Ифтитоҳи бинои маъмурии деҳоти Фахробод дар ноҳияи Хуросон

0
67

29 октябр Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Хуросон бинои маъмурии деҳоти Фахрободро ба истифода супориданд.

 Бинои маъмурии деҳоти Фахробод дуошёна буда, аз 11 ҳуҷраи корӣ, бақайдгирӣ, маҷлисгоҳ бо 50 ҷойи нишаст, бойгонӣ, китобхона ва дигар ҳуҷраҳои ёрирасон иборат мебошад.

Ҳуҷраҳои корӣ бо мизу курсӣ ва дигар таҷҳизоти зарурӣ муҷаҳҳаз шуда, барои фаъолияти кормандон имкони созгор муҳайё гардидааст.

Корҳои сохтмони бинои маъмурии деҳоти Фахробод соли 2018 оғоз гашта, иншоот дар масоҳати 420 метри мураббаъ дар доираи “Барномаи рушди иҷтимоию иқтисодии ноҳияи Хуросон барои солҳои 2016-2020” бо сифати баланд бунёд гардидааст.

Фармоишгар ва маблағгузори бинои маъмурии деҳоти Фахробод Дирексияи сохтмони иншоотҳои ҳукуматии Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон буда, корҳои сохтмонӣ аз ҷониби пудратчӣ Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди “Рамзансохтмон” ва Ҷамъияти саҳомии кушодаи “Тоҷиккомунпроет” анҷом дода шудааст.

Атрофи бино панҷарабандӣ шуда, саҳн ва роҳравҳои он сафолакпӯш ва бетонпӯш гардидаанд.

Ҳамчунин гулу буттаҳои мавсимӣ ва ниҳолҳои сояафкану ороишӣ шинонида шуда, муҳиташ чароғон карда шудааст.

Аснои шиносоӣ Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба сифати корҳои сохтмонӣ ва муҳайё сохтани шароити мусоиди кору фаъолият дар бинои маъмурии деҳоти Фахробод баҳои баланд дода, кормандонро барои тақвият бахшидани фаъолият ва содиқона иҷро намудани масъулияти бардушдоштаашон вазифадор намуданд.

 

Источник: president.tj