати толори варзишии болопӯшида  ҳамчунин майдони варзишӣ  бо  дарозии  110 метр ва  паҳноии 65 метр, ки  дорои  800 ҷойи нишаст мебошад тибқи   стандарти байналмилалӣ бунёд гардида, барои бозии футбол пешбинӣ шудааст.

Саҳн  ва  атрофи толори варзишии болопӯшида  ва майдони варзишӣ бо  шинонидани  ниҳоли дарахтони ороишӣ  ва  сояафкани нодир  ба як мавзеи ободу зебо табдил ëфтааст.

Наврасону  ҷавонон дар ин маҷмааи варзишӣ, ки  дорои шароити мусоид  аст  ба машқу тамрин машғул  шуда, дар оянда  ба  ҳайси  варзишгарони  варзида  муаррифгари давлату миллати хеш дар арсаи байналмилалӣ  мегарданд.

Дар  ноҳияи Шамсиддин Шоҳин  замони  соҳибистиқлолӣ  73   майдонча  ва 5  толори варзишӣ  сохта мавриди истифода қарор гирифта дар  Муассисаи мактаби варзишии кӯдакону наврасон аз рӯи 8  намуди варзиш 387 нафар  ба  машқу тамрин  ҷалб карда шуданд.

Бунёди майдонча ва  толорҳои варзишӣ ва  ҷалби бештари наврасону ҷавонон ба   тамрин  имкон фароҳам овард, ки танҳо дар соли 2020 варзишгарони ноҳияи Шамсиддин Шоҳин зимни ширкат  дар мусобиқаҳои варзишӣ сазовори 18  медал, аз  ҷумла 9  медали тилло, 4  медали  нуқра ва  5  медали биринҷӣ гарданд.

Источник: president.tj