Ифтитоҳи корхонаи истеҳсоли шифер дар шаҳри Бохтар

0
59

24 март дар шаҳри Бохтари вилояти Хатлон Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон корхонаи истеҳсоли шифери Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди “Бохтар шифер”-ро мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд.

Корхонаи нави истеҳсолӣ дар минтақаи саноатии шаҳри Бохтар аз ҷониби соҳибкори ватанӣ Дӯстмурод Маҷидов дар доираи татбиқи ҳадафи чоруми миллӣ-саноатикунонии босуръати мамлакат, ба истиқболи сазовори 30-солагии Истиқлоли давлатӣ дар масоҳати як гектар бунёд гардидааст.

Фаъолияти корхона дар се баст ба роҳ монда шуда, 60 нафар сокини маҳаллӣ бо ҷойи кори доимӣ ва маоши хуб таъмин гардиданд. Дар корхона ду хати муосиртарини технологӣ аз Федератсияи Россия ва Ҷумҳурии Мардумии Чин дастрас ва васлу насб карда шудааст.

Маҳсулоти истеҳсолӣ аз лиҳози намуд ва сифат ба меъёрҳои байналмилалӣ ҷавобгӯ мебошад.

Зимни шиносоӣ ба Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иттилоъ доданд, ки корхонаи саноатӣ дар як шабонарӯз аз 1500 то 2000 дона шифер истеҳсол мекунад. Иқтидори соланаи корхона 1 миллиону 100 ҳазор дона шифер буда, бо дарназардошти талаботи бозор имконияти аз ин ҳам бештар истеҳсол кардани маҳсулот мавҷуд аст.

Барои истеҳсоли шифер сементи аълосифати корхонаҳои Тоҷикистон истифода гардида, ашёи хом аз Ҷумҳурии Қазоқистон ворид мегардад.

Ёдовар мешавем, ки ин аввалин корхонаи нави саноатӣ дар шаҳри Бохтар аст, ки ба истеҳсоли шифер шурӯъ намуд. Ба таъкиди мутахассисони соҳа шиферҳои истеҳсолшуда дар гармию сардӣ тобовар буда, муҳлати истифодаи тӯлонии он кафолат дода мешавад.

Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба масъулони корхона дастур доданд, ки дар раванди истеҳсолот ба сифати маҳсулот диққати ҷиддӣ диҳанд ва бо таъмини бозорҳои дохилӣ, содироти шиферро ба хориҷи кишвар низ ба роҳ монанд. 

 Пас аз шиносоӣ бо фаъолияти корхонаи истеҳсоли шифер дар ҳаминҷо Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба бунёди корхонаи нави истеҳсоли қубурҳои асбестӣ санги асос гузоштанд. Тибқи нақша дар ин корхона истеҳсоли пайвандак ва қубурҳои қутрашон аз 100 то 500 бо дарозии 4 метр пешбинӣ шудааст ва дар як шабонарӯз аз 500 то 800 адад қубурҳои асбестӣ истеҳсол хоҳад шуд. Бо бунёд ва мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифтани корхонаи нав 15 нафар сокини маҳаллӣ ба шуғли доимӣ ҷалб карда мешаванд.

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз намоиши маҳсулоти истеҳсолкардаи саноатчиёни вилояти Хатлон, ки дар саҳни корхонаи нав ташкил гардид, дидан намуданд. Дар намоиш асосан масолеҳи гуногуни саноатию сохтмонӣ, муаррифӣ карда шуд.

Зимни суҳбат бо коргарону мутахассисон Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таъкид намуданд, ки дар заминаи татбиқи ҳадафи чоруми миллӣ – саноатикунонии босуръати мамлакат саҳми соҳибкорони ватанӣ низ назаррас буда, дар баробари афзоиши истеҳсоли маҳсулоти ватанӣ, сокинони маҳаллӣ бо ҷойи кори доимӣ таъмин мегарданд.

Бояд тазаккур дод, ки дар минтақаи саноатии шаҳри Бохтар барои бунёди корхонаҳои хурду бузурги истеҳсолӣ инфрасохтори зарурӣ, аз қабили роҳҳои мумфарш, хатҳои интиқоли қувваи барқ, шабакаи обу корез ва дигар шароити лозима фароҳам мебошад.

Источник: president.tj