Ифтитоҳи бинои нави Агентии обуҳавошиносии Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

0
189

19 ноябр Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ дар ноҳияи Сино бинои нави Агентии обуҳавошиносии Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистонро ифтитоҳ карданд. 

Агентии обуҳавошиносӣ аз 6 ошёна ва таҳхона иборат буда, бо тарҳи муосир ва унсурҳои миллии шаҳрсозӣ бунёд гардидааст.

Корҳои сохтмонӣ дар иншооти нав соли 2020 оғоз гардида, он дар муҳлати кӯтоҳ бо сифати баланд сохта шуд.

Бино аз 71 ҳуҷраи корӣ, се маҷлисгоҳ ва ҳуҷраҳои ёрирасон иборат мебошад. Барои фаъолияти пурсамари кормандон ҳуҷраҳои корӣ бо дастгоҳу таҷҳизоти муосиру пешрафта, аз технологияи иттилоотию коммуникатсионӣ таъмин аст. Мувофиқи лоиҳа дар таҳхонаи бинои асосӣ ҳуҷраҳои техникӣ ва хизматрасонӣ ҷойгир карда шудааст.

Шумораи умумии кормандони Агентӣ бо ҳайати хизматрасонӣ 775 нафарро ташкил медиҳад.

Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни шиносоӣ аз маркази обуҳавошиносӣ, ҳуҷраҳои корӣ, маркази омӯзиши ҳолати пиряхҳо ва дигар имкониятҳои фароҳамгардида дидан намуда, ба сифати корҳои анҷомёфта баҳои баланд доданд.

Бинои озмоишгоҳи Агентии обуҳавошиносӣ дуошёна буда, 20 утоқи корӣ дорад. Дар озмоишгоҳ таҷҳизоти замонавӣ барои гузаронидани санҷишҳои ташхиси обҳои рӯизаминӣ, сифати фазои ҳаво ва санҷишу таъмири асбобҳои обуҳавосанҷӣ васл карда шудааст.

Агентии обуҳавошиносии Тоҷикистон дорои 3 шуъба, 5 раёсат ва 5 маркази муҷаҳҳаз бо таҷҳизоти муосири обуҳавосанҷӣ мебошад.      

То ин вақт кормандони Агентии обуҳавошиносии Тоҷикистон дар бинои куҳнаву валангор, ки шароити он ба талаботи замони имрӯз ҷавобгӯ набуд, фаъолият доштанд.

Дар рӯзҳои таҷлили 30-солагии Истиқлолияти далатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо дастгирии бевоситаи Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Агентии обуҳавошиносии Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба як маркази бузурги иттилоотӣ ва дорои инфрасохтори  замонавӣ табдил ёфт ва бо дастгоҳҳои соҳавии навтарин таъмин гардид.

Маркази обуҳавошиносӣ яке аз сохторҳои муҳими Агентӣ маҳсуб ёфта, фаъолияти он асосан ба омӯзиш ва пешгӯии равандҳои обу ҳаво марбут мебошад. Пешгуйӣ, асосан ба таври машваратӣ сурат гирифта, дурустии онҳо то 90 фоизро дар бар мегирад.

Маркази мазкур бо таҷҳизоту барномаҳои муосири компютерӣ, алоқаи моҳворагӣ ва моделҳои пешгӯии вазъи обу ҳаво таҷҳизонда шудааст. Айни замон ҷиҳати пешгӯии обу ҳаво маълумоти шабакаҳои автоматикӣ ва дидбонгоҳҳои обченкунӣ, ки дар ҳудуди ҷумҳӯрӣ дар даврони соҳибистиқлолӣ васл карда шудаааст ва шумораи онҳо ба 70 адад баробар аст, истифода карда мешавад.

Ҳоло дар ҷумҳурӣ 54 шабакаи давлатии обуҳавосанҷӣ, 96 дидбонгоҳи обченкунӣ, 21 нуқтаи ченкунии сифати фазои ҳаво дар шаҳрҳои калон ва саноатии ҷумҳурӣ фаъолият мекунанд.

