Ифтитоҳи корхонаи ҶДММ “Органик-Ян 2” дар ноҳияи Ҷаббор Расулов

0
45

Имрӯз Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти мухтарам Эмомали Рахмон дар ноҳияи Ҷаббор Расулов ба фаъолияти Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди “Органик-Ян 2” оид ба коркарди нахи пахта ва истеҳсоли ришта оғоз бахшиданд.

Коргоҳи “Органик-Ян 2” дар деҳоти Ғулакандози ноҳия дар масоҳатии 2,27 гектар ҷой гирифта, ифтитоҳи коргоҳ идомаи хати истеҳсолоти “Органик-Ян” мебошад ва он бо саҳми соҳибкор Даврон Ахмедов бо харҷи маблағи сармоявии 37 миллион сомонӣ таьсис дода шудааст.

Дар марҳилаи аввали оғози фаъолият коргоҳи “Органик-Ян” иқтидори истеҳсолиро ба миқдори 5 ҳазор тонна ба нақша гирифта, бо ба истифода додани коргоҳи “Оргник-Ян 2” иқтидори корхона ба истеҳсоли 7 ҳазор тонна ресмонҳои пахтагин баробар мегардад.

Дар коргоҳи нав то 100 нафар сокини маҳаллӣ бо ҷойи кори доимӣ ва музди маоши хуб таьмин гаштанд.

Барои истеҳсоли маҳсулоти пахтагин таҷҳизоту технологияи муосири ширкати “Мурата”-и Ҷопон васлу насб гардида, иқтидори солонаи он истеҳсоли 2 ҳазор тонна ресмони дутоба аст.

Ин иқдом дар асоси дастуру ҳидоятҳои Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон оид ба васеъ намудани доираи истеҳсолии коргоҳ ва зиёд намудани ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти пахтагин бо коркарди нахи пахта мебошад.

Зимни шиносоӣ бо фаъолияти корхонаи нав Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба иқдоми соҳибкори ватанӣ баҳои арзанда доданд.

Дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ифтитоҳу ба корандозии чунин корхонаҳои коркарди нахи пахта имконият медиҳад, ки ашёи хоми ватанӣ – пахта ҳарчӣ бештар коркард шуда, маҳсулоти хушсифат истеҳсол гардад.

Қаблан дар корхонаи “Органик-Ян” ресмонҳои пахтагин истеҳсол мешуд ва бо гузоштани хати нави истеҳсолии замонавӣ ресмонҳо дутобаю сетоба карда мешаванд, ки бино ба таҳлили мутахассисон дар корхонахои  бофандагии ватанӣ ва хориҷӣ талаботи зиёд доранд. Дар баробари таьмини корхонаҳои ватании бофандагии дутобаю сетоба имконияти баланд бардоштани иқтидори содироти корхона аз ин ҳисоб ба миён меояд.

Источник: president.tj