Ифтитоҳи майдони Парчами давлатӣ дар ноҳияи Рӯшон

0
140

Дар ноҳияи Рӯшон Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар вазъияти тантанавӣ майдони Парчами давлатиро, ки дар маркази ноҳия – шаҳраки Варм қомат афрохтааст, мавриди истифода қарор доданд.

Майдони Парчами миллӣ дар канори рудхонаи Панҷ дар як мавзеи қаблан бекорхобида бо баландии 30 метр сохта шуда, паҳноии матоъи Парчам 6 ва дарозиаш 13 метрро ташкил медиҳад.

Сутунпояи Парчами давлатии Тоҷикистон ва боғи фароғатӣ дар доираи омодагиҳо ба таҷлили сазовори 30 – солагии ҷашни Истиқлолияти давлатӣ бо маблағгузории Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Рӯшон аз ҷониби коргарону мутахассисони маҳаллӣ бо сатҳу сифати баланд сохта ба истифода дода шуд.

Роҳравҳои майдони Парчами давлатӣ аз тарафи соҳибкорони маҳаллӣ сафолакпӯш гардида, дар шафати он ҳавзи оббозӣ барои кӯдакону наврасон бунёд шудааст.

Ҳамчунин гулҳои рангоранг, дарахтони ороишию мевадиҳанда майдони Парчами давлатӣ дар ноҳияи Рӯшонро оро медиҳанд.

Ҳудуди майдони Парчами давлатӣ ва боғи навбунёд чароғон карда  шуда,  барои фароғати сокинон курсиҳо гузошта шудааст. Бо бунёд шудани майдони Парчами давлатӣ ва боғи фароғатӣ боз як гӯшаи ноҳия ободу зебо гардида, ба як макони дилфиреби сайру тамошои сокинону меҳмонони ноҳияи Рӯшони Вилояти Мухтори  Кӯҳистони Бадахшон  табдил  ёфт.

Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба иҷрои корҳои сохтмонӣ баҳои баланд дода, барои боз ҳам ободу зебо намудани атрофи иншооти мазкур ба масъулон дастуру ҳидоят доданд.

Мавриди зикр аст, ки дар даврони соҳибистиқлолӣ дар марказҳои шаҳру ноҳияҳои мамлакат гузоштани Нишони давлатӣ ва барафрохтани Парчами давлатӣ ба ҳукми анъана даромадааст, зеро нишон ва ҳам парчам аз муқаддасоти миллат ба шумор меравад.

Дар маҷмуъ ба истиқболи ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ноҳияи Рӯшон сохтмони 142 иншоот ба нақша гирифта шудааст, ки дар доираи ин тадбирҳои бунёдкорона ин ноҳияи кӯҳистони мамлакат боз ҳам ободу зебо мегардад. 

Источник: president.tj