Марказҳои обуҳавосанҷии минтақавии Агентӣ дар шаҳри Бохтари вилояти Хатлон, шаҳри Гулистони вилояти Суғд ва дар шаҳри Хоруғи Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ҷойгир шудааст.

Дар шуъбаи пешгӯии обу ҳаво 56 нуқтаи бодуҳовасанҷӣ ва 29 нуқтаи худкор мавҷуд аст, ки маълумоти ҳаррӯзаи вазъи боду ҳаво, ҳарорати ҳаво, боришот, самту суръати шамол, чангу ғубор, тормеғ, туман ва ғайраро коркард менамоянд.

Инчунин барои тартиб додани пешгӯиҳои якшабонарӯзӣ аз харитаҳои ёрирасони обуҳавосанҷии моҳвораи “METEOSAT-8” – Маркази моҳворагии аврупоӣ, истифода бурда мешавад. Айни ҳол мутахассисони шуъба дар ҳамкорӣ бо дигар кормандон маълумоти фавриро мавриди омӯзиш қарор дода, коркард карда, огоҳиҳоро дар самти сар задани хатари ҳодисаҳои табиӣ пешниҳод менамоянд.

Дар Агентии обуҳавошиносӣ Маркази танзиму таъмири асбобҳои ченкунӣ фаъолият дорад. Дар марказ дастгоҳи муосири истеҳсоли давлатҳои Шветсария, Финландия, Иёлоти Муттаҳидаи Америка ва Олмон барои ташхису танзимкунии дастгоҳҳои обуҳавосанҷӣ дастрас ва насб гардидаанд, ки дар миқёси Осёи марказӣ яке аз марказҳои танзими пешқадам эътироф гардидааст.

Дар сохтори Агентии обуҳавошиносӣ фаъолияти як бахши муҳим ба омӯзиш ва ошкор кардани табиати пиряхҳо равона гардидааст. Маркази мазкур дар ҷумҳурӣ аввалин сохторе маҳсуб меёбад, ки бе восита омӯзиш, мониторинг ва ҳамоҳангсозии мақомоти давлатиро дар соҳаи омӯзиши барф ва ях ҳамоҳанг менамояд.

Мутахассисони Маркази яхшиносӣ ҳамасола ҷиҳати омӯзиш ва мониторинги пиряхҳо корҳои экспедитсионию хатсайрӣ, барфченкунӣ ва ҳаракати пиряхҳоро анҷом медиҳанд.

Аз тарафи мутахассисони марказ дар 30 пирях корҳои омӯзишии физикӣ-ҷуғрофӣ гузаронида шудааст.

Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни суҳбат бо кормандони Агентии обуҳавошиносӣ таъкид карданд, ки дар шароити тағйирёбии иқлим бо фароҳам гардидани шароити муосир, муҷҷаҳаз гардондани бинои нав бо таҷҳизоти пешрафтаи ҷаҳонӣ бояд кормандон фаъолияти пурсамар дошта бошанд, ҳамзамон омӯзиши ҳолати пиряхҳоро дар сатҳи лозима ба роҳ монда, оид ба вазъи обу ҳавои кишвар ҳамарӯза ба аҳолӣ ва идораҳои давлатӣ маълумоти дақиқу саривақтӣ пешниҳод намоянд. 

Бунёд ва муҷаҳҳаз гардондани бинои нави Агентии обуҳавошиносии Тоҷикистон дар оянда ҷиҳати ба роҳ мондани корҳои тадқиқотӣ дар самти омӯзиши ҳолати пиряхҳои Тоҷикистон, дар амал татбиқ намудани даҳсолаи байналмилалии амал “Об барои рушди устувор”, солҳои 2018-2028”, пешгӯйӣ, огоҳӣ оид ба вазъи обу ҳаво дар ҷумҳурӣ мусоидат менамояд.  

Акнун бо итминон метавон гуфт, ки кормандон дар шароити муосири аз тарафи роҳбарияти давлату Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳайё гардида, бо истифода аз таҷҳизоти нави пешгӯйикунандаи дақиқи вазъи обу ҳавои кишвар, ба аҳолӣ маълумоти саҳеҳ манзур менамоянд.

Источник: president.tj