Ифтитоҳи Комплекси агросаноатии ҶДММ “Заркорон” дар мавзеи Гулистони ноҳияи Муъминобод

0
68

4 октябр Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар мавзеъи Гулистони ноҳияи Муъминобод Комплекси агросаноатии Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди “Заркорон”-ро мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд.

Комплекси агросаноатӣ ба ифтихори ҷашни бузурги умумимиллӣ – 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо мақсади татбиқи ҳадафҳои стратегии миллӣ – саноатикунонии босуръати кишвар, таъмини амнияти озуқаворӣ ва дар доираи “Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ” бунёд шудааст.

Самти асосии фаъолияти комплекси навбунёди агросаноатӣ, ки дар ҷумҳурӣ беназир аст, чорводорӣ, парандапарварӣ, моҳипарварӣ, боғдорӣ, истеҳсоли маҳсулоти гуногуни кишоварзӣ ва коркарди он мебошад. Ҳадаф аз бунёди иншооти замонавӣ – татбиқи амалии илм дар истеҳсолот буда, барои рушди соҳаҳои кишоварзию саноат дар мамлакат боз як қадами устувори воқеӣ гузошта шуд.

Мавриди зикр аст, ки ин мавзеъ қаблан санглоху бекорхобида буд ва бо ҳидояту роҳнамоиҳои Сарвари ғамхори миллат ва иқдоми соҳибкори маҳаллӣ ба як гӯшаи ободу зебои саноатию аграрӣ табдил дода шуд.

Дар маҷмуъ бо таъсиси Комплекси агросаноатии Ҷамъияти дорои масъулияти “Заркорон” дар ноҳияи Муъминобод қариб 30 нафар, ки бештари онҳо занону бонувони маҳаллӣ мебошанд, бо ҷойи кори доимӣ ва маоши хуб таъмин шуданд. Масоҳати умумии комплекс 23 гектар буда, роҳҳои дохилии он пурра асфалтпӯш ва чароғон гардидааст.

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳангоми шиносоӣ аз кӯли моҳипарварӣ, ки дар масоҳати 0,30 гектар бунёд гардида, дар он беш аз 10 ҳазор дона гулмоҳии гуногунвазн парвариш карда мешавад, ба усули муосири парвариши гулмоҳӣ баҳои баланд доданд. Кӯли моҳипарварӣ бо технологияи махсуси парвариш ва истеҳсоли гулмоҳӣ бунёд карда шуда, ҳарорати оби он пайваста муътадил нигоҳ дошта мешавад, ки барои афзоиш ва вазнгирии моҳиҳо басо мувофиқ аст.

Бо мақсади таъмини гулмоҳӣ бо ғизои консентратӣ дар назди ҳавзи моҳипарварӣ анбори захира ва нигаҳдории хӯроки моҳӣ сохта шудааст. Бо истифода аз таҷрибаи ғании моҳипарварӣ дар хоҷагӣ парвариши моҳиҳои наслдеҳ низ ба роҳ монда шудааст, ки дар асоси шартнома хоҷагиҳои моҳипарвари ҷумҳурӣ метавонанд, аз ин ҷо моҳичаҳо дастрас намоянд.

Атрофи кӯли моҳипарварӣ бо завқу салиқаи баланди зебоиофарӣ гулкорӣ шуда, дарахтони ороишии ҳамешасабз шинонда шудааст. Барои истироҳату фароғати коргарону меҳмонон дар як гӯшаи ҳавзи моҳипарварӣ, дар иҳотаи гулу буттаҳои рангоранги назаррабо суҳбаткадаи барҳаво бунёд гардидааст.

Ҳамчунин дар канори роҳравҳои атрофи кӯл курсиҳои бароҳат гузошта шудааст. Дар ин мавзеъ, ки дар домани табиати биҳиштосои кӯҳсор ҷойгир аст, инсон аз тамошои гулмоҳиҳо бо мавҷи нуқрасони оби кӯл рӯҳу илҳоми тоза мегирад.

