Ифтитоҳи Қисми мустақили 55-уми ҳарбикунонидашудаи Хадамоти давлатии оташнишонӣ оид ба муҳофизати ноҳияи Ховалинг

0
141

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти  Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Ховалинг бинои Қисми мустақили 55-уми ҳарбикунонидашудаи Хадамоти  давлатии оташнишонӣ оид  ба  муҳофизати ноҳияи Ховалингро ифтитоҳ намуданд.

Иншоот аз  ду  ошёна иборат буда, бо тарҳи зебо дар идомаи тадбирҳои созандагӣ ба истиқболи 30-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон сохта шудааст.

Бинои нав аз 12 утоқи корӣ, синфхонаи таълимӣ, маҷлисгоҳ бо 40 ҷойи  нишаст, ошхона барои кормандон ва хобгоҳ иборат мебошад.

 Барои  фаъолияти мунтазам ва фаврии кормандон Хадамоти  давлатии оташнишонӣ дар ноҳияи Ховалинг се адад воситаи нақлиёти муосир ва  махсусгардонидашуда, ки ҳар яки он имкони ғунҷоиши то 6 тонна обро доранд, дастрас карда шудааст.

100 бех ниҳоли  сояафкан  ва 4000 гулҳои рангоранг  ҳудуди  иншоотро зиннат мебахшад.

Дар доираи созандагиҳо ҳамчунин атрофи бино сафолакпӯш карда шудааст.

Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳайати шахсии ниҳоди мазкурро  барои  истифодаи  пурсамар  аз  шароити  фароҳамгардида ҷиҳати хизмати содиқона ба нафъи давлату миллат ҳидоят намуданд.

Президенти  мамлакат  муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон пас аз  шиносоии пурра бо шароити  кору  фаъолият дар Хадамоти  давлатии оташнишонӣ дар ҳамин ҷо аз намоиши  ҳунарҳои  мардумӣ боздид  намуданд.

 Дар намоишгоҳ навъҳои гуногуни таомҳои миллӣ, ҳунарҳои мардумӣ, аз ҷумла гулдӯзӣ, овезаҳо, нақшу  нигор, зарфҳои  аз  чӯбу  кулол, мису оҳан ва аз  дигар металҳо сохташуда  ба таври  васеъ  муаррифӣ карда  шуд.

Тавре мушоҳида гардид, занону  бонувони  дар  ин сохтори  Вазорати  корҳои  дохилӣ  фаъолияткунанда  низ ба  рушди ҳунарҳои миллӣ ва  дар самти эҳёи он таваҷҷуҳи хоса доранд.

 Сарвари  давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни суҳбати самимӣ бо иштирокчиёни намоиши ҳунарҳои мардумӣ сокинонро ба ҳифзи арзишҳои миллӣ ва рушди анъанаҳои миллӣ ҳидоят карданд.

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

Ифтитоҳи коргоҳи заргарии Одина дар ноҳияи Ховалинг

 

25 сентябр Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар идомаи сафари  корӣ  дар  ноҳияи Ховалинг бо бардоштани парда аз рӯи лавҳаи рамзӣ ба  фаъолияти  коргоҳи заргарии “Одина” оғоз бахшиданд.

Коргоҳи заргарӣ “Одина” дар мавзеи Чилчанор ҷойгир буда, дар асоси  дастуру супоришҳои ҳамешагии Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар идомаи тадбирҳои созандагӣ ба ифтихори 30-солагии Истиқлоли давалтии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҷониби соҳибкори ватанӣ Абдуқаюм Каримов бунёд карда шудааст.

Аснои шиносоии Пешвои миллат бо фаъолияти коргоҳ ва раванди истеҳсолоти маснуоти заргарӣ иттилоъ дода шуд, ки  коргоҳи заргарӣ дар назди Кооперативи тиҷоратии “Артели заршӯии Одина” бунёд гардида, дар  он як утоқи коркарди зар ва ду мағозаи фурӯши ҷавоҳирот фаъолият мекунад.

Дар ноҳияи Ховалинг барои ноил гардидан ба ҳадафи чоруми миллӣ – саноатикунонии босуръати мамлакат тадбирҳои судманд пеш гирифташуда, тибқи нақша то ҷашни 30-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон боз чанд коргоҳи хӯрду бузурги саноатӣ сохта, мавриди истифода қарор дода мешавад.

Коргоҳи навтаъсис бо дастгоҳҳои махсуси коркарди  маснуоти  заргарӣ, ки истеҳсоли кишварҳои хориҷ мебошанд, таъмин карда шудааст.

Иншоот бо тарҳу намои хуб бунёд гардида, корҳои сохтмониро 50 нафар сокинони маҳаллӣ анҷом додаанд.

Дар атрофи бино зиёда аз 20 намуди ниҳолҳои ороишӣ ва гулҳои  рангоранг шинонида  шудааст, ки шаҳомат ва зебои биноро боз ҳам зиёдтар  менамояд.

Бо бунёди сехи заргарии “Одина” наздик ба 30 нафар сокинони  маҳаллӣ, ки аксаран духтарони бешуғл ва хонашин буданд,  пас  аз омӯзиши нозукиҳои ин касб соҳиби ҷойи кор ва маоши хуб гардиданд.  

Источник: president.tj