Ифтитоҳи Мақбараи Ҷалолиддини Балхӣ

0
67

21 март пас аз маросими пардабардорӣ аз рӯи муҷассамаи Мавлоно Ҷалолиддини Балхӣ Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба оромгоҳи Мавлоно Ҷалолиддини Балхӣ ташриф оварда, онро зиёрат карданд.

Мавриди зикр аст, ки бо дастури Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон хоки оромгоҳи Мавлоно Ҷалолиддини Балхӣ ба марқади Мавлоно Ҷалолиддини Балхӣ дар ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ оварда шуд ва тибқи муқаррароти дини мубини ислом бо риояи аркони суннатии мо ба оромгоҳи Ӯ гузошта шуд, ки минбаъд ихлосмандон ва ҳаводорони ашъори пурғановати Мавлоно Ҷалолиддини Балхӣ метавонанд онро зиёрат намоянд.

Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон назди оромгоҳи рамзӣ, ки хоки он аз дахмаи асосии шоир аз шаҳри Қунияи Туркия ба кишвари мо оварда шудааст, ба хотири суботи сартосарии Ватан ва эҳтиром ба гузаштагон, дасти дуо бардоштанд.

Мақбараи олим ва донишманди тоҷик дар асоси ҳидоятҳои бевоситаи Пешвои муаззами миллат дар ҳудуди “Гулгашти Балхӣ” ҷойгир мебошад.

Мақбара тибқи суннати меъмории ниёгон сохта шуда, даромадгоҳи асосиаш аз қисмати ҷанубӣ, дар рӯбарӯи муҷассама қарор дорад. Дар пештоқи он катибаи “Мақбараи рамзии Мавлоно Ҷалолиддини Балхӣ” навишта шудааст.

Дар дохили мақбара, дар чаҳор тарафи он чаҳор байт аз ашъори Мавлоно бо забони тоҷикӣ, хати ниёгон ва тарҷумаи англисӣ бо зарҳал ҳаккокӣ шудааст, ки андозаи ҳар як катиба 160 ба 22 см мебошад.

Мавриди зикр аст, ки Ҷалолиддин Муҳаммад ибни Баҳоуддин Муҳаммад ибни Ҳусайн Хатибии Балхӣ, соли 1207 дар ноҳияи Вахши Тоҷикистон таваллуд шуда, яке аз бузургтарин олимон ва шоирони равияи тасаввуфи халқи тоҷик аст. Осори бегазанди ӯ, аз ҷумла “Девони ғазалиёт” ё “Девони кабир” ва “Маснавии маънавӣ”-и Балхӣ аз дурдонаҳои арзишмандтарини адабиёти на танҳо мардуми тоҷик, балки кулли халқиятҳои дунё мебошад.

Мақбара дар масоҳати 50 метри мураббаъ бунёд гардида, деворҳои он бо нақшу нигори қадима, ки ба давраи зиндагии шоир хос аст, оро ёфтааст. Баландии бино 5 метр буда, корҳои бунёдӣ аз ҷониби сохтмончиёни ватанӣ анҷом дода шудааст. Роҳрав ва саҳни оромгоҳ бо тахтасангҳо зебо гардонида шуда, гулу буттаҳои ороишию сояафкан аз қисматҳои сабзкории оромгоҳ ба ҳисоб меравад. 

Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷиҳати иҷрои саривақтии дастуру супоришҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар мавриди вусъати корҳои ободонӣ, арҷгузорӣ ба таъриху ниёгон, ба масъулину сохтмончиён изҳори сипос карда, истифодаи маҷмааи мазкурро дар арафаи таҷлил аз ҷашни Наврӯзи байнамилалӣ туҳфаи арзандаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба сокинони ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ арзёбӣ намуданд.

Дар навбати худ сокинони ноҳияи Балхӣ барои талошҳову ғамхориҳои Сарвари давлат ва шароити фароҳамовардаи Ҳукумати мамлакат изҳори миннатдорӣ карда, ваъда доданд, ки ҷиҳати боз ҳам ободу пешрафта кардани кишвар камари ҳиммат хоҳанд баст.

Источник: president.tj