Боғпарварӣ низ аз самтҳои асосии фаъолияти комплекси агросаноатӣ буда, масоҳати умумии боғоти хоҷагӣ 8,74 гектарро дар бар мегирад, ки дар онҳо асосан ниҳоли дарахтони себ, олу, гелос, бодом ва дигар навъи меваҳои шаҳдбор парвариш карда мешавад. Бо дарназардошти боду ҳавои мусоиди ноҳия дар масоҳати 2,14 гектар боғи интенсивӣ бунёд карда шудааст. Ниҳоли дарахтони себ соли оянда ба ҳосил медароянд.

Боғи интенсивӣ мутобиқи талаботи муосири парвариши ниҳолҳо ташкил карда шудааст. Ба ақидаи мутахассисон ҳосилнокии боғҳои интенсивӣ 8-10 маротиба аз боғҳои муқаррарӣ зиёд мебошад. Зеро тартиби ниҳолшинонӣ дар боғҳои интенсивӣ асосан, аз рӯйи меъёр байни қатори ниҳолҳо аз 3 то 4 метр паҳноӣ ва  масофа миёни ниҳолҳо бошад, аз 1 то 1,5 метрро дар бар мегирад.

Ҳамин тариқ, дар як гектар аз 1500 то 2700 ниҳол шинонда шуда, ба ҳисоби миёна аз ҳар гектар аз 30 то 40 тонна ҳосил рӯёнда мешавад. Дар боғҳои интенсивии хоҷагӣ чанд навъи ниҳоли дарахтони себ, ки бештар барои содирот пешбинӣ гардидааст, шинонда шуд.

Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз таҷрибаи боғпарварӣ ва истифодаи босамари замин дар Комплекси агросаноатии Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди “Заркорон”-и ноҳияи Муъминобод изҳори қаноатмандӣ намуда, барои боз ҳам васеъ кардани замини боғҳои дарахтони мевадиҳанда ба хоҷагидорон маслиҳату тавсияҳои судманд доданд.

Таъкид шуд, ки бо истифода аз оби фаровон, замини ҳосилхез ва шароити мусоиди иқлим истеҳсоли маҳсулоти ватанӣ, ки аз лиҳози экологӣ тозаи табиӣ мебошад, зиёд гардида, ба хориҷӣ кишвар бештар содирот карда шавад. Аз ҳисоби афзоиши истеҳсолот ва ба бозори истеъмолӣ пешниҳод кардани маҳсулот даромади иқтисодии хоҷагӣ бештар мегардад.

Дар комплекси мазкур биноҳои муҳташами меҳмонхона бо санъати баланди миллии меъморӣ сохта шудааст, ки дорои 10 ҳуҷраи барҳаво  мебошанд. Ҳуҷраҳои меҳмонхона бо мебелу таҷҳизоти ҳозиразамон муҷаҳҳаз буда, барои истироҳату фароғати кормандон, меҳмонон ва таҷрибаомӯзон шароити арзанда фароҳам оварда шудааст. Дар долони бинои меҳмонхона, ки барҳаво мебошад, мизи мудаввар бо курсиҳои бароҳат гузошта шудааст.

Мутахассисони маҳаллӣ корҳои бунёдиро дар меҳмонхонаи замонавӣ бо истифода аз масолеҳи хушсифати сохтмонӣ, бо сатҳу сифати баланд ба анҷом расонидаанд. Барои боз ҳам зебою назаррабо шудани саҳни иншооти истироҳатию фароғатӣ сабзазор гардида, дарахтони ороишӣ шинонда шудааст.

Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз Фермаи ширию молии Комплекси агросаноатии Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди “Заркорон” -и ноҳияи Муъминобод, ки аз 4 бино иборат буда, дар он 100 сар чорвои ширдеҳи зотҳои шведӣ, голштинӣ, сиёҳало, симменталӣ парвариш карда мешавад ва ба шароити иқлими ноҳия мутобиқ мебошанд, дидан карданд.

