Ифтитоҳи боғчаи «Ахтарак» дар ноҳияи Рашт

0
3

22 сентябр бо иштироки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон боғчаи «Ахтарак» дар ноҳияи Рашт  ифтитоҳ гардид.  

Иншооти таълимӣ дар доираи омодагиҳо ба таҷлили ҷашни 30- солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз тарафи оилаи Ахмедовҳо сохта шуда, дорои шароити замонавӣ барои ба таълими томактабӣ фаро гирифтани 100 кӯдак мебошад.

Ин аввалин боғчаи типпи нав дар ноҳияи Рашт мебошад ва дар баробари забони тоҷикӣ барои омӯзиши забонҳои русӣ ва англисӣ диққати аввалиндараҷа дода мешавад.

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мураббиёнро барои дар руҳияи хештаншиносӣ тарбия намудани наврасон вазифадор намуданд.

Ба таълими томактабӣ фаро гирифтани наврасон яке аз ҳадафҳои асосии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад. Ин сеюмин боғчаи бачагона ба ҳисоб меравад, ки дар ноҳияи Рашт ба фаъолият оғоз намуд ва ҷиҳати ҳарчи бештар ба таълими томактабӣ фаро гирифтани наврасон мусоидат мекунад.

Дар ин даргоҳ дӯстрӯякони аз 3 то 6 сола ба воситаи аёниятҳо ба омӯзиш фаро гирифта мешаванд.

Дар марҳилаи аввал мураббиёни касбӣ аз шаҳри Душанбе даъват карда мешаванд ва дар ин баробар бонувони маҳаллӣ барои минбаъд ба ҳайси мураббӣ фаъолият кардан омӯзонида мешаванд.     

Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои дар оянда дар шароити замонавӣ ҳарчи бештар ба таълими томактабӣ фаро гирифтани наврасон ба масъулин супориш доданд.

Иттилоъ дода шуд, ки оянда дар ҳамин ҷо барои то 200 нафар навраси дигарро ба таълими томактабӣ фаро гирифтан имкон фароҳам оварда мешавад.

Ҳамзамон барои дар шароити муосир ба таълим фаро гирифтани наврасони ҳамин даргоҳ бунёди муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии типпи нав барои 300 хонанда ба нақша гирифта шудааст.

Саҳни бинои таълимӣ мутобиқ ба сохти меъмории замонавӣ назаррабо гардонида шуда, дарахтони ороишӣ шинонида шудааст.

Источник: president.tj