Ифтитоҳи бинои шуъбаи кишоварзии ноҳияи Лахш ва боздид аз намоиши маҳсулоти кишоварзӣ

0
75

21 сентябр Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар доираи сафари корӣ дар ноҳияҳои водии Рашт бо мақсади шиносоӣ аз вазъи рӯзгори мардум, ифтитоҳи як қатор иншооти ҷашнӣ ба ифтихори 30-солагии Истиқлолияти давлатӣ ва «Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ» инчунин суҳбату мулоқоти самимӣ бо сокинон ба ноҳияи Лахш ташриф оварданд.

Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро дар фурудгоҳи ноҳия роҳбарият бо самимияти беандоза истиқбол гирифтанд.

Нахуст Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳраки Ваҳдати ноҳияи Рашт бинои шуъбаи кишоварзии ноҳияро мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд.

Бинои маъмурӣ аз ду ошёна иборат буда, дорои 9 ҳуҷраи корӣ ва дигар иншооти ёрирасон мебошад.

Иншоот дар доираи вусъати корҳои ободонию созандагӣ ба истиқболи сазовори 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо мақсади фароҳам овардани шароити арзандаи корӣ барои мутахассисони соҳаи кишоварзӣ сохта шудааст.

Зимни шиносоӣ бо шароитҳои фароҳамшуда дар бинои навбунёд иттилоъ дода шуд, ки айни замон дар шуъбаи кишоварзии ноҳияи Лахш 6 мутахассиси соҳа кору фаъолияти назаррас доранд.

Ёдовар мешавем, ки шуъбаи кишоварзии ноҳияи Лахш қаблан дар бинои Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия ҷойгир буда, аз 4 ҳуҷраи корӣ иборат буд. Акнун дар бинои наву замонавӣ мутахассисон имкон доранд, ки хуҷҷатнигорӣ, банақшагирӣ, ҳисобот ва дигар корҳои марбут ба соҳаи кишоварзиро бо сифат ба иҷро расонда, фаъолияти назаррас дошта бошанд.

Дар таҳхонаи бино бойгонӣ ҷойгир карда шуда, ҳамаи ҳуҷраҳои корӣ бо мизу курсӣ ва дигар техникаю таҷҳизоти зарурӣ муҷаҳҳаз мебошанд.

Маврид ба ёдоварист, ки шуғли асосии сокинони ноҳияи баландкӯҳи Лахш кишоварзӣ, чорвопарварӣ ва боғдорӣ аст. Аз ин рӯ, бинои мазкур барои фароҳам овардани шароити мусоиди корӣ ба мутахассисони ин бахши кишоварзӣ, бунёд шудааст.

Дар корҳои сохтмонии иншооти нав мутахассисони маҳаллӣ ҷалб гардида, бо истифода аз масолеҳи баландсифат корҳои бунёдиро ба анҷом расондаанд. Бо бунёд ва мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифтани боз як иншооти маъмурӣ дар баробари такмили инфрасохтор, ба ҳусни ин ноҳияи дурдасти кӯҳистони Тоҷикистон зебоии дигар зам гардид.

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон масъулонро барои иҷрои босифати уҳдадориҳо ва ривоҷу равнақи бештари соҳаи кишоварзии ноҳияи Лахш вазифадор намуданд.

Саҳн ва атрофи иншоот бо дарахтони сояфкану ороишӣ ва гулҳои мавсимӣ оро ёфтааст.

Пас аз ба истифода додани бинои шуъбаи кишоварзии ноҳияи Лахш Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз намоиши маҳсулоти кишоварзӣ ва дастранҷи хоҷагидорон дидан карданд.

Аҳли заҳмати ноҳия навҳои гуногуни сабзавоту полезӣ, ғалладона, меваи тару тозаи табиӣ, асал ва техникаи кишоварзиро ба намоиш гузоштанд.

Источник: president.tj