Ифтитоҳи бинои Раёсати дастгоҳи марказии КДАМ дар шаҳри Душанбе

0
42

13 март Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ дар ноҳияи Шоҳмансури пойтахт бинои Раёсати дастгоҳи марказии Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистонро ифтитоҳ карданд.

Дар асоси лоиҳа бинои Раёсат сеошёна буда, бо тарҳи замонавӣ ва унсурҳои муосири шаҳрсозӣ бунёд гардидааст. Бинои нав дар доираи нақшаи чорабиниҳои созандагӣ ба истиқболи ҷашни 35-солагии Истиқлолияти давлатӣ сохта шудааст.

Ба Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иттилоъ доданд, ки бинои Раёсати дастгоҳи марказии Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҳуҷраҳои корӣ, осорхона, маҷлисгоҳи замонавӣ ва дигар инфрасохтори соҳавӣ иборат буда, барои кормандони ин ниҳоди қудратии мамлакат шароити мусоиди фаъолият муҳайё гардидааст.

Маҷлисгоҳи бинои Раёсат 70 ҷойи нишаст дошта, бо нишастгоҳҳои замонавӣ ҷиҳозонда шудааст. Ҳуҷраҳои корӣ бо технологияи информатсионӣ ва дигар таҷҳизоти лозима муҷаҳҳаз гардонда шудаанд. Дар китобхона дар баробари китобҳои соҳавӣ номгӯйи зиёди асарҳои бадеӣ ва рӯзномаву маҷаллаҳо мавҷуданд, ки минбаъд кормандон метавонанд аз он ба таври васеъ истифода намоянд.

Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба шароити бинои навбунёди Раёсати дастгоҳи марказии Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон шинос шуда, ба сифати корҳои анҷомёфта ва фароҳам овардани шароити муносиби корӣ изҳори қаноатмандӣ намуда, кормандонро барои хизмати софдилона ба нафъи давлату миллат ва таъмини амнияти шаҳрвандон ҳидоят намуданд.

Источник: president.tj