Ифтитоҳи Корхонаи истеҳсоли оби ҷав дар шаҳри Левакант

0
72

20 март Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар минтақаи саноатии шаҳри Леваканти вилояти Хатлон Корхонаи истеҳсоли оби ҷави Маҷмааи истеҳсолии корпоратсияи «Салтанат»-ро мавриди истифода қарор доданд.

Корхонаи нави истеҳсолӣ дар заминаи татбиқи ҳадафи чоруми миллӣ – саноатикунонии босуръати кишвар, дар доираи “Солҳои рушди саноат” 2022-2026 аз ҷониби соҳибкори ватанӣ Сироҷиддинзода Баҳриддин сохта шудааст.

Бо таъсиси корхонаи нави саноатӣ дар шаҳри Левакант дар ду баст 250 сокини маҳаллӣ, аз ҷумла ҷавонони соҳибтахассуси тоҷик ва бонувони маҳаллӣ бо ҷойи кори доимӣ ва маоши хуб таъмин гардиданд. Бояд тазаккур дод, ки хати муосири технологӣ аз ширкати аврупоии (Zip Technology) харидорӣ ва дастрас гардида, дар ҳамкорӣ бо мутахассисони хориҷӣ васлу насиб гардидааст. Айни замон хатҳои истеҳсолиро пурра мутахассисони тоҷик назорат ва идора менамоянд.

Аснои шиносоӣ бо ҷараёни истеҳсолот дар корхонаи нави саноатӣ ба Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иттилоъ доданд, ки иқтидори истеҳсолии корхона дар як шабонарӯз 20 ҳазор литр оби ҷав мебошад. Дар корхонаи навбунёд 14 намуди маҳсулот, аз ҷумла оби ҷави равшан, торик, шаффофшуда, ношаффоф ва оби ҷави ғайриспиртӣ бо тамъи меваҷот истеҳсол мегардад.

Ҳамчунин дар корхона истеҳсоли квас низ ба роҳ монда шудааст, ки дорои сифати баланд мебошад. Иттилоъ дода шуд, ки корхонаи нави саноатӣ дар ҳамкорӣ бо шарикони рушд бунёд гардида, барои пешбурди фаъолияти босамар чор мутахассиси баландихтисоси хориҷӣ, аз ҷумла технолог, сардори озмоишгоҳ ва муҳандис низ ба кор ҷалб гардидаанд.

Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иқдоми созандаи соҳибкори ватандӯстро ҷонибдории амиқ аз сиёсати пешгирифтаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон арзёбӣ карда, ба муассисон барои таъсиси корхонаи нави саноатӣ ва таъмини сокинон бо ҷойи кори доимӣ изҳори сипос намуданд.

Источник: president.tj