Бинои якуми фермаи чорводорӣ барои нигоҳубини гӯсолаҳои навзод ва гӯсолаҳои то 6 моҳа пешбинӣ шудааст. Бинои дуюм ва чорум барои нигоҳубини чорвои ширдеҳ ва бинои сеюм толори ширдӯшӣ буда, занону бонувони маҳаллӣ дар як вақт аз 25 сар чорво бо истифода аз таҷҳизоти муосир шир медӯшанд, ки ин раванд аз як ҷиҳат тозагии шир ва сифати аслии онро таъмин намояд, аз тарафи дигар вақти кам сарф мегардад.

Ба иттилои масъулон дар як шабонарӯз аз ҳар сар чорво 16-18 литр шир бо равғаннокии 3,8% ҷӯшида мешавад. Дар фермаи мазкур дар як рӯз аз 350 то 400 литр шир истеҳсол карда мешавад. Барои нигаҳдории сифат ва хусусиятҳои табиии шир ҳамаи амалиёти коркарди аввалияи шир дар зарфи калонҳаҷм ба роҳ монда шуда, баъдан ба корхонаи коркард ва истеҳсоли маҳсулоти босифати ширии назди Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди “Заркорон” интиқол дода мешавад.

Барои гузарондани корҳои зотпарварӣ ва баланд бардоштани маҳсулнокии чорво дар ин ҷо парвариши буқаҳои зотӣ низ ба роҳ монда шудааст. Ба ҳисоби миёна аз 100 сар чорвои калон 85-90 сар гусола гирифта мешавад. Хӯроки дурушту ширадори чорво, аз қабили юнучқа, ҷуворимакка ва дигар намуди зираоати хӯроки чорво дар заминҳои назди хоҷагӣ кишту ҷамъоварӣ шуда, захира карда мешавад. Барои таъмини чорво бо хӯроки ширадор аз қабили тарбеда ва силос ду чоҳи амудӣ сохта шудааст.

Ба Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иттилоъ доданд, ки барои рушди соҳаи парандапарварӣ ва истеҳсоли тухму гӯшти парҳезӣ дар комплекси агросаноатӣ 8 ҳазор сар мурғи тухмдеҳи зоти “Лома” парвариш карда мешавад. Фабрикаи мазкур бо технология ва таҷҳизоти муосири соҳавӣ, ки аз кишварҳои пешрафтаи олам дастрас ва васлу насб гардидааст, муҷаҳҳаз мебошад.

Дар ин ҷо барои парвариши мурғи сермаҳсул шароити зарурӣ фароҳам буда, санҷиши ҳарорати бино, намнокӣ ва равшании он ба таври автоматӣ идора карда мешавад. Мурғпарварон ҳамарӯза аз 7000 то 7200 дона тухм истеҳсол карда, ба бозори истеъмолии ноҳияи Муъминобод ва шаҳри Кӯлоб пешниҳод менамоянд. Барои эъмин нигоҳ доштани паранда аз ҳар гуна касалиҳо қоидаҳои санитарию гигиенӣ дар фабрика ба таври қатъӣ риоя карда мешавад.

Тухмҳои истеҳсолшуда дорои ғизонокии баланд буда, ба талаботи стандартҳои давлатӣ ҷавобӯ мебошад Хӯроки парандаро мутахассисони маҳаллӣ асосан дар комплекси мазкур истеҳсол менамоянд.

Дар шафати фермаи чорводорӣ ва парандапарварӣ дар майдони кушоду барҳаво парвариши шутурмурғ, мурғи марҷон, сасарка ва харгӯш ба роҳ монда шудааст. Истифодаи ин таҷрибаи самаровар имкон медиҳад, ки саршумори ҳайвоноти хонагӣ ба маротиб зиёд карда шуда, истеҳсоли гӯшти парҳезӣ бештар гардад.

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба соҳибкори ватандӯсту ташаббускор барои бунёди иншооти азими аграрию саноатӣ дар ноҳияи баландкӯҳи Муъминобод, ки бозгӯи ҷонибдории амиқ аз сиёсати пешгирифтаи роҳбарияти олии давлату Ҳукумати мамлакат ҷиҳати таъсис додани ҷойҳои нави корӣ ва баланд дардоштани сатҳи некуаҳволии мардум аст, изҳори сипос карда, барои рушди фаъолияти меҳнатӣ ба онҳо барори кор орзу намуданд.

Источник: president.tj