Ифтитоҳи бинои Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар шаҳри Исфара

0
99

Имрӯз Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Исфара бо бардоштани парда аз рӯйи лавҳа бинои нави кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар шаҳри Исфараро мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд.

Корҳои сохтмонии бинои Кумитаи Иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар шаҳри Исфара соли 2018 оғоз гардида, бо саҳми аъзоён ва ҷонибдорони ҳизби созандаву бунёдкор, бунёд гардидааст.

Бино аз се ошёна ва таҳхона иборат буда, дар он 13 ҳуҷраи корӣ, маҷлисгоҳ бо 150 ҷойи нишаст, маҷлисгоҳи хурд, қабулгоҳи ҷамъиятӣ, китобхона ва дигар ҳуҷраҳои ёрирасон ҷой дода шудааст. Масоҳати умумии бино бо таҳхона 1152 метри мураббаъро ташкил медиҳад.

Ба Президенти мамлакат, Раиси муаззами Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иттилоъ доданд, ки бо мақсади ҷалби наврасону ҷавонон ба ҳунаромӯзӣ дар таҳхонаи бино шароити зарурӣ фароҳам оварда шудааст. Маҳфилҳои ҳунаромӯзӣ ба монанди рӯймолдӯзӣ, тоқидӯзӣ, атласу адрасбофӣ, духтани либоси миллӣ, косибӣ, толори ороишӣ ва зебогӣ ташкил гардидааст. Илова бар ин, барои омӯзиши фанҳои риёзӣ, дақиқ, табиӣ, технологияи иттилоотӣ ва забонҳои хориҷӣ маҳфилҳо ташкил ва дар се баст 120 нафар наврасону ҷавонон ба омӯзиш фаро гирифта мешаванд.

Бо бунёди бинои наву замонавӣ барои кормандони дастгоҳи Кумитаи иҷроияи шаҳрӣ шароити корӣ фароҳам оварда шуда, ҳуҷраҳои корӣ бо мизу курсӣ, ҷевон, воситаҳои алоқа, компютер ва дигар лавозимотӣ корӣ муҷаҳҳаз гардонида шудааст.  

Дар шаҳри Исфара аъзоёни Ҳизб 15 ҳазору 698 нафарро ташкил медиҳад. Онҳо дар амалӣ шудани нақшаву барномаҳои созандаи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон саҳми арзанда гузошта, барои пешрафту шукӯфоии Ватан фаъолияти пурсамар доранд.

Источник: president.tj