Ифтитоҳи иншоот дар Фурудгоҳи байналмилалии Хуҷанд

0
52

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бинои нави аэровокзали фурудгоҳи байналмиллалии Хуҷандро расман ба истифода доданд.

Бояд гуфт, ки баҳри иҷрои дастуру супоришҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар фурудгоҳи байналмиллали Хуҷанд ба ифтихори истиқболи сазовори ҷашни бузурги миллӣ – 30 солагии Истиқлолияти давлатӣ корҳои бунёдкорӣ, созандагию ободонӣ, вусъат ёфта, дар асоси нақшаҳои наву лоиҳаҳои замонавӣ инфрасохтори фурудгоҳ ба стандартҳои ҷаҳонӣ мутобиқ карда мешавад.

Ҷиҳати баланд бардоштани сатҳу сифати хизматрасониҳо ба мусофирон, таъмини сатҳи баланди бехатарии авиатсионӣ, бехатарии парвозҳо ва мутобиқ намудани инфрасохтори фурудгоҳ ба талаботу стандартҳои байналмиллалӣ бо дастгирии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон лоиҳаи “Таҷдид ва муҷаҳҳазгардонии техникии бинои аэровокзали фурудгоҳи байналмилаллии Хуҷанд” дар солҳои 2016-2021 амалӣ карда шуда, марҳилаи аввал-толори хизматрасонии пешазпарвозӣ ва қабули мусофирони бинои нави аэровокзал бо арзиши лоиҳавии зиёда аз 220 миллион сомони аз ҳисоби воситаҳои молиявии фурудгоҳ бунёду муҷаҳҳаз карда шудааст.

Бинои нави аэровокзали фурудгоҳи байналмиллалии Хуҷанд дар асоси лоиҳаи муҷаҳҳазгардонии техникии ширкати “Аэр Ант” – и Ҷумҳурии Қазоқистон ва Лоиҳаи сохтмонии Ҷамъияти саҳомии кушодаи “Суғдинтиз” бо тарҳу намуди хоса, ҷавобгӯ ба меъёрҳои стандартӣ байналмиллалӣ бунёд гардидааст.

Корҳои сохтмонӣ аз ҷониби коргарону мутахассисони Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди “Муҳандис” ва ширкати “Алюминиюм”-и давлати Туркия анҷом дода шуда, корҳои васлу насби таҷҳизоту лавозимоти техникию технологӣ ва пардозгариро ширкати “Осмонли”-и давлати Туркия иҷро кард.

Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба иҷрои лоиҳа ва сифати корҳои сохтмону муҷаҳҳазгардонӣ баҳои баланд доданд ва ташаббусҳои роҳбарияти фурудгоҳ, иштироки фаъолонаи коргарону мутахассисонро баҳри то ба дараҷаи сатҳу стандартҳои меъёри расонидани иншооти фурудгоҳ шоиста арзёбӣ намуданд.

Ба истифода додани бинои нави аэровокзали фурудгоҳ имкон медиҳад, ки то ба 400-500 нафар мусофир дар қабулу гусел дар як вақт хизматрасонӣ карда шавад.

Мутобиқи лоиҳа ва нишондиҳандаҳои техникии бинои аэровокзал ба масоҳати 30 ба 64 метр аз тарафи пеши бино ва 36 ва 64 метр аз тарафи перрон васеъ карда шуда, масоҳати умуми 84 метр ба 64 метрро ташкил медиҳад. Баландии бино аз дохил 14,6 метр ва аз берун ба 17,2 метр аст.

Ҳамчунин, мутобиқи лоиҳа аз ду тарафи аэровокзал ба самти перрон ду галерея бо дарозии 22 метр ва 4 зинаи телескопӣ барои ҳавопоймоҳои калонҳаҷми тамғаҳои чун “Аэробус А320” ва “Боинг 767-300” васл карда мешавад.

Дар марҳилаи минбаъдаи татбиқи Лоиҳа муҷаҳҳазгардонии техникии бино бо тамоми таҷҳизоти техникии муосир, аз ҷумла таҷҳизот барои таъмини бехатарӣ, лифтҳои махсус барои мусофирони маъюб, эскалаторҳо ва дигар лавозимоти аэровокзал пешбинӣ гардидааст.

Дар саҳни фурудгоҳ роҳи давродар сохта, бо сифати баланд мумфарш гардида, мусофирон метавонанд тавассути нақлиёт то даромадгоҳи аэровокзал расанд.

Источник: president.tj