Ифтитоҳи корхонаи коркарди меваю сабзавот ва истеҳсоли нӯшокиҳои ташнашикани “Мӯъминобод”

0
357

10 сентябр дар доираи сафари корӣ дар ноҳияи Мӯъминобод Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар деҳаи Шаҳринав Корхонаи коркарди меваю сабзавот ва истеҳсоли нӯшокиҳои ташнашикани “Мӯъминобод”-ро мавриди истифода қарор доданд.

Иттилоъ дода шуд, ки корхонаи мазкур аз ҷониби соҳибкорони маҳаллӣ бунёд шуда, аз сехи истеҳсолу коркарди севаю сабзавот ва анбору сардхона иборат мебошад.

Корхонаи коркарди меваю сабзавот ва истеҳсоли нӯшокиҳои ташнашикан дар майдони 1,2 гектар бунёд шудааст.

Ба Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иттилоъ дода шуд, ки дар сехи нӯшокиҳои ташнашикан нӯшоба, афшура ва мураббои меваҳои гуногун омода карда мешавад.

Дар як басти корӣ дар ин сех 5 ҳазор қуттии нӯшокии ташнашикан омода карда мешавад.

Дар сехи коркарди меваю сабзавот дар як бахши корӣ консервакунонии то 2 ҳазор зарфи 2 литра сабзавотҳои гуногун анҷом дода мешавад.

Бо мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифтани корхонаи мазкур 80 нафар, аз ҷумла 30 нафар аз вилояти Суғд ва 50 каси дигар аз ноҳияи Муъминобод бо ҷойи кори доимӣ ва маоши хуб таъмин гардиданд.

Роҳбарияти корхона нақша доранд, ки дар оянда бо ба кор андохтани хатҳои нави истеҳсолӣ шумораи кормандонро то ба 200 нафар расонанд.

Барои коркарди меваю сабзавот дар ин корхонаи тозабунёд маҳсулоти кишоварӣ аз хоҷагиҳои деҳқонии ноҳия харидорӣ карда мешавад. Ҳамчунин дар назди корхона дар майдони 6 гектар боғ бунёд шудааст.

Маҳсулоти ин боғ низ барои коркард дар корхонаи “Мӯъминобод” пешбинӣ шудааст.

Баъд аз шиносоӣ бо шароити корӣ дар Корхонаи коркарди меваю сабзавот ва истеҳсоли нӯшокиҳои ташнашикани “Мӯъминобод” Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон аз ташаббуси соҳибкорони маҳаллӣ изҳори хушнудӣ карда, барои афзун намудани ҳаҷми истеҳсолот дар корхона ва ҳамзамон таъсиси ҷойҳои нави корӣ дастуру ҳидоятҳо доданд.

Источник: president.tj