Ифтитоҳи корхонаи парандапарварии Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди “Суғд-саноат-паранда” дар шаҳри Бӯстон

0
5

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар доираи сафари корӣ дар шаҳру ноҳияҳои вилояти Суғд дар шаҳри Бӯстон корхонаи парандапарварии Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди “Суғд-саноат-паранда”-ро мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд.

Қобили зикр аст, ки ин аввалин корхонаи шаҳри Бӯстон аст, ки самти фаъолияташ ба парандапарварӣ ва истеҳсоли гушти мурғ равона шудааст. Ташкили чунин корхона дар шаҳри саноатӣ пеш аз ҳама таъмини бозори истеъмолӣ бо гушт ва истифодаи иқтидорҳои мавҷудаи соҳаи саноат маънидод карда мешавад.

Ба Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон маълумот доданд, ки барои бунёди Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди “Суғд-саноат-паранда” аз соли 2019 асос гузошта шуда, масоҳати умумии корхона 1,3 гектарро ташкил медиҳад.

Барои парвариши паранда 4 сех бунёд гардида, ғунҷоиши ҳар яки он аз 60 то 80 ҳазор сар чӯҷаро дар бар мегирад. Чӯҷаҳое, ки дар ҷамъият парвариш меёбанд, навъи бройлерӣ (гуштӣ) мебошанд. Корхона иқтидор дорад дар як сол 1200 тонна гушти мурғ истеҳсол намояд.

Зимни боздиди Сарвараи давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон масъулини Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди “Суғд-саноат-паранда” изҳор доштанд, ки дар доираи эълон гардидани саноатикунонии босуръати мамлакат ҳамчун ҳадафи чоруми миллӣ корхонаи парандапарварӣ таъсис дода шуда, таҷҳизоту техникаҳои зарурӣ аз Ҷумҳурии Мардумии Чин ворид карда шудааст.

Дар саҳни корхонаи навбунёд намоиши маҳсулоти истеҳсоли Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди “Суғд-саноат-паранда” ташкил гардида, маҳсулоти парҳезӣ бо навъу намудҳои гуногуни бастабандӣ ба намоиш гузошта шуд.

Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон супориш доданд, ки дар оянда саршумори паранда зиёд ва иқтидори истеҳсолӣ афзун карда шавад.

Шаҳри Бӯстони вилояти Суғд шаҳри саноатӣ ба шумор меравад. Дар ин шаҳр 37 адад корхонаи хурду бузурги саноатӣ фаъолият дошта, дар нимсолаи аввали соли 2021 бо дарназардошти хизматрасониҳои пулакии об ва бахши хусусӣ ба маблағи зиёда аз 274 миллион сомонӣ маҳсулот истеҳсол гардид, ки дар қиёс ба ҳамин даври соли 2020 1 миллиону 913 ҳазор сомонӣ зиёд мебошад. Айни замон дар корхонаҳои саноатии шаҳр бештар аз 1400 нафар бо ҷойи кор ва маоши хуб таъмин мебошанд.

Бо бунёди корхонаи парандапарварии Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди “Суғд-саноат-паранда” 25 нафар соҳиби ҷойи кор шуданд. Ҷамъият дар нақша дорад, ки дар асоси супоришҳои Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ояндаи наздик самти фаъолияташро васеъ ва ҷойҳои нави кориро ташкил намояд.

Парандапарварӣ яке аз соҳаҳои муҳим ва айни замон афзалиятноки кишоварзӣ аст, ки рушди ин бахши иқтисоди миллӣ аз омилҳои зиёд кардани ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти коркард, аз ҷумла тухму гушти парҳезӣ ва таъмини бозори истеъмолӣ бо маҳсулоти ватанӣ ба ҳисоб меравад.

Дар замони соҳибистиқлолӣ дар доираи дастуру супоришҳои Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон соҳаи мазкур рушд карда, айни замон дар ҳудуди вилоят соҳибкорони ватанӣ бо истифода аз имконияту шароитҳои фароҳамовардаи Хукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва озод намудани фабрикаҳои парандапарвари аз якчанд намуди пардохти андоз беш аз 125 фабрикаи парандапарварӣ бо истифода аз технологияи муосир бунёд намудаанд. Ин ташаббус имкон фароҳам овард, ки талаботи дохилӣ пурра бо гушти парҳезӣ ва тухми паранда қонеъ карда шавад ва дар самти таъмини амнияти озуқаворӣ саҳм гузошта шавад. Тибқи маълумоти оморӣ ба 1 июли соли 2021 истеҳсоли гушти паранда 7 ҳазору 760 тонна ва тухм 285 миллиону 745 ҳазор донаро дар ҳамаи шаклҳои хоҷагидорӣ ташкил медиҳад.

Источник: president.tj