Ифтитоҳи Корхонаи истеҳсоли маҳсулоти шири ҶСК “Авитсенна” дар шаҳри Ҳисор

0
178

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар деҳаи ҷавонони шаҳри Ҳисор ба фаъолияти Корхонаи истеҳсоли маҳсулоти шири Ҷамъияти саҳҳомии кушодаи “Авитсенна” оғоз бахшиданд.

Дар ин корхонаи нави саноатӣ истеҳсоли зиёда аз 35 номгуйи маҳсулот, аз ҷумла қаймоқ, творог, кефир, ҷурғот, панир, ёгурт, кефири мевагӣ, дуғу дуғоб, маска ва дигар навъи маҳсулоти ширӣ ба роҳ монда шудааст.

Корхонаи нави истеҳсолӣ дар шаҳри Ҳисор дар заминаи дастуру ҳидоятҳои бевоситаи Сарвари давлат аз тарафи ширкати “Авитсена” бо мақсади таъмини аҳолии мамлакат бо маҳсулоти табиӣ ва аз ҷиҳати экологӣ тозаю безарар сохта шудааст.

Корҳои сохтмонӣ моҳи майи соли 2017 оғоз шуда, дар он чанд нафар сокинони маҳаллӣ бо кор ва маоши баланд таъмин гардида буданд. Таҷҳизоту дастгоҳҳои истеҳсолии корхонаи саноатӣ аз кишварҳои Олмон, Россия ва Туркия ворид ва васлу насб гардидаанд.

Дар корхона барои коркард ва зихира намудани маҳсулот дегҳои аз 1 то 10 тоннагӣ мавҷуд мебошад.

Корхона дорои анбори ҷавобгу ба талаботи нигоҳдории маҳсулоти ширӣ буда, истеҳсолоти он тавассути се адад воситаи нақлиёти махсусгардонидашуда ба нуқтаҳои фурӯш дастрас карда мешаванд. 

Баъди ифтитоҳи корхонаи нави саноатӣ 48 нафар сокинони маҳаллӣ бо ҷойи кори доимӣ ва маоши хуб таъмин карда шуданд.

Иқтидори истеҳсолии Корхонаи коркарди маҳсулоти ширӣ 40 тонна дар як шабонарӯз ва дар як моҳ то 1200 тонна маҳсулоти шири аз ҷиҳати экологӣ тозаю хушсифат мебошад. 

Зимни шиносоии Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо раванди истеҳсолот иттилоъ дода шуд, ки маҳсулоти корхона таҳти номи “Авитсена Милк” дар зарфҳои 200, 250, 350, 450 ва 500 грамма дар бозорҳои дохилӣ ба фурӯш бароварда шуда, сипас тариқи шартномаҳои тарафайн ба кишварҳои ҳамсоя содирот мегардад.

Дар назди Корхонаи коркарди маҳсулоти шири Ҷамъияти саҳҳомии кушодаи “Авитсена” сехи истеҳсоли зарфи маҳсулоти ширӣ низ ба роҳ монда шуда, бо шакл ва андозаҳои гуногун бароварда мешавад. Барои истеҳсоли зарфҳо ашёи хом аз кишварҳои хориҷ дастрас карда мешавад.

Феълан шири корхона аз фермаи моли худӣ дастрас шуда, дар назар аст, ки барои фаъолияти мунтазами корхона бо сокинони маҳаллӣ низ шартномаҳои дахлдор баста шавад.

Маҳсулоти дастрасшуда қабл аз коркард дар озмоишгоҳ, ки мувофиқ ба талаботу меъёрҳои ҷаҳонӣ ҷиҳозонида шудааст, мавриди санҷиши пурра қарор дода мешавад.

Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон пас аз шиносоии пурра ба раванди истеҳсолот дар ҳаминҷо аз гӯшаи намоиши маҳсулоти истеҳсолии корхона дидан карданд.

Дар намоишгоҳ маҳсулоти ширии корхонаи нави саноатӣ, ки бо сифати баланд истеҳсол ва барои пешниҳод ба бозори истеъмолӣ омода мегардад, ба таври васеъ муаррифӣ карда шуд.

Пешвои миллат зимни шиносоӣ бо маҳсулоти истеҳсолии корхона барои риояи қоидаҳои бехатарӣ ҳангоми коркарди шир ва бандубасти он дар асоси стандартҳои миллию байналмилалӣ ба масъулон дастуру маслиҳатҳои судманд доданд.

Источник: president.tj