Ифтитоҳи боғи фарҳангию фароғатӣ ва тақдими туҳфаҳо ба ятимон дар ноҳияи Данғара

0
60

28 апрел Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳраки Данғараи ноҳияи Данғара Боғи фарҳангию фароғатиро расман ифтитоҳ намуда, бо шароити он шинос шуданд.

Иншоот дар масоҳати умумии 0,60 гектар замин бунёд гардида аз комплекси маҷмуавии истироҳатию варзишӣ ва биноҳои муосири савдою хизматрасонӣ иборат мебошад ва барои саёҳату истироҳати сокинон, машғулияти ҷавонону наврасон ба намудҳои гуногуни варзиш макони беҳтарини фароғат маҳсуб меёбад.  

Боғи фарғангию фароғатӣ ва гулгашти зебо бо дастгирӣ ва ҳидоятҳои созандаи Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷиҳати сазовор истиқбол намудани ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатӣ ва дар ин замина таъмини шароити беҳтари истироҳат ба сокинон аз ҷониби соҳибкори ватанӣ Фариддуни Абдусалом бо санъати баланди меъморӣ сохта шудааст. Дар маҷмааи нав бинои тарабхонаи дуошёнаи замонавӣ барои гузаронидани маҳфилу чорабиниҳо бо 132 ҷойи нишаст, майдончаи варзишӣ барои футболи хурд ва бозӣ барои кудакон, 2 мағозаи фуруши обҳои ташнашикан, яхмос ва маҳсулоти тезтайёр ҷойгир мебошад.

Дар майдончаи варзишӣ ва бозӣ барои кудакон, ки ҷавобгӯи талаботи замон бунёд шудааст, минбаъд ҷавонону наврасон имкон доранд, ки ба бозиҳои футбол ва дигар намуди варзиши сабук машғул шаванд.

Бо мавриди истифода қарор гирифани боғи фарҳангию фароғатӣ ва бунёди якчанд иншоот дар он беш аз 20 нафар сокини маҳаллӣ бо ҷойи кори мувофиқ таъмин шуданд.    

Сарвари давлат иқдоми соҳибкори ватаниро ҷиҳати бунёди чунин як боғу гулгашти замонавӣ, ки бо муосиртарин шароит таъмин аст шоистаи таҳсин хонда ба масъулон ҷиҳати тозаю озода нигоҳ доштани боғ ва анҷоми босифати сатҳи хизматрасонӣ ба аҳолӣ дастуру супоришҳои мушаххас доданд.

Аз рӯйи тарҳ дар ин ҷо барои сайругашт ва комил сохтани истироҳати ҳам ҷавонону наврасон ва ҳам калонсолон беш аз 10 ҳазор гулу буттаҳои рангоранги мавсимӣ ва 200 бех ниҳоли дарахтони ороишию сояафкан шинонида шудааст. Суҳбаткадаҳои бо нақшу нигори миллӣ оро ёфта, 4 фавораи замонавӣ, 22 нишастгоҳ, 110 чароғаки равшандиҳанда ва дигар иншооти ёрирасоне, ки дар дохили боғи фароғатӣ бунёд гардидааст ба ҳар як нафар руҳу илҳоми тоза мебахшад. Дарахтон ва гулу буттаҳо ба таври муосир обрасонӣ гардида, роҳравҳои боғи навтаъсис бо санъати баланди меъморӣ сафолакпӯш шудааст.

Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон пас аз боздид аз шароити боғи навбунёд дар ҳамин ҷо дар доираи сиёсати инсонпарваронаи хеш бо 50 нафар ятими кулл мулоқот доир намуда, бо онҳо суҳбати самимӣ анҷом доданд.

Тавре таъкид гардид, дастгирии шахсони имконияташон маҳдуд ва яккаву танҳо дар меҳвари сиёсати пешгирифтаи Ҳукумати мамлакат қарор дошта, барои нигоҳубин, ба таҳсил фаро гирифтан ва соҳибшуғл намудани онҳо аз ҷониби давлат тадбирҳои зарурӣ амалӣ мегардад.

Дар доираи иқдомҳои иҷтимоии роҳбарияти давлат дар ин рӯз 50 нафар ятими кули муассисаҳои таълимии ноҳияи Данғара бо туҳфаҳои Пешвои миллат, ки аз сару либоси мактабӣ, пойафзол, сарулибоси зимистона, китобҳои бадеӣ ва шириниҳо иборат буд, қадрдонӣ шуданд.  

Источник: president.tj