Ифтитоҳи майдончаи варзишӣ ва маркази захиравӣ дар ноҳияи Шуғнон

0
73

28 сентябр дар шаҳраки Ваҳдати ноҳияи Шуғнон Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон як майдончаи варзишӣ ва маркази захиравиро ифтитоҳ карданд.

Иншооти варзишӣ дар доираи ҳамкории судманди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва шарикони рушд бо харҷи наздики 100 ҳазор доллари америкоӣ сохта шудааст.

Маркази захиравӣ ва майдончаи варзишӣ аз анборхона иборат буда, дар он барои аз 50 то 100 нафар муосиртарин таҷҳизоти наҷотдиҳӣ, амволи рӯзгор барои аҳолии аз офатҳои табиӣ зарардида, дар ҳолати рух додани ҳолатҳои фавқулодда ҷой дода мешавад.

Пудратчии иншооти варзишӣ ва маркази захиравӣ дар ноҳияи Шуғнон Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди “Хок” буда, дар ҷараёни корҳои сохтмонӣ беш аз 100 нафар ҷавонони ноҳия ба кор ҷалб гардиданд.

Майдончаи варзишӣ дар баробари ба варзиш ҷалб намудани насли ҷавони ноҳия ҳамчун паноҳгоҳ дар вақти ҳолатҳои фавқулодда барои Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон хизмат хоҳад намуд.

Иттилоъ дода шуд, ки майдончаи муосири варзишӣ бо мақсади фароҳам овардани имкониятҳои мусоид барои ҷавонон ва шахсони имконияташон маҳдуд дар доираи таъмини баробарӣ ва шароити дастрасу фарогир бунёд гардидааст.

Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аснои шиносоӣ бо шароити машқу тамрин дар майдончаи варзишӣ бо насли ҷавон суҳбат намуда, ифтитоҳи иншоотро, ки дар рӯзҳои ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба сокинони хуштолеъи ноҳияи Шуғнон муборакбод гуфтанд.

Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба кормандони Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Агентии Оғохон оид ба макони зист ҷиҳати тақвияти корҳо дар самти нигоҳ доштани ҳолати техникии ин ду муассиса ва омодабошии онҳо дар ҳама гуна вазъият, аз ҷумла ҳолатҳои фавқулоддаи табиӣ ва техногенӣ дастуру супоришҳо доданд.

Ҷавонони саодатманди ноҳия аз дастгириҳои пайвастаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷиҳати фароҳам овардани шароитҳои муосир барои равнақи соҳаи варзиш дар ноҳия изҳори миннатдорӣ намуданд, зеро дар баробари рушди иқтисоду иҷтимоиёти ноҳия  соҳаи варзиш низ дар ноҳияи Шуғнон дар зарфи 30-соли даврони соҳибистиқлолии Ҷумҳурии Тоҷикистон рушд намудааст.

Источник: president.tj