Ифтитоҳи Фермаи чорвопарварии Муассисаи давлатии “Хоҷагии зотпарварии ба номи Тӯйчӣ Эрйигитов” дар ноҳияи Ашт

0
50

16 апрел Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар доираи сафари корӣ ба ноҳияи Ашт, баъд аз ба истифода додани биноҳои беморхонаи ноҳиявии №5, дар шаҳраки Шайдон ба фаъолияти Фермаи чорвои калон оғоз бахшида, аз намоиши соҳаи чорводории ноҳия ва дастовардҳои чорвопарварони минтақа дидан намуданд.

Фермаи чорвои калони шохдор аз ҷониби соҳибкори ватандӯст Зайлобиддин Мақсудҷонов дар ҳудуди Муассисаи давлатии “Хоҷагии зотпарварии ба номи Тӯйчӣ Эрйигитов” ташкил ва барои парваришу нигоҳубини 200 сар чорво пешбинӣ гардидааст. Хоҷагии зотпарварӣ дар як гектар замин доман паҳн карда, аз се соябони гуногунҳаҷм, ки дар маҷмӯъ 1800 метри мураббаъро ташкил медиҳанд, иборат мебошад. Иншооти мавҷуда мувофиқ ба талаботи ҷории парвариши чорво бунёд гардида, бо шароити зарурии чорводорӣ таъмин мебошад. Айни замон дар ферма 15 нафар бо кор таъмин шудаанд ва бо назардошти васеъ гардидани фаъолияти ферма, шумораи коргарон низ зиёд хоҳад шуд.

Иттилоъ дода шуд, ки фермаи мазкур бо мақсади истеҳсоли гӯшти хушсифат ва аз ҷиҳати экологӣ тоза ташкил шуда, коргарон мақсад доранд, бозори дохилиро бо ин навъи маҳсулот таъмин намоянд. То ин дам ба бозорҳои дохилии ноҳияи Ашт асосан аз хоҷагиҳои чорвопарварии шаҳри Хуҷанд ва дигар ноҳияҳои ҳаммарз гӯшти гов ворид мешуд. Акнун баъди фаъол гардидани фермаи мазкур ин мушкилот бартараф гардида, бозорҳои ноҳия аз ҳисоби маҳсулоти худӣ таъмин хоҳанд шуд. Ба иттилои масъулин, фермаи чорвои калони шохдори хоҷагии Тӯйчӣ Эрйигитов дар ноҳия калонтарин хоҷагии зотпарварӣ ба шумор меравад ва он имкон дорад, ки дар як сол то 50 тонна гӯшт истеҳсол намояд. Ин миқдор маҳсулот на танҳо талаботи дохилии ноҳияи Аштро қонеъ мегардонад, ҳамчунин гӯшти хушсифатро хоҷагидорон метавонанд ба бозори шаҳрҳои Хуҷанд, Бӯстон, Гулистон ва дигар ноҳияҳо ба фурӯш бароранд. Дар ферма асосан буққаҳои хурдсол ва миёнасоли гӯштӣ парвариш карда мешавад.

Зимни боздид аз фаъолияти фермаи мазкур Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳамзамон аз намоиши хӯроки сабз, ки дар худи ферма омода мешавад, дидан карданд. Ба Сарвари давлат иттилоъ дода шуд, ки хӯроки сабз аз донаҳои гандум, маккаи дон ва дигар зироатҳои серғизо омода гардида, ба сергӯшт кардани чорво ва сершир шудан таъсири мусбӣ мерасонад. Аз ҷиҳати ғизонокӣ хӯроки сабз аз витаминҳо бой буда, он бо усули гидропоникӣ дар муддати кӯтоҳ омода карда мешавад. Яъне аз 1 килограмм дона дар давоми 7 рӯз 7 килограмм хӯроки сабз омода мегардад. Ин ҳам бе истифодаи маводи химиявию нуриҳои минералӣ тайёр карда шуда, донаҳо ба таври табиӣ сабзонида мешаванд.

Ҳамзамон дар ҳамин ҷо намунаи чорвои хоҷагии Тӯйчӣ Эрйигитов ва дигар хоҷагиҳои зотпарварии ноҳияи Ашт ба намоиш гузошта шуд.

Ҳангоми боздид аз намоишгоҳ Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо хоҷагидорон ва мутахассисони соҳа суҳбати самимӣ анҷом доданд.

Источник: president.tj