Ифтитоҳи бинои шуъбаи дар ноҳияи Фархор будаи Раёсати Кумитаи давлатии амнияти миллӣ дар вилояти Хатлон

0
83

2 октябр дар идомаи сафари корӣ Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бинои шуъбаи дар ноҳияи Фархор будаи Раёсати Кумитаи давлатии амнияти миллӣ дар вилояти Хатлонро мавриди баҳрабардорӣ қарор дода, бо шароиту имконияти кории он шинос шуданд.

Иншооти мазкур дар деҳоти Фархор ҷойгир буда, бо назардошти талаботи кории мақомот дар зарфи як сол бунёд гардид.

Барои кору фаъолияти кормандони шуъба утоқҳои барҳавою замонавӣ бунёд гардида, ҳамчунин дар дохили бино тамоми имконоти зарурӣ фароҳам оварда шудааст.

Бинои шуъбаи дар ноҳияи Фархор будаи Раёсати Кумитаи давлатии амнияти миллӣ дар вилояти Хатлон бо санъати баланди меъморӣ бунёд гардида, ифтитоҳи иншооти мазкур имконият медиҳад, ки кормандони ниҳоди мазкур мувофиқи талаботи оинномавӣ сатҳу сифати корро боз ҳам баландтар бардоранд ва дар пойдории амнияту осудагии Тоҷикистони соҳибистиқлол саҳми бештар гузоранд.

Ҳудуди иншооти нав пурра сафолакпӯш гардида, саҳни он бо гулҳои ороишиву дарахтони мевадиҳанда зебу оро ёфтааст. Барои машқу тамрини кормандони шуъба имконияти зарурӣ фароҳам буда, бо истифода аз майдони назди бино ба футболу волейбол машғул гарданд.

Зимни боздид Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон кормандони шуъбаро, вазифадор намуданд, ки бо донишу малакаи касбии худ ҳамеша дар сафи пеши мубориза ба қонуншиканиву ҷинояткорӣ бошанд.

Источник: president.tj