Ифтитоҳи майдони Парчами давлатӣ дар ноҳияи Вахш

0
168

23 сентябр Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Вахши вилояти Хатлон майдони Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистонро мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд. 

Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шафати бинои Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Вахш бахшида ба ҷашни сазовори 30 – солагии Истиқлоли давлатӣ аз тарафи соҳибкори ватандӯсти ноҳия Ҳусейн Ашуров бунёд гардида, баландиаш бо назардошти минбар 52 метрро ташкил медиҳад. 

Паҳноии матои Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон 7 ва дарозиаш 14 метрро дар бар гирифта, корҳои сохтмонӣ дар сутунпояи он аз ҷониби коргарону мутахассисони Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди “Спетс Техника” дар муддати қариб як сол бо сатҳу сифати баланд ба анҷом расонида шуд.

Майдони Парчами давлатӣ 70 садяк заминро ташкил намуда, дар ҳудуди он гулҳои ҳархелаи мавсимӣ шинонида шудааст.

Ҳамзамон аз ду тарафи сутунпояи Парчам 2 фаввораи чоркунҷшакл бунёд ва бо чароғҳои равшанидиҳанда оро дода шудааст, ки барои сайругашти сокинону меҳмонони ноҳияи Вахш бисёр мувофиқ мебошад.

Майдони назди Парчам барои сайру гашти сокинону меҳмонони ноҳияи Вахш бисёр мувофиқ мебошад. Ҳудуди он бо гулу буттаҳои ороишӣ ва дарахтони ҳамешасабз зебу зиннат ёфта, ҳамзамон 7 нишастгоҳ насб гардидааст. 15 адад чароғаки равшанидиҳанда насбгардида, шабонгоҳ ҳусни атрофро назаррабо мегардонад ва сайру гашти бемамонияти сокинону меҳмононро таъмин месозад.

Қомат афрохтани Парчами давлатӣ дар ноҳияи Вахш таҷассумгари ваҳдату ягонагӣ, нангу номуси ватандорӣ, нишон аз эҳтироми баланди сокинон нисбат ба муқаддасоти давлатӣ, арҷгузорӣ ба таъриху фарҳанг ва дастовардҳои даврони соҳибистиқлолии Ватан мебошад.    

Источник: president.tj