Ифтитоҳи майдони Парчами давлатӣ дар ноҳияи Шаҳристон

0
91

Дар ноҳияи Шаҳристон Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар доираи сафари корӣ ба вилояти Суғд дар маросими барафрохтани Парчами  давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон иштирок намуданд.

Яке аз рамзҳои асосии давлати ҳуқуқбунёду дунявӣ – Парчами давлатӣ дар фазои орому осудаи ватан, зери садои суруди миллӣ дар маркази ноҳияи Шаҳристон барафрохта шуд.

Сарвари давлатро  бошандагони ноҳия хуш истиқбол намуда, аз ҷониби хонандагони муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумии ноҳия Суруди миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон иҷро карда шуд.

Иттилоъ дода шуд, ки бо истифода аз маблағҳои буҷети вилояти Суғд дар шафати Қасри фарҳанг майдони Парчами давлатӣ сохта шуда, барои истироҳату фароғати сокинон шароити мусоид фароҳам оварда шуд.

Баландии манораи ливои озодиву соҳибистиқлоли Тоҷикистон дар маркази ноҳияи Шаҳристон 50 метр буда, дарозии матои ин муқаддасоти миллӣ 14 метр ва паҳноиаш 7 метрро ташкил медиҳад.

Бунёди чунин иншоот то ба имрӯз дар якчанд шаҳру ноҳияҳои  ҷумҳурӣ амалӣ гардида, таҷассумгари асосҳои таърихӣ ва рамзҳои  давлатдории тоҷикон, ифодакунандаи мақсаду маром ва орзуву ормонҳои тамоми  мардуми  Тоҷикистон  мебошад.

Корҳои сохтмони майдони Парчами  давлатии  Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ноҳияи Шаҳристон аз тарафи кормандону масъулини Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди “КММ-44” иҷро гардидааст.

Барои бунёди ин иншоот бо тарҳи зебо аз масолеҳи хушсифати сохтмонӣ истифода гардида, минъбад ин мавзеъ барои сокинони ноҳия макони гаштугузор ва истироҳату фароғат ба шумор меравад.

Ноҳияи Шаҳристон дар замони соҳибистиқлолӣ бо дастгирӣ ва таваҷҷуҳи хосаи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Рахмон ободу зебо гардида, бо бунёди иншооти таъиноташ гуногун симои ноҳия сол аз сол зебову назаррабо мегардад.

Ба ифтихори 30-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикиситон дар ноҳияи Шаҳристон бунёд, таъмир ва навсозии бештар аз 135 иншоот ба нақша гирифита шудааст.

Парафшон гардидани Парчами давлатӣ дар маркази ноҳияи Шаҳристон шаҳрвандонро ба зиндагии ором, сулҳу осоиш ва талош ба хотири ҳаёти арзанда, рушду нумуи ҳамаратафа ва соҳибихтиёрию соҳибдавлатӣ сафарбар мекунад.

Источник: president.tj