Ифтитоҳи шуъбаи Раёсати Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Истаравшани вилояти Суғд

0
183

10 август Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бинои нави шуъбаи шаҳри Истаравшани Раёсати Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Суғдро мавриди истифода қарор доданд.

Таъкид гардид, ки бинои нави шуъбаи Кумитаи давлатии амнияти миллӣ дар шаҳри Истаравшан дар доираи нақшаи чорабиниҳои созандагӣ ба истиқболи ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатӣ сохта шудааст.

Корҳои бунёдӣ дар иншоот соли 2021 оғоз гардида, дар муддати муайян бо сифати баланд ва тарҳи муосир бунёд карда шудааст ва ҳангоми сохтмони он 40 нафар сокини маҳаллӣ ба кор ҷалб гардида буданд.

Бинои навбунёди шуъбаи Кумитаи давлатии амнияти миллӣ дар шаҳри Истаравшан аз 3 ошёна иборат аст.

Ҳамчунин барои таъмини кормандони ин ниҳод бо манзили зист дар ошёнаи 3-юми бино 4 хонаи истиқоматӣ бо тамоми шароити зисту зиндагонӣ муҳайё карда шудааст, ки аз таваҷҷуҳи бевоситаи Роҳбарияти олии давлату Ҳукумати кишвар ҷиҳати баланд бардоштани шароити хизматчиёни ҳарбӣ шаҳодат медиҳад.

Инчунин бинои наву замонавӣ дорои маҷлисгоҳ барои 90 нафар, китобхона, ошхона, ҳаммом ва толори варзиш буда, барои кормандон пешбинӣ шудааст.

Ҳамаи ҳуҷраҳои корӣ бо мизу курсӣ ва дигар шароити зарурӣ муҳайё мебошанд.

Бино бо системаи гармидиҳии тариқи ангишт ва қувваи барқ фаъолияткунанда таъмин мебошад, ки ба воситаи он дар фасли сармо ҳамаи ҳуҷраҳо бо гармӣ таъмин карда мешаванд.

Саҳни бино пурра ҷароғон ва роҳравҳои гирду атрофи он пурра сафолак ва асфалтпӯш карда шудааст.

Дар ҳудуди бинои шуъба барои фарзандони хизматчиён дар масоҳати ҳазор метри мураббаъ майдончаи бозии кӯдаконаи муҷаҳҳаз бо лавозимоти зарурӣ сохта шудааст.

Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни шиносоӣ аз утоқҳои корӣ ва дигар шароити фароҳамгардида ба корҳои сохтмонӣ баҳои баланд дода, онҳоро барои хизмати софдилона ба нафъи давлату миллат ҳидоят намуданд.

Источник: president